logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Ташрифи Сарвари давлат ба хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат”
7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” ташриф оварданд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти тайёр намудани мавиз, ки бо усули махсус сурат мегирад, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки чунин тарзи хушк намудани ангур дар ҳамкорӣ бо деҳқонони ботаҷрибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба роҳ монда шуда, дар кишвар таҷрибаи аввалин ба шумор меравад.
Нахуст, дар оби ҷӯшомада маҳлули ишқор илова карда мешавад ва баъд дар ду хӯшаи ангури бо ҳам пайваст муддати аз 2 то 3 дақиқа дар он нигоҳ дошта шуда, сипас овезон карда мешавад.
Муҳлати тайёр шудани мавиз бо чунин усул аз 10 то 15 рӯзро дар бар гирифта, нигоҳубини махсусро талаб мекунад. Пас аз сипарӣ шудани ин муддат донаҳои мавиз ҷудо карда шуда, дар ҷойи муайян то хушк шуданашон бо усули хос нигоҳ дошта мешаванд.
Бо дарназардошти таҷрибаи аввалин будан, деҳқонон имсол 10 тонна ангури навъи “сиёҳи бе дона” ва “чиликӣ” - ро дар масоҳати 1 гектару 31 садяк замин тайёр намудаанд. Аз ин миқдор ангури овезонкардашуда 2 тонна мавизи хуштаъму босифат ҷамъоварӣ мегардад.    
Ин навъи мавиз бо ду усул - офтобӣ ва соягӣ омода мешавад. Бо дарназардошти иқлим ва шароити мусоиди кишвар заҳматкашони хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” усули офтобиро интихоб намудаанд. Ба ақидаи онҳо мавизи дар офтоб хушк кардашуда назар ба усули соягӣ зудтар омода мегардад ва хуштаъму босифат аст. Ҳангоми тайёр намудани чунин мавиз ягон маҳлули кимиёвӣ истифода намегардад ва он аз лиҳози экологӣ тозаву безарар буда, ҷавобгӯи талаботи бозори ҷаҳонӣ аст.
Ҳадаф аз хушксозии ангур бо чунин тарзу усул ин рақобатпазир гардондани маҳсулоти истеҳсолии ватанӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз ҷараёни бо усули нав хушк намудани ангур дар хоҷагии мазкур, иқдоми соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонда, баҳри тақвият додани он ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки 4 бародар аз оилаи Раҳматуллоевҳо бо маслиҳати падар ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ ба тайёр намудани мавиз бо чунин усул машғул гардиданд.
Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” дорои 2 гектару 75 садяк замин мебошад, ки аз ин беш аз 1 гектару 30 садяки онро масоҳати ангурбоғ ва боқимондаро кишти картошка, бодиринг ва помидор дар бар мегирад. Ба ҳамин тартиб, ҳар қитъа замини хоҷагӣ самаранок истифода шуда, маҳсулоти кишоварзии фаровон истеҳсол мегардад.

Боздид аз “Боғи Сомон”
7 cентябр дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои “Боғи Сомон” дар хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” шинос шуданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунад.
Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020”, татбиқи супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода, имрӯз дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои  деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тарутозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироатҳо ва дигар маводи ниёзи аввал, шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешаванд.
“Боғи Сомон” бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, 1100 нафар саҳмдор дорад.
«Боғи Сомон» яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, кормандони он дорои таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангур мебошанд.
Дар ҷамъбасти соли 2019 хоҷагӣ 4692 тонна маҳсулот ҷамъ оварда, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.
Соли ҷорӣ низ ҳосили фаровон ба даст омада, то имрӯз аз токзор  беш аз 700 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шуд.
Дар “Боғи Сомон” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосили фаровони ангур пешкаш гардид.
Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи «ҳусайнии сиёҳ», «ҳусайнии сафед», «ғалаба», «шоҳона», «пешпазак», «кишмиши сиёҳ», «кишмиши сафед» ва ғайраҳо парвариш мешаванд.
Дар хоҷагӣ сардхонаҳо бунёд ёфта, ғунҷоиши маҳсулот дар онҳо ба 2 ҳазор тонна расонда шуд, ки ба ин васила хоҷагидорон метавонанд қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавоти худӣ ва тарутоза таъмин намоянд.
Роҳбарии хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-ро Маҳмадамин Камолов – писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ шодравон Камол Мадумаров ба уҳда дорад.
Дар хоҷагӣ баробари парвариши намудҳои гуногуни ангур, ба чорводорӣ, аз ҷумла парвариши чорвои калону майда низ, машғуланд. Айни ҳол хоҷагӣ дорои зиёда аз 4800 сар чорвои хурд ва бештар аз 60 сар чорвои калони шохдор мебошад.
Роҳбарияти хоҷагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои хайр ва дастгирии табақаи ниёзманд саҳми муносиб мегузорад.
Дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии коронавирус, хоҷагӣ аз ҳисоби даромади соф ба Фонди хайриявии Тоҷикистон 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ гузаронда, ба беморхонаи марказӣ як мошини муосири ёрии таъҷилӣ туҳфа кард.
Саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаи таълимӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, назаррас аст. Роҳбарияти хоҷагӣ сарпарастии омӯзгорони деҳаро ба уҳда дорад.
Бо бунёди се чоҳи амудӣ сокинони 5 деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд. Бо дастгирии хоҷагӣ сокинон бо таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳоро аз таъмир бароварданд.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон ва боздид аз токзори намунавии хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори пурсамару боровари боғдорон баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки боғдорони шаҳри Турсунзода Неъматҷон Усмонов ва шодравон Камол Мадумаров мактаби махсуси худро доранд ва бо фаъолияти намунавии худ дар парвариши ангур Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ кардаанд. Аз ҷумла, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони як қатор давлатҳои хориҷи дуру наздик аз ин боғҳо боздид намудаанд.
27 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” ва “Ҳоҷӣ Камол” дидан намуданд.
Сарони давлатҳо зимни боздид аз майдонҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар онҳо парвариши навъҳои ангури хуштаъм бо санъати шоистаи касбӣ парвариш меёбанд ва дорои талабгорони зиёд дар бозорҳои минтақа мебошанд, баҳои баланд доданд.
29 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам  Александр  Лукашенко дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти токпарварони хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” ва “Ҳоҷӣ Камол” шинос гаштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко зимни боздид аз ангурбоғи ин хоҷагӣ ба усули парвариши ин навъи меваи хуштаъм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва барои роҳандозии ҳамкориҳо дар ин самт, махсусан бо хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Беларус, таъкид шуд.

Боздид аз “Боғи Ватан”
7 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори хоҷагии деҳқонии “Ватан” шинос шуданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хоҷагӣ соли 2008-ум таъсис ёфта, дорои 28 гектар замин мебошад. Аз ин ҳисоб 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад. Он 18 нафар саҳмдоронро сарҷамъ намуда, дар токзораш 10 намуд, асосан, ангурҳои навъи «ҳусайнии сафед”, “ҳусайнии сиёҳ», “ғалаба”, “шоҳона”, “пешпазак”, “кишмиши сиёҳ» ва «кишмиши  сафед», парвариш мешаванд.
Соли ҷорӣ ҷамъоварии ҳосил беш аз 100 тоннаро ташкил дод.
Имсол дар хоҷагии деҳқонии “Ватан” парвариши навъи нави ангури «президент» ба роҳ монда шуд.
Роҳбари хоҷагии «Ватан»-ро деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъматҷон Усмонов ба уҳда дорад.
Неъматҷон Усмонов муассиси хоҷагии деҳқонии “Неъмат Ҳоҷӣ” буда, роҳбараш писари ӯ Расул Неъматов мебошад.
Хоҷагии деҳқонии “Неъмат Ҳоҷӣ” дар майдони 105 гектар доман паҳн намуда, 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад.
Дар хоҷагӣ, ҳамзамон, дар майдони 4,8 гектар писта парвариш меёбад ва аҳли заҳмати он дар рӯёндани ғалладонагию парвариши чорво низ таҷрибаи ғанӣ доранд.
Деҳқонони хоҷагӣ ангурҳои навъи “ҳусайнӣ”, “ғалаба”, “шоҳона”, “пешпазак”, “кишмиши сиёҳ» ва «кишмиши сафед”-ро шинонда, аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.
Дар токзори хоҷагӣ, ҳамчунин, ба таври таҷрибавӣ навъҳои “чиликӣ” ва “кардинал”, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудаанд, парвариш меёбанд.
Соли ҷорӣ, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, хоҷагӣ беш аз 100  тонна маҳсулоти хушсифатро ба хориҷи кишвар содирот намуд.
Дар хоҷагӣ барои беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳамаи фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тарутоза сардхона бунёд гардида, ғунҷоиши он беш аз 800 тоннаро ташкил медиҳад.
Заҳматкашони хоҷагӣ, ҳамчунин, дар парваришу тайёр кардани ниҳолҳои гуногун таҷрибаи бой доранд.
Дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ беш аз 30 намуди ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш мешаванд.
Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ва ҷиҳати дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат роҳбарияти хоҷагиҳои “Ватан” ва “Неъмат” дар амалӣ кардани корҳои хайру савоб намунаи ибратанд.
Аз ҷониби роҳбари хоҷагӣ ташкилоти хайриявии “Эҳсони Сомониён” таъсис ёфта, сарпарастии 45 нафар ниёзмандро ба уҳда дорад. Сари ҳар вақт аз ҳисоби даромади хоҷагӣ ба онҳо хӯрокворӣ, сарулибос ва пойафзол тақсим мешавад.
Инчунин, хоҷагӣ дар бунёди роҳу пулҳо, корҳои соҳилбандӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ободонии маҳал ва чароғонкунии кӯчаҳо саҳми бориз дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаҳои кори боғдорон шинос шуда, барои парвариши ҳосили хуб, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии шаҳри Турсунзода, анҷоми корҳои хайр ва саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҷрибаи бойи боғпарварии хоҷагӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат самаранок истифода мешавад ва ин боиси рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъсиси садҳо ҷойи корӣ дар кишвар мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2020    №: 171    Мутолиа карданд: 352
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед