logo

порлумон

ИНТИХОБОТ. АВЛАВИЯТ БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН

Интихобот падидаи муҳим ва арзишманд барои демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва ташаккули давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Хушбахтона, халқи шарифи Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишварро (6 ноябри 1994) қабул намуданд, ки дурнамои пешрафти Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд. Дар давлати демократӣ халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, интихобӣ будани мақомоти асосии давлатӣ хусусияти муҳими он мебошад. Интихобот дар низоми демократӣ яке аз муҳимтарин падидаҳоест, ки ифодаи ирода ва иштироки бевоситаи мардумро дар идора кардани давлат таъмин менамояд.
Ба андешаи мо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд функсияи муҳими давлатӣ баҳри огоҳӣ ва пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ равона шудааст, яъне давлат дар симои мақомоти давлатӣ ҳама чораҳоро меандешад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ шаванд. Кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифаи ҳамаи давлатҳои ҷаҳон буда, хусусияти байналмилалиро касб намудааст. Аз мазмуни моддаи 14 Конститутсияи кишвар бармеояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин, ба воситаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Кафолати ҳимояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар ҷараёни интихобот яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Чунки агар ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон самаранок мавриди ҳимояи ҳуқуқӣ қарор нагирад ва шаҳрванд ин ҳуқуқи конститутсиониашро амалӣ карда натавонад, ин боиси нобоварии шаҳрвандон ба ҷараёни интихобот ва натиҷаҳои он мегардад. Ҳуқуқи интихоботӣ ин маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ - конститутсионие мебошад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳамаи иштирокчиёни ҷараёни интихоботро ба танзим медарорад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар ду шакл амалӣ мешавад: “ҳуқуқи интихоботии фаъол - яъне интихобкунанда мувофиқи иродаи худ интихоб мекунад ва ҳуқуқи интихоботии  ғайрифаъол, яъне шаҳрванд номзадиашро барои интихоб шудан пешбарӣ менамояд”.
Ҳимояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои аввалини давлат ба шумор меравад. Ҳуқуқи интихоботӣ яке аз ҳуқуқҳои сиёсӣ-конститутсионии шаҳрвандон буда, ҳифз ва ҳимояи он дар қонунгузории кишвар ба таври дахлдор пешбинӣ гардидааст.
Тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои интихоботӣ ин барқарор кардани ҳуқуқҳои интихоботӣ, манъ кардани амал (беамалӣ) ё бекор кардани қарорҳое, ки ҳуқуқҳои интихоботро поймол мекунанд, инчунин, ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани субъекте, ки бо амал ё беамалиаш боиси вайрон гардидани ҳуқуқи интихоботӣ мегардад, фаҳмида мешавад.
Дар умум, тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон бо тартиби судӣ  ва бо тартиби маъмурӣ сурат мегирад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд ҳимояи судии ҳуқуқу озодиҳояшро  кафолат медиҳад.
Масъалаи мазкур дар моддаи 259-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият меёбад, ки интихобкунандагон, мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо ва прокурор агар чунин шуморанд, ки бо қарор ва амали (беамалии) комиссияҳои интихоботӣ ҳуқуқи интихоботии шаҳрванд вайрон гардидааст, метавонанд ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва ё ба суд бо ариза муроҷиат намоянд.
Мутобиқи қисми 2-и моддаи 19-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст дар муҳлати 10 рӯзи баъд аз қабул шудани қарор аризаи шикоятӣ пешниҳод карда шавад. Ариза (шикоят) баъди расиданаш дар муҳлати 3 рӯз ва агар то рӯзи интихобот камтар аз 6 рӯз монда бошад, бояд фавран баррасӣ шавад.
Агар дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисоби овозҳо ва ё муайян намудани натиҷаи интихобот қонун риоя нашуда бошад ва он барои муайян намудани номзади ғолиб таъсир дошта бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ метавонад интихоботро беэътибор шуморад. Нисбати қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот ба Суди Олӣ дар давоми даҳ рӯз шикоят кардан мумкин аст.
Аз рӯйи натиҷаҳои баррасии ариза ё шикоят комиссияи интихоботӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:
а) дар бораи пурра қонеъ гардондани ариза ё шикоят;
б) дар бораи қисман қонеъ гардондани ариза ё шикоят;
в) дар бораи рад кардани ариза ё шикоят бинобар беасос будан, ҷой надоштани далелҳои эътимоднок ё вайрон кардани муҳлатҳои пешниҳоди арзу шикоят.
Дар мавриди шикоят овардан нисбати қарори комиссияҳои интихоботии поёнӣ комиссияи интихоботии болоӣ ҳуқуқ дорад:
а) қонеъ гардондани шикоятро рад намояд ва қарори комиссияи интихоботии поёниро бетағйир монад;
б) шикоятро қонеъ гардонда, қарори комиссияи интихоботии поёниро бекор намояд.
Барои вайрон кардани ҳуқуқҳои интихоботии субъектони ҷараёни интихобот ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто барои баъзе кирдорҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Дар қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани ҳуқуқи интихоботӣ ҷавобгарии гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ муайян шудааст.
Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар боби 6 аз моддаҳои 57 то 84 як қатор ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷазо барои онҳоро пешбинӣ кардааст, ки баҳри таъмини шаффофияти гузарондани интихобот ва таъмини риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба интихобот равона гардидаанд: масалан, яке аз ҳуқуқҳои аввалини шаҳрвандон дар интихобот ин шинос шудан ба рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихоботии худ мебошад. Тавассути ин амал интихобкунандагон метавонанд дар бораи мавҷудияти номи худ ба руйхат иттиллоъ дарёфт намоянд. Ҷараёни тартиб додани рӯйхати интихобкунандагонро дар интихоботи президентӣ моддаҳои 20-22-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст. Барои вайрон кардани ин ҷараён дар моддаи 57-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст (риоя накардани ҳуқуқи шаҳрванд дар бобати шинос шудан бо рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ). Мутобиқи он, барои аз тарафи шахси масъул риоя накардани ҳуқуқи шаҳрванд дар бобати шинос шудан бо рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ ё дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун баррасӣ накардани аризаи нодурустии рӯйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ ё саркашӣ намудан аз додани ҷавоби асосноки хаттӣ ба шаҳрванд дар бораи сабаби рад намудани ариза дар хусуси даровардани ислоҳ ба рӯйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ ё дар муҳлати муқарраршуда иҷро накардани қарори суд дар бораи ислоҳ кардани рӯйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ, шахсони масъули комиссияи участкавии интихобот ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Яке аз асосҳои таъмини шафофияти интихобот ин дахолат накардан ба кори комиссияҳои интихоботӣ мебошад. Ҷиҳати пешгирӣ аз дахолати шахсони ба комиссия алоқаманд набуда, дар моддаи 58-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (дахолат кардан ба кори комиссияи интихобот ва комиссияи раъйпурсӣ) ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст. Мутобиқи он барои бо истифода аз вазъи мансабию хизматӣ дахолат кардан ба кори комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳояшон, ки қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар намудааст, бо мақсади таъсир расондан ба қарори он, яъне талаб ё супориши шахси мансабдор оид ба масъалаҳои ба қайд гирифтани номзадҳо, шуморидани овози интихобкунандагон ва масъалаҳои дигар, ки ба ваколати истисноии комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ мансубанд, дахолат намудан ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.  
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати таъмини шаффофияти интихобот барои монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ ё ҳисоби нодурустии овоз ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мекунад. Барои монеъ шудан ба шаҳрвандон дар ба амал баровардани ҳуқуқи интихоботиашон ҷазо пешбинӣ мешавад. Моддаи 150 Кодекси ҷиноятӣ ин ҳукуқи конститутсионии шаҳрвандро ҳифз менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор кардани интихоботи президентӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз, иштироки фаъоли шаҳрвандон ва дигар субъектҳо дар ҷараёни интихобот муҳим арзёбӣ шуда, баҳри ояндаи дурахшони давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдат ва амнияти кишвар масъулияти басо бузурги шаҳрвандист.

Азимҷон ҶӮРАЕВ, коршиноси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2020    №: 165    Мутолиа карданд: 1338
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед