logo

порлумон

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН. ТАЪСИСИ ГУРӮҲҲОИ ДӮСТӢ БО ПАРЛУМОНҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон, ҷаласаи навбатии шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар он «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» баррасӣ шуд.
 
Дар ҷаласа пешниҳодҳои вакилон барои ворид шудан ба ҳайати гурӯҳҳои миллии Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, Ассамблеяи парлумонҳои Осиё,  кумитаҳои умумии Ассамблеяи парлумонии САҲА, ҳайатҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи Парлумонии СААД, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ, таъсиси Комиссияи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, инчунин, ташкили гурӯҳҳои ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парлумони  Аврупо, Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, Шӯрои намояндагони Ассамблеяи миллии Баҳрайн, Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия,  Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Риксдаги (Парламенти) Шоҳигарии Шветсия, Парламенти Шотландия, Палатаи обшинаҳои Шоҳигарии Англия, Палатаи намояндагони Австралия,  Шӯрои миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия,  Палатаи намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби аъзои шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба дастгирӣ  ёфт.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои шӯро сухан гуфта, пешниҳоди масъалаҳои мазкурро дар рӯзномаи шӯрои Маҷлиси намояндагон амри зарурӣ ва талаботи замон арзёбӣ намуданд.
Дар ин бора Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар дод.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2020    №: 169    Мутолиа карданд: 3694
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед