logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ва динӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.
Дар паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои азими тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар арсаҳои давлатсозӣ,  рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими пайвастаи  обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами   байналмилалӣ ва минтақавӣ зикр гардидаанд.
Муаллифони барқияҳои табрикотӣ, ҳамчунин, таманниёти самимонаи худро ҷиҳати  сулҳу  субот  ва  шукуфоии  минбаъдаи  мардуми  Тоҷикистон иброз дошта, ба  Сарвари давлати мо некуаҳволӣ ва комёбиҳои беш аз пеш дар фаъолияти сермасъули давлатиашон орзу намудаанд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати Ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимиро қабул фармоед.
Кишвари Шумо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба дастовардҳои муҳим ноил гардида, дар умури минтақавию байналмилалӣ нақши созанда мебозад.
Муносибатҳои Россияву Тоҷикистон дар рӯҳияи иттифоқиву шарикии стратегӣ ба таври фаъол рушд меёбанд. Ҳамкориҳои мо дар самтҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба ва дар чорчӯбаи ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ вусъат ёфта истодаанд.
Бовар дорам, ки афзоиши минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити Россияву Тоҷикистон ба манфиатҳои аслии мардумони дӯсти мо ҷавобгӯ буда, дар маҷрои таҳкими субот ва амнияти Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович саломатии қавию муваффақият ва ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ орзу менамоям”.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ чунин менигорад:
“Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат, мардуми Чин ва, шахсан, аз номи худ ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон таб-рикоти қалбиву  таманниёти беҳтарини худро иброз намоям.
Баъд аз авҷгирии ҳамагирии COVID – 19 Чину Тоҷикистон ба ҳамдигар кумак расонда, саъю талоши худро барои ҳифзи муштараки саломативу ҳаёти мардумони ду кишвар муттаҳид месозанд, ки моҳияти асосии ҷомеаи рушди муштарак ва амниятии Чину Тоҷикистонро инъикос менамояд. Ман итминон дорам, ки Чину Тоҷикистон бо саъю талоши муштарак метавонанд эпидемияро комилан мағлуб созанд.
Аз оғози соли равон мову Шумо аз тариқи муросилоти хаттӣ ва суҳбатҳои телефонӣ пайваста дар тамос буда, оид ба масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар пасманзари  эпидемия мубодилаи амиқи афкор анҷом медиҳем.
Ман ба рушди муносиботи байни Чину Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳам ва тасмим дорам, ки, дар якҷоягӣ бо Шумо, ҷиҳати мунтазам ба сатҳи баландтар баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба нафъи кишварҳову мардумонамон саъю талош намоям.
Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву тавоноӣ ва ба мардуми он саодатмандиву рифоҳ таманно дорам”.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар барқияаш гуфтааст:
“Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти беҳтарини худро ба муносибати таҷлили 29-солагии соҳибистиқлолии миллӣ ирсол менамоям.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари Шумо ҷонибдорӣ мекунад. Ман хоҳони идомаи шарикиамон ҷиҳати мусоидат ба Тоҷикистони демократӣ, босуботу осоишта, ҳамчунин, густариши рушди иқтисодии минтақавӣ мебошам. Изҳори умед менамоям, ки дар ҳоле ки мо ба хотири  таъмини амнияти воқеӣ ва сулҳи пойдор дар Афғонистон, инчунин, суботу худиктифоии он якҷоя кор мекунем, ин шарикӣ танҳо рушд хоҳад ёфт.
Мо минбаъд низ ҷонибдории худро ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар муборизаи дастаҷамъона бар зидди COVID-19 ва дар роҳи барқарорсозии иқтисодиёт, идома хоҳем дод.
Мутмаинам, ки ҳамкориҳои  ду кишвари мо дар солҳои оянда низ идома хоҳанд ёфт”.

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Иҷозат фармоед, ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти гарми инҷонибро изҳор намоям.
Ҳар як узви Созмони Милали Муттаҳид дорои фарҳангу таърихи нодири худ мебошад ва рангорангии онҳо созмон ва ҷаҳони моро ғанӣ месозанд. Иштироки кишвари Шумо дар ҳамаи ҷанбаҳои рӯзномаи байналмилалии фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид фавқулода муҳим аст.
Имсол, дар Даҳсолаи аввали дастрасӣ ба Ҳадафҳои соҳаи рушди устувор мо бояд сатҳи иддаоҳоямонро дар ҷодаи эъмори ҷаҳонишавии одилона, ки ба нафъи ҳамагон равона шудааст, баланд бардорем ва дар мубориза бо тағйирёбии иқлим чораҳои қатъӣ андешем.
Дар ин кӯшишҳои муштаракамон ҷиҳати дастёби ба олами ҳарчи бештар осоишта, одилона ва сулҳи устувори ҳамагонӣ ман ба саҳм ва мусоидати Ҷумҳурии Тоҷикистон умед мебандам.
Ҷаноби Олӣ, итминони маро ҷиҳати олитарин эҳтиромоти фоиқаам ба Шумо қабул фармоед”.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Иҷозат фармоед аз номи мардуми гуногунқавми Ӯзбекистон ва, шахсан, аз номи худ Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик намоям.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Шумо дар Тоҷикистон ислоҳоти муҳиму фарогир дар ҳамаи соҳаҳо татбиқ гаштанд. Сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас баланд гардида, дар кишвар корҳои бузурги созанда амалӣ шуда истодаанд.
Обрӯ ва нақши афзояндаи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси хушнудии хосаи мост. Аз ҷумла, бо ташаббуси Шумо эълон гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва раёсати муваффақонаи кишваратон дар Машварати  ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мисоли равшани он мебошанд.
Тайи солҳои охир, дар натиҷаи саъю талошҳои муштарак, муколамаи кушоду дӯстона ва тавофуқоти мушаххасамон бародарии чандинасра, ҳамҷавории нек ва дӯстии абадии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав – шарикии стратегӣ барварда шуданд.
Мо шодем, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба рӯ ба афзоиши босуръат ниҳода, лоиҳаҳои ояндадори инвеститсионӣ татбиқ мегарданд, равобити мо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва муносиботи байни минтақаҳоямон, хусусан пойтахтҳоямон, тавсеа ёфта истодааст.
Бовар дорам, ки чорабиниҳои васеи дарпешистода бо иштироки сарвазирони мо, табодули фарҳангиву гуманитарӣ, бешак, барои ташаккули рӯзномаи нави муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва омодагии ҷиддӣ ба мулоқотҳои муштараки сатҳи олии минбаъдаамон заминаи устувор фароҳам хоҳанд сохт.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо – бародари азизам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавӣ, саодатмандии оилавӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон дастовардҳои нав, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ ва рушди устувор таманно дорам”.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:
“Муҳтарам  Эмомалӣ Шарифович!
Шумо ва дар симои Шумо тамоми сокинони Тоҷикистонро ба муносибати Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ сидқан табрику муборакбод менамоям.
Кишварҳои мо усули дӯстӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобиларо дастури амал қарор дода, ҳамкориҳояшонро дар ҳамаи самтҳо босуръат рушд дода истодаанд. Муколамаи сиёсӣ фаъолона пеш бурда мешавад, лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ бомуваффақият татбиқ мегарданд, ҳамкориҳои созанда дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ тавсеа меёбанд.
Муътақидам, ки муносибатҳои шарикии байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам бар нафъи мардумони мо таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович сиҳатмандии бардавому фаъолияти самарабахш дар маснади олии давлатӣ ва ба ҳамватанони Шумо сулҳу субот таманно намоям”.

Дар табрику таҳнияти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ чунин омадааст:
“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Фаро расидани бисту нуҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми кишваратон самимона табрик мегӯям.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора алоқаманд ба густаришу таҳкими ҳарчи бештари муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон дар ҳамаи арсаҳои дуҷониба ва чандҷониба аст. Дар шароити кунунии ҳосил аз буҳрони ҷаҳонии коронавирус низ зарур аст масъулони ду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳо ба манзури рафъи мушкилоти иқтисодии минтақа ва интиқоли таҷрибаҳо дар заминаи муқобила бо ин беморӣ, талош ва саъйи бештаре бо якдигар дошта бошанд.
Умедворам, дар партави ҳусни тафоҳум ва талоши муштарак, шоҳиди густариши беш аз пеши равобити дуҷониба дар ростои манофеи мутақобил ва, ҳамчунин, таҳкиму тавсеаи сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бошем.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб ва иззату сарбаландии мардуми Тоҷикистонро орзу дорам”.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Бароям боиси сарфарозии азим аст, ки табрикоти гарму самимии худро унвони Шумо – Ҷаноби Олӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол  дошта бошам.
Тоҷикистон ва Покистон аз робитаҳои самимӣ ва бародарона, ки дар заминаи эҳтиром ва эътимоди тарафайн сурат мегиранд, бархӯрдор мебошанд. Покистон ба таҳкими минбаъда ва гуногунрангии ин муносибот баҳри манфиати ду халқи ба ҳам бародари мо мароқи устувор дорад. Мутмаинам, ки мо дар ҳамкории якҷоя дар солҳои минбаъда низ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи наҷибамон  талош  варзида,    муносиботи олии мавҷудаи дуҷонибаамонро ҳарчи бештар таҳким хоҳем бахшид.
Аз лаҳзаи муносиб истифода намуда, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, хушбахтӣ, некуаҳволӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон бошад, идомаи пешрафту комёбиҳоро орзу менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ эҳтироми хоса ва олии маро бипазиред”.

Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси зимни табрикоти худ овардааст:
“Табрикоти самимиро ба муносибати Иди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қабул фармоед.
Тоҷикистон дар ҷодаи таҳкими соҳибихтиёрӣ, амнияти худ ва дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ собитқадамона пеш меравад. Итминон дорам, ки зери роҳбарии Шумо кишваратон ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил гардида, ба давлати тараққиёфтаву шукуфо табдил хоҳад ёфт.
Муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон намунаи равшани равобити дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд мебошанд. Бовар дорам, ки ҳамкориҳои ду кишвар ба марҳалаи дар таърих наву беназир ворид гардида, дар рӯҳияи шарикии ҳамаҷониба рушд хоҳанд кард.
Аз ин фурсати фараҳбахш истифода бурда, ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович саломатии қавию дастовардҳои бузург ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ хоҳонам”.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Таманниёти сидқии моро ба муносибати Рӯзи  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тайи солҳои соҳибихтиёрӣ саҳифаҳои таърихи давлатдории кишвари Шумо бо дастовардҳо ва рӯйдодҳои намоён ғанӣ гардид.
Таҳти роҳбарии самарабахши Шумо Тоҷикистон таҳаввулоти хело ҳам муҳимро, ки ба таъмини рушди босубот, навсозии иқтисод ва баланд бардоштани обрӯву мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудаанд, дар амал татбиқ кард.
Дар Қазоқистон аз дастовардҳои Тоҷикистони бародар сидқан хушнуданд ва ба таҳкими дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни кишварҳои мо аҳамияти бузург медиҳанд.
Бовар дорам, ки муколами сиёсии сатҳи олии мо дар оянда ҳам ҳамчун заминаи мустаҳкам барои таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон хидмат хоҳад кард.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович дар фаъолияти давлатиатон дастовардҳои навин ва ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам”.

Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон ва, шахсан, аз номи худ ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми кишваратон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.
Боиси хушнудист, ки дастовардҳои кишвари Шумо, ки ба онҳо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гаштаед, инчунин, сатҳи баланди рушди муносибатҳои барои ҷонибҳо судмандро, ки байни кишварҳои мо барқарор шудаанд, зикр намоям. Итминони қавӣ дорам, ки садоқати Туркманистону Тоҷикистон ба рушди минбаъда ва таъмиқи муколамаи байнидавлатӣ ҷавобгӯи манфиатҳои ду мардум мебошад.
Бо истифода аз имкони фароҳамомада ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович саломатии бардавом, саодатмандиву рифоҳ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва   шукуфоии рӯзафзун таманно дорам”.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков  чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон ва, шахсан, аз номи худ Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик менамоям.
Аз рӯзи ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Мутмаинам, саъю талошҳои мо, ки ба рушди муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон равона шудаанд, ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманди байни ду давлат такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Бовар дорам, ки мо метавонем тамоми имкониятҳоро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафҳои гузошташуда барои ояндаи саодатмандона ва ҳаёти осоиштаи мардумони бародарамон мавриди истифода қарор диҳем.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ба аъзои оилаатон саломатии бардавому  хушбахтӣ ва дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам”.

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати таҷлили иди миллии кишвар – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ сидқан табрик менамоям.
Мо аз таҳкими соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистони дӯст, дастовардҳои он дар соҳаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд гардидани обрӯву мақоми он дар арсаи байналмилалӣ изҳори хушнудӣ менамоем.
Кишварҳои моро муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳам мепайванданд. Бовар дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо, ки ба усули эътимод  ва дастгирии мутақобила асос ёфтаанд, мутобиқ ба орзуву ормонҳои мардумонамон минбаъд ҳам густаришу таҳким хоҳанд ёфт.
Мехоҳам ҳамдилии мардуми Озарбойҷонро бо мардуми дӯсти Тоҷикистон дар мубориза бо ҳамагирии COVID – 19, ки тамоми дунё ба он дучор гардидааст, таъкид намоям.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзи фирӯз ба Шумо ҳамаи хушиҳо ва ба Тоҷикистон некуаҳволиву шукуфоӣ хоҳонам”.

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон чунин омадааст:
“Ҷаноби Президент!
Ман Шуморо ба муносибати Иди миллии Тоҷикистон аз самими дил муборакбод мегӯям.
Ман, сидқан, бовар дорам, ки чораҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҳамагирии COVID-19 ва маҳдуд кардани оқибатҳои иқтисодии он самараи худро хоҳанд дод. Шумо метавонед дар оянда ҳам ба омодагии Франсия ҷиҳати мубодилаи таҷрибаи худ бо Тоҷикистон ва сафарбар намудани кумаки байналмилалӣ ба нафъи он итминон дошта бошед.
Ва ба азми қотеонаи ман ҷиҳати татбиқи он самтҳое, ки мо аснои сафари Шумо 9 ноябри соли гузашта ба Франсия, хусусан дар соҳаҳои саноат, амнияти ҳавопаймоӣ, инчунин, сарчашмаҳои таҷдидшавандаи неруи барқ, тандурустии ҷамъиятӣ ва савдои чакана муайян карда будем, мутмаин бошед.
Ҷаноби Президент, лутфан, итминони маро ҷиҳати эҳтироми амиқ ба Шумо ва хотироти неки инҷониб қабул фармоед”.

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар барқияаш навиштааст:
“Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми тоҷик таманниёти самимиамро ирсол менамоям.
Ҳамагирии COVID – 19, ки дар пеши мо вазифаҳои бузург мегузорад, имрӯз бори дигар муҳимияти ҳамкориҳои созандаи байналмилалиро таъкид менамояд. Дар ин айёми мураккаб Олмон минбаъд ҳам, чи дар доираи амалисозии стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ  ва чи дар самти ташаббуси нави «Осиёи Марказии сабз» дар соҳаи  иқлим ва амният  шарики муътамади Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Шахсан ба Шумо ва мардуми тоҷик тамоми хушиҳо ва сулҳу некуаҳволиро хоҳонам”.

Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар номаи шодбошии худ чунин менигорад:
“Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати Ҷашни миллӣ ба Шумо ва ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Италия ва, шахсан, аз номи худ беҳтарин таманниётро ирсол менамоям.
Дар қаринаи ҳарчи бештар шудани таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Италия ба Осиёи Марказӣ, Душанбеву Римро муносибатҳои самимонаи дӯстона, ки асоси мустаҳками муносибатҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла дар чорчӯбаи ҳамкориҳои бисёрҷониба мебошанд, бо ҳам мепайванданд.
Бо ин манзур, таманниёти самимии худро ҷиҳати накуаҳволии Шумо ва шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон изҳор менамоям”.

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро, шахсан, аз номи худ ва аз номи мардуми Туркия аз самими қалб табрик менамоям.
Итминони комил дорам, ки бо кӯшишу талошҳои якҷоя муносибатҳои наздику дӯстонаамонро, ки аз арзишҳои муштараки мардумонамон сарчашма мегиранд, минбаъд низ густариш дода, ба арсаҳои боз ҳам баландтар мебардорем.
Бо истифода аз фурсат таманниёти беҳтарини хешро баҳри тансиҳативу хушбахтии Ҷаноби Олӣ ва беҳбудиву осудаҳолии мардуми дӯсти Тоҷикистон баён менамоям”.

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин дар барқияаш навиштааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон самимонатарин таманниёти худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ арз менамоям.
Дар Сиёсати Нави Шимолӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мо татбиқ мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики муҳим ва дӯсти арзишманди мо, ки метавонад ба сулҳу шукуфоии умум дар қитъаи АвруОсиё мусоидат намояд, муайян шудааст. Ман умед дорам, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон, ки бар асоси  дӯстиву ҳамкорӣ барқароранд, бо самтгирӣ ба оянда минбаъд ҳам бар нафъи ҷонибҳо амиқ гардида, инкишоф хоҳанд ёфт.
Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо бемории сироятии COVID – 19 мубориза бурда истодааст, мо аз ҳамкории зичи кишварҳоямон дар соҳаи гуманитарӣ изҳори хушнудӣ мекунем. Таманнои онро дорам, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо буҳрони марбут ба паҳншавии COVID – 19-ро ҳарчи зудтар пушти сар намояд.   
Ҷаноби Олӣ, лутфан, таманниёти самимии инҷонибро ҷиҳати сиҳатмандиву комёбиҳои Шумо, ҳамчунин, рушди бепоёни  Тоҷикистон қабул фармоед”.

Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Боиси хушнудист, ки Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлолӣ дар роҳи давлатсозӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Итминон дорам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонае, ки байни кишварҳои мо вуҷуд доранд, минбаъд низ ба таъмиқи ҳамкории мутақобилан судманди Арманистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ба манфиати халқҳоямон мусоидат хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва некуаҳволӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
«Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Масаррат дорам ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон самимонатарин маротиби табрикоти хешро ба муносибати фаро расидани солрӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми бародари он кишвар иброз намоям. Хушҳолам, ки равобит ва ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо дар натиҷаи манофеи муштарак густариши мазид ёфтааст.
Ҷалолатмаоб Раисҷумҳур,суҳбат ва табодули назар болои тақвияти робитаҳо ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо, ки дар ҳафтаи гузашта аз тариқи телефон сурат гирифт, сабаби хушии ман гардид. Ҳимоят ва пуштибонии давлати Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ ва хадомоти марбут ба он ки аз сӯи давлати Афғонистон рӯи даст гирифта шудааст, барои мо хеле ҳам аҳамият дорад. Ман аз итминони Шумо дар ин замина, як бори дигар изҳори миннатдорӣ менамоям.
Зимни орзуи тавсеа ва таҳкими ҳарчи бештари равобит ва ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо сиҳат ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва саодату тараққии бештари мардуми бародари Тоҷикистонро хоҳонам».


Дар табрикномаи Императори Япония Наруҳито чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бисёр хушҳолам, ки ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ҷиҳати хушбахтии Шумо ва некуаҳволии мардуми кишвари Шумо ирсол менамоям».



Дар паёми шодбошии Президенти федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли мамнуният табрикоти самимона ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ирсол менамоям.
Бо истифода аз фурсат, дар айёми кунунии хавотирангез, ба Шумо, пеш аз ҳама, тансиҳатии комил ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили дар барқияи худ чунин менигорад:
«Ҷаноби Олӣ!
Лутфан, табрикоти самимии инҷонибро ба муносибати  Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Бо камоли мамнуният мехоҳам таъкид намоям, ки асоси муносибатҳои миёни Гурҷистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро усули дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар ташкил медиҳад. Изҳори итминон менамоям, ки мо метавонем ҳамкории дуҷонибаамонро дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак рушд бахшем.  
Бо истифода аз фурсат ба Шумо дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям».

Дар табрику таҳнияти Подшоҳи Испания Филиппи VI чунин омадааст:
«Ҷаноби Президент!
Ман дар якҷоягӣ бо Ҳукумат ва мардуми Испания мехоҳам табрикоти самимонаи инҷонибро ба муносибати Ҷашни Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ арз намоям.
Лутфан, Ҷаноби Президент, беҳтарин таманниёти маро  бо орзуҳои некуаҳволӣ ба шахсияти Шумо ва сулҳу шукуфоӣ барои мардуми гиромии Тоҷикистон қабул фармоед».


Генерал-губернатори Канада Ҷули Пайетт дар барқияаш гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Боиси хушнудии инҷониб аст, ки аз номи мардуми Канада Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишваратон табрик менамоям.
Канада муносибатҳои худро бо Тоҷикистон муҳим арзёбӣ менамояд. Суҳбати телефонӣ миёни вазирони корҳои хориҷиамон, ки чанде пеш доир гардида буд, инчунин, ҳамкорӣ дар самти идораи захираҳои об, аз ҷумла нишасти кории «Канада – Осиёи Марказӣ» дар мавзӯи об дар соли 2019, далели ин гуфтаҳост. Мо перомуни ғояи таҳкими муносибатҳои дуҷонибаамон дар ин ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ, бахусус тағйирёбии иқлим ва ҳамкории бисёрҷониба, содиқ мемонем.
Канада муҳимияти шарикии зичро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳамагирии COVID – 19, таъкид менамояд. Расондани кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо паҳншавии  вирус тавассути Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар боиси хушнудии мост. Бо инобати тадбирҳои вокунишии ҷаҳонӣ, Канада ҳамроҳ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷамайка 28 майи соли равон чорабинии сатҳи баландро даъват намуд ва дар он  мушаххасоти масъалаи маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва рушд дар шароити ҳолати фавқулода, ки бинобар COVID – 19 ба миён омадааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ман хоҳони истифодаи имконоти оянда баҳри идома додани муносибатҳоямон мебошам.
Дар робита ба ин, лутфан, таманниёти неки инҷонибро қабул фармоед».

Шоҳи Малайзия Ас-Султон Абдулло Риъятуддин ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал-Марҳум Султон Аҳмад Шоҳ ал-Мустаин Биллоҳ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ҳамроҳ бо Малика Раҷа Пеймайсури Агонг ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистон самимитарин ва гармтарин таманниёти худро ба муносибати Ҷашни 29-солагии  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иброз медорем.
Мо, сидқан, умед дорем, ки бо пешвоии тавонои Ҷаноби Олӣ равобити зичи ду кишвари бо ҳам бародари мо минбаъд ҳам рушду инкишоф хоҳанд ёфт.
Таманно дорем, ки Аллоҳи таоло ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистон сиҳатмандии комил ва сулҳу шукуфоӣ ато фармояд».
Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Шуморо, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз номи мардуми Муғулистон ва, шахсан, аз номи худ ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Итминон дорам, ки муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Муғулистону Тоҷикистон дар оянда ҳам ба нафъи мардумонамон рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо – Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому беҳтарин таманниёт ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ орзу менамоям».

Генерали мустаъфӣ, Сарвазири Таиланд Прают Чан-Оча дар номааш гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Шарафёбам аз номи Ҳукумати Шоҳигарии Таиланд ва мардуми он ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимона ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.
Итминон дорам, ки равобити дӯстона ва ҳамкории  мавҷудаи  байни кишварҳои мо минбаъд  ҳам ба нафъи ҳар ду кишвар ва мардумонамон таҳким хоҳанд ёфт.
Ҷаноби Олӣ, лутфан, таҷдиди ғояти эҳтиромоти фоиқаи маро қабул фармоед».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Мехостам табрикоти беҳтарини худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо таҳвил намоям.
Муносибатҳои хуб ва эътимоднок миёни ду кишварамон ба мо имкон доданд, то масъалаҳои муҳими ҷаҳониро дар якҷоягӣ баррасӣ намоем. Ман омодагии худро ҷиҳати идомаи ин ҳамкорӣ баён менамоям. Аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳам бори дигар уҳдадории Швейтсарияро ҷиҳати дар сатҳи хуб нигоҳ доштани робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намоям.
Аз номи Ҳукумати федералӣ мехостам ҳисси якдилии моро дар замони буҳрони санитарӣ баён намоям.
Ба Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтӣ, шукуфоӣ ва муваффақиятҳоро орзу менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ,  ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Полша Анджей Дуда чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон самимитарин табрикот ва беҳтарин таманниёти худро мерасонам.
Ба кишвари Шумо, шахсан ба Шумо ва тамоми сокинони Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ ва дар бунёди ҷомеаву давлати муосир муваффақият хоҳонам.
Инчунин, Ҷаноби Президент бо ибрози олитарин эҳтиромот ба Шумо муваффақият, саломатии қавӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:
«Бародари муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худованд ҳифзатон кунад!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи миллат ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва, шахсан, аз номи худ самимона табрику муборакбод менамоям.
Ба Шумо – Ҷаноби Олӣ саломатию саодатмандии бардавом, ба Ҳукумат ва мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зойид оли Наҳаён омадааст:
«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо хушнудӣ ва шарафмандии бузург Шуморо бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва саодат, инчунин, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Тоҷикистон рушду нумӯи минбаъда таманно дорам!
Эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред!».

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов чунин омадааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимии маро бипазиред.
Баъд аз интихоби таърихии роҳи бунёди давлати мустақил, мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо тавонист, ки дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ ба ҳадафҳои стратегии пешорӯдоштааш ноил гардад.
Тоҷикистони имрӯза соҳиби истиқлолияти энергетикӣ буда, мушкилоти коммуникатсиониро муваффақона пушти сар намудааст ва бо бовар масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва, дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодиро ҳал карда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати муассиси Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар силсилаи сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазовореро ба даст оварда, ба омили муассири таъмини амнияту субот, мутаносибӣ ва рушди устувори макроминтақаи худ табдил ёфтааст.
Вазъияти мураккаби муосир зарурати ҳамкории ҳамоҳангшудаву васеъро ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатароти нав бори дигар тасдиқ намуд.
Бо бовар метавон гуфт, ки Тоҷикистон, пеш аз ҳама, вобаста ба саҳми худ дар Созмони ҳамкории Шанхай, ҷиҳати дастгирии сулҳу тараққиёти минтақа нақши муҳим мебозад.
Иҷозат диҳед, бо истифода аз имкони бадастомада, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ саломатии қавӣ ва дар фаъолиятатон муваффақиятҳои беандоза ва ба мардуми бародари тоҷик накуаҳволиву шукуфоӣ орзу намоям».

Подшоҳи мамлакати Баҳрайн Ҳамад бин Исо оли Халифа дар номааш гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Сарафрозам ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, ба намояндагӣ аз мардуми Шоҳигарии Баҳрайн, беҳтарин таманниёти атрогини худро ба муносибати таҷлили Иди Истиқлолияти давлатии кишваратон ирсол намоям.
Бо истифода аз ин фурсат, шахсан ба Шумо – Ҷаноби Олӣ тандурустӣ ва бахту саодати бардавом ва ба мардуми кишвар таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо пешрафт ва шукуфоии рӯзафзунро орзу менамоям».

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV дар барқияаш гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати Ҷашни 29-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гармтарин табрикоту шодбошиҳои худро иброз медорам.
Бори дигар азми қавии Имомати Исмоилӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушдро ҷиҳати дастгирии иқдом ва ҳадафҳое, ки Ҳукумати Шумо дар бобати шукуфоии иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ, ҳамчунин, фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои тамоми мардуми кишвари бузурги Шумо эълом намудааст, тасдиқ менамоям.
Барои сулҳу субот  ва шукуфоии Тоҷикистон дуо мекунам ва ба Шумо – Ҷаноби Олӣ орзуҳои накуи бародарона ва эҳтироми бепоёни худро изҳор менамоям».

Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш Муҳаммади VI  Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ, бародари азизам!
Ба муносибати рӯйдоди фархунда – солгарди Истиқлолияти давлатии кишваратон ба Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон табрикоти гарму самимонаи худро ирсол медорам.
Ҳамчунин, ба Шумо аз муносибатҳои байни кишварҳоямон, ки бар бародарию ҳамбастагӣ асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ мекунам.
Шуморо мутмаин месозам, ки минбаъд низ барои таҳкими ин муносибатҳо ва баланд бардоштани ҳамкории дуҷонибаамон то ба сатҳи ормонҳои ду халқи бародарамон якҷо бо Ҷаноби Олӣ кор мекунем.
Лутфан, Ҷаноби Президент, бародари азиз, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Попи Рум Франсиск зимни табрикоти худ овардааст:
«Таҷлили Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман имкон фароҳам меорад, ки табрикоти самимии худро ба Шумо расонда, барои Шумо ва ҳамватанонатон саодатмандиву шукуфоӣ орзу намоям.
Бо истифода аз  фурсати фараҳбахш, мехоҳам ҳамдилии худро бо кишвари Шумо, ки имрӯзҳо дар роҳи мубориза бо ҳамагирии COVID – 19 ва таъсири оқибатҳои манфии он ба ҳаёту накуаҳволии ҳамаи шаҳрвандон қарор дорад, таъкид намоям.
Аз Худованди Қодиру тавоно масъалат дорам, ки ба Шумо дар бунёди миллате, ки ҳар фарди он посдори  сулҳу ваҳдат аст, мададгор бошад.
Аз самими қалб дуо мекунам, ки Худованди мутаол баракоти фаровони худро ба Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон ато фармояд».


Дар барқияи табрикии Шоҳи Шведсия Карл XVI Густав навишта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимона ва беҳтарин таманниёти маро ҷиҳати  некуаҳволӣ ба Шумо ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед».


Президенти Эстония Керсти Калюлайд дар паёми шодбошии худ зикр мекунад:
«Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимии худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати Иди миллӣ мерасонам.
Ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ ва некуаҳволӣ орзумандам.
Умедворам, ки ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии тарафайн мебошанд, ба зинаи боз ҳам баландтар рушд хоҳанд ёфт.
Суханони дастгирии маро ба мардуми Тоҷикистон бинобар  ҳамагирии COVID – 19  қабул фармоед.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред».


Дар табрикоту таҳнияти Президенти Юнон Катерина Сакелларопулу чунин омадааст:
«Ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатии кишваратон, аз номи мардуми Юнон ва аз номи худ ба Шумо табрикот ва таманниёти самимии некуаҳволии мардуми Тоҷикистон ва шахсан Шуморо мерасонам».


Генерал - губернатори Австралия Дэвид Хёрли дар номаи табрикотии худ навиштааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати таҷлили Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон таманниёти неки худ, Ҳукумат ва мардуми Австралияро мерасонам.
Имрӯз, вақте кишварҳои саросари ҷаҳон талошҳои худро барои ҳалли мушкилоти марбут ба COVID – 19 муттаҳид менамоянд, ҳамбастагии байналмилалӣ беш аз пеш муҳим мебошад.
Иҷозат фармоед, изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳои мо минбаъд низ рушд хоҳанд кард».

Капитан - регентҳои (роҳбарони) Ҷумҳурии Сан - Марино ҷаноби Алессандро Манчини ва хонум Гратсия Тсафферани зимни табрикоти худ овардаанд:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Сан-Марино ва аз номи худ таманниёти беҳтаринамонро ба Шумо – Ҷаноби Олӣ ва мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон иброз медорем.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ изҳори ғояти эҳтиром ва орзуҳои самимии моро ҷиҳати некуаҳволии шахсии Шумо, рифоҳ ва пешрафту шукуфоии мардуми Тоҷикистон қабул фармоед».

Президенти Алҷазоир Абдулмаҷид Теббун дар барқияаш гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни Истиқлолияти давлатии хешро таҷлил менамояд ва ба ин муносибат бо камоли сарфарозӣ шахсан аз номи худ, Ҳукумати кишвар ва миллати Алҷазоир ба Шумо – Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманниёти самимонаи хешро изҳор намуда, бароятон саломатии бардавом ва саодатмандӣ ва ба миллати дӯсту бародари Тоҷикистон пешравӣ ва рушди сулҳу амнияти комилро таманно менамоям.
Ҳамзамон, бо истифода аз ин фурсати муносиб, омодагии хешро баҳри ҳамкории мутақобил бо Шумо дар густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстиву бародарӣ, ки ҷиҳати муттаҳидии Алҷазоиру Тоҷикистон ва инкишофи равобити судманди ду кишвар дар тамоми соҳаҳо саҳм мегузоранд ва ҳифзи манфиатҳои муштараки мардуми бародари ду кишварро дар расидан ба ҳадафҳои созанда таъмин менамоянд, арз медорам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ эҳтироми фоиқаи маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Словакия Зузана Чапутова зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Словакия ва, шахсан, аз номи худ Шуморо бо иди миллии кишваратон – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ  табрик мегӯям.
Бо хушнудӣ муносибатҳои неки Словакия ва Тоҷикистонро зикр менамоям ва итминон дорам, ки онҳо минбаъд низ ба манфиати шаҳрвандони ҳар ду кишвар густариш меёбанд. Бо назардошти мушкилоти ҷаҳоние, ки мо ҳамчун ҷомеаи байналмилалӣ дучор меоем, ҳамкории мутақобила беш аз пеш муҳим мегардад.
Муҳтарам Ҷаноби Президент, бо истифода аз фурсати муносиб, ба кишвари Шумо ва ба тамоми шаҳрвандони он субот, шукуфоӣ ва рушди муваффақонаи демократиро таманно менамоям».

Дар паёми табрикотии Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос омадааст:
«Боиси хушнудист, ки Шуморо Ҷаноби Олӣ ва дар симои Шумо Ҳукумати Шумо ва тамоми мардуми бародари тоҷикро аз номи Давлати Фаластин, мардуми он ва, шахсан, аз номи худ ба муносибати фарорасии Иди Истиқлолияти давлатӣ сидқан муборакбод намоям. Ба кишвар ва халқи Шумо баракату гулгулшукуфоиро таманно менамоем.
Ба муносибати ин иди пуршараф ташаккури бародаронаи худро барои дастгирӣ ва мавқеи устувор ва одилонаатон нисбат ба мушкилоти мо барои ба даст овардани ҳуқуқҳои шаръӣ барои озодӣ ва истиқлолият эҳтиромона иброз медорем.
Лутфан, таманниёти беҳтарини моро қабул намоед. Хоҳони онем, ки Шумо, кишвари Шумо ва халқи ба мо бародари тоҷик доимо саломат ва хушбахт бошед ва робитаҳои мустаҳками таърихӣ ва бародаронаи мо минбаъд низ густариш ёбанд».

Президенти Ҷумҳурии Демократӣ - Сотсиалистии Шри-Ланка Готабая Раҷапакса дар табрикоти худ гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бароям шараф аст, ки аз номи Ҳукумат ва мардуми Шри-Ланка Шумо – Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон тамоми хушиҳоро таманно менамоям.
Шри-Ланка ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои бардавомро бар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба роҳ мондаанд.  Мутмаинам, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи мо боз ҳам густариш меёбанд.
Ҷаноби Олӣ, хоҳиш менамоям, ки эҳтироми волои маро бипазиред ва ба Шумо саломатӣ ва рафоҳ таманно мекунам».

Намояндаи махсуси Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман дар табрикоти худ гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед, аз номи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ ва, шахсан, аз номи худ Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрик гӯям!
29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рушди бемайлони кишвар, татбиқи дигаргуниҳои демократӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мутобиқи афзалиятҳои дарозмуддати рушди давлат, инчунин, таҳкими амният ва соҳибихтиёрӣ таҷлил карда мешавад.
Бояд болоравии нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ, ки ҷонибдори муколамаи ошкоро ва созанда ҳам бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамгироӣ бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид мебошад, тазаккур дод.
Маркази минтақавӣ ҳамкории мавҷударо бо роҳбарияти Тоҷикистон дар самти истифодаи иқтидори дипломатияи боздоранда, ки ба таҳкими сулҳу амният дар минтақа ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди устувор мусоидат мекунад, баҳои баланд медиҳад.
Муҳтарам Ҷаноби Президент, иҷозат диҳед, ба Шумо саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар мансаби олии давлатӣ муваффақиятҳои минбаъда ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу рифоҳ таманно намоям!».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2020    №: 172    Мутолиа карданд: 231
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед