logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ РАВШАННАЗАР ВА РОҲНАМОИ РАВШАНГУҲАР

Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз дар баробари дигар халқиятҳои ҷумҳурияҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар даҳаи охири ҳазорсолаи дувум истиқлолияташро ба даст овард. Аммо хоинони фурсатталабу ҳарифони кисабур бо такя ба дасисабозиҳои гурӯҳҳои фитнаамалу иғвоангез ва бо истифода аз содадилии мардум кишварро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Хатари нобудшавии мамлакату аз харитаи дунё нопадид шудани давлати тоҷикон рӯз ба рӯз эҳсос мегардид. Мардуми азияткашида роҳи ҳалли масъала ва аз ин варта халос шуданро  вобасту пайваст ба сарвари хирадманду роҳбари дурандеш медонист. Хушбахтона, бахт ба рӯйи миллати тоҷики худогоҳ хандид ва зулмат ба рӯзҳои офтобиву шабҳои маҳтобӣ мубаддал гашт.
Дар он лаҳзаҳои ҳалкунандаи басо ҳассос ҳаводорону ҳавохоҳони лаҷоми роҳбарияти Ҳукуматро ба даст гирифтан зиёд буданд, аммо қасдашон бо истифода аз бетартибиву парешонӣ ноҳушмандона давлатманд шудан буду бас. Ҳамчунин, шахсиятҳои хайрхоҳу некандеши сарҳисоб низ кам набуданд, ки сарҷамъиву хушоқибатии халқу миллатро сидқану беғаразона хоҳон буданд, аммо дар он рӯзҳое, ки огоҳдилон ҷилои Ватан кардаву миёни мардуми бозмонда шикаставу сутуни давлатдорӣ ду ним шуда буд ва ба замми инҳо дар дасти ҳар риштунук силоҳ ҷилва медод, аз хавфи ҷону пайвандон қудрати ҷуръату тавони бебокӣ барояшон бегона шуда буд.  Хушбахтона, оҳи мазлумон ба даргоҳи Худованд расид ва иҷобат аз даргоҳи Ҳақ ба истиқболашон омад. Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои сахту душвор ба ҳайси қосиди сулҳ бо азму нияти қавӣ ва иродаи маҳкам бо шиори «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам» олиҳимматонаву ҷавонмардона ҳифозати миллату ҳимояти мардумро бар дӯш гирифтанд. Чеҳраи нуронӣ, виқори олигуҳарона, баёни ҳакимона ва дилсӯзиҳои падарона аз дақиқаҳои нахустини сарварии мамлакатро бар уҳда гирифтан, шаъну шавкаташонро бамаротиб афзуданд. Мардум ба некниятиву содиққавлии ӯ эътимод бастанд.  Роҳбари давлати навбунёд  бо истифода аз фаросати азалӣ ва дипломатияи хоси худ  тавонистанд  мухолифинро паси  мизи музокирот  нишонад. Оламиён ҳоло ҳам дар ҳайратанд, ки  чӣ тавр  тоҷикон   тавонистанд аз вартаи ҳалокати  аниқ наҷот ёбанд  ва шартномаи истиқрори   сулҳро  ба имзо расонанд, бо ҳама  кӯшишҳо азми номубораки сангдарбағалони оқибатҷанг амалӣ нагардид.
Аз лутфу каромати тақдир мардум гирди Роҳбари тозаинтихоби давлати навбунёд гирд омаданд ва ин шахсияти дорои сифатҳои худододӣ сиёсати миллии рӯҳияи ватандориро шиори худ  карданд ва рушду пешрафти минбаъдаи давлату давлатдорӣ ва фазои мусоиди кору фаъолиятро дар ҷомеа таъмин намуданд. Сарвари давлати ҷавони тоҷикон хуб дарк карда буданд, ки ояндаи дурахшони мардуми кишварро танҳо метавон бо дастони худ сохту сарнавишташро бо андешаи худ тағйир дод. Дар аввалин Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин фикрашон дурбинонаву бомулоҳиза ва равшан изҳор гардид: «Бузургонамон ба мо васият кардаанд ва ман хотиррасон кардани гуфтаҳои онҳоро ҷоиз медонам, ки ҳар кас сарнавишташро худаш  месозад. Халқ тақдирҷунбони худаш мебошад. Ва маҳз ҳамин халқ буд, ки сарнавишташ – роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро қатъӣ  муайян намуда, ҳокимияти қонунии ҳозираро ба сари қудрат овард».
Аз солҳои аввали соҳиби истиқлолият гардидани Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун ҷузъи таркибии  ҷудоинопазири  он  ҳамеша  дар  мадди назари Сарвари давлат қарор дошт. Ҳарчанд дар аввали солҳои 90-ум тухми истиқлолият, аллакай, кошта шуда бошад ҳам, душманони адоватҷӯй оромии ин мулкро чашми дидан надоштанд, зеро сулҳу оштӣ дар ҷомеа зидди ормонҳои манҳуси онҳо буд. Дар он  Муроҷиатномаи худ Президенти кишвар мушаххасан мавқеи Ҳукуматро нисбат ба вилоят муайян карда буданд: «Ба ҳеҷ кас ҳуқуқ дода нашудааст ва халқ низ ҳеҷ гоҳ чунин ҳуқуқ намедиҳад, ки ба ин диёр касе бо чашми кам нигарад. Мардуми шарифи вилоят дилпур буда метавонанд, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ пайваста дар ҷустуҷӯйи беҳтар кардани аҳволи онҳо мебошад».
Ин Муроҷиатнома чун нидои файзбахш ихлосу иродати  мардуми вилоятро нисбат ба самимияти Роҳбари мамлакат чанд маротиб афзуда, ба он чун ба эътиқоднома эътимод оварданд. Баъд аз изҳори Муроҷиатнома мардуми шарафманди Бадахшон пурдилона ба ҷойҳои зисти худ баргаштанд ва аз фазои осудаву осоишта баҳравар гардиданд.
Сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории баъд аз соҳибистиқлолӣ ноогоҳона набуда, балки як роҳи тамоман вижа ва ба қавли худашон «роҳи тоҷикона» буд. Дар суханроние, ки 13-уми июни соли 1993 Сарвари  давлат бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор намуданд, ин андешаашон басо ҷолибу ҳакимонаву огоҳона баён гардида буд: «Ба ақидаи ман, мо набояд, ки ба ягон давлат ва ё минтақаи алоҳидае кӯр - кӯрона тақлид кунем. Мавқеи таърихӣ, стратегӣ ва геополитикии Тоҷикистон чунин аст, ки мо бояд шароити маҳаллиро пурра ба назар гирифта, аз таҷрибаи тараққиёти чи мамолики Ғарб, чи мамолики Шарқ баҳравар гардида, бо роҳи хоси худ, бо роҳи тоҷиконаи худ пеш равем, то ин ки кишвари азизамонро ба қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон дохил намоем».
Дар муддати кӯтоҳи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон истеъдоди фавқулода ва лаёқати худододии ӯ ба ҳайси раҳбари сиёсӣ, стратеги низомӣ ва ҳомии халқи тоҷик ба ҳамагон равшан гардид. Бо такя ба иродати мардуми равшанфикру равшандил ва иродаи ҳамқадамону ҳамқиронон муборизаашонро бар зидди шубҳаву буҳтон, фиребу носазогӯиҳо, ки хоинони миллат маҳз ба ҳамин роҳ халқи одиро фиребиданду ҷанг андохтанд, оғоз намуданд. Дар ҳамон суҳбате, ки бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доштанд, ин масъала аз забонашон возеҳ садо дод: «Туҳмату дурӯғ, буҳтону сиёҳкорӣ – инҳо воситаҳои асосие мебошанд, ки тавассути онҳо қувваҳои зиддиҳукуматӣ мехостанд ба сари қудрат биёянд. Вале, тавре ки мегӯянд: умри дурӯғ кӯтоҳ аст…». Чун қасди туҳматгарони зархариду андешаи дурӯғгӯёни авомфиреб рӯйи об баромад, роҳи барқарор намудани сулҳи пойдор низ ҳамвортар гардид.       
Дар он вазъияти ниҳоят вазнин, ки ҳанӯз дар Тавилдараву Сағирдашт ва Қалъаи Хумб амнияту оромӣ ва бехатарӣ таъмин набуд ва ҷангҷӯёну размхоҳон баландкӯҳҳоро паноҳгоҳ қарор дода, зидди Ҳукумати қонунӣ мубориза мебурданд, Сарвари давлат роҳи ҳалли масъаларо тавассути силоҳу эълони ҷанг қабул надоштанд. Зеро хуб эҳсос мекарданд, ки он силоҳбадастон низ фиребхӯрдагон мебошанд. Мисли ҳарвақта Роҳбари Ҳукумат ба равиши маслиҳатандешии худ эътимод баста, пешниҳод намуданд, ки «дар Ванҷу Язгулому Қалъаи Хумб ва Рӯшон садҳо равшанфикрону пирони кор дорем, ки суханони онҳо ҳамчун қонун барои дигарон аст». Бо роҳи мусолиҳаткӯшию  салоҳҷӯйӣ ва бо такя ба дастгириҳои пирони бохираду поктинати донои бадахшонӣ силоҳбадастон даст аз силоҳ бардоштанду рӯ ба тавба оварданд. Халқи иззатманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зудӣ дарк карданд, ки вуҷуди мубораки Роҳбари нави давлати навбунёд намунаи барҷастаи адолату садоқат буда, манзурашон ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ байни кулли мардуми баору номуси Тоҷикистон будааст.
Вақте ки дар суханронии худ бахшида ба ташрифи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV ба Тоҷикистон бо самимият изҳор намуданд, ки «шарофатмандона ба шумо мегӯям: барои ман аз осудагию ободии Ватанам, осоиштагии ҳар як хонадони тоҷикистонӣ дида муқаддастар чизе нест», пирони хирадманд даст ба дуо бардоштанду ҷавонони ҳушманди бадахшонӣ лаб ба сано кушоданд ва яқин ҳосил намуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо як марди суханпардоз набуда, ҷавонмардест, ки Бадахшон барои ӯ дар баробари дигар мавзеъҳои кишвари азизамон як гӯшаи нодиру боарзиши сарзамини муқаддасамон мебошад.
Минбаъд дар сафарҳои пайдарпайи худ ба Бадахшон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои афзалиятноки инкишофи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоятро муайян менамуданд ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурии саривақтӣ меандешиданд. Ҳанӯз соли 1995 бо тавсияи Президенти  кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсус оид ба “Барномаи тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 1995 ва дар давраи то соли 2000»-умро қабул намуд. Ин барнома, махсусан, инкишофи муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти мардуми вилоят -  кишоварзӣ, энергетика, коркарди маъдан, тандурустӣ ва маорифро фаро гирифта, дар амалӣ шудани он Президенти кишвар талоши зиёд карданд.
Ҳарчанд дар он замон бадбинону бадхоҳони Ҳукумати қонунӣ ҳанӯз зиёд буданду дар вилоят низ бадэътиқодон нисбат ба Роҳбару ҳайати роҳбарон кам набуданд, Ҷаноби Олӣ сафарҳои кории худро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома доданд. Пешвои муаззами миллат такя ба дуои пирони огоҳи  барнодилу зиёиёни ватанпарвару ҷавонони баору номус ривоҷи созандагиву бунёдкориро дар вилоят аз вазифаҳои муқаддаси худ мешумурданд. Аз суханони зер дилбастагии ӯ ба диёри тоҷикони асил ва меҳру муҳаббати беандоза ба мардуми маърифатпарвари он аён мегардад: «Ҳар дафъа, ки ба Бадахшон меоям, дидори пиру ҷавони ин диёри зебоманзар ба ман мадору қуввати дил мебахшад. Бадахшон чун сарзамини бойигариҳои табиӣ шуҳрат дошта бошад ҳам, ман деҳқонони хоксору заҳматкаш, зиёиёни ватанпарвару меҳнатдӯст ва ҷавонони баору номуси ин диёрро бойигарии воқеии кишвар мешуморам».   
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат самтҳои асосии тараққиёти муназзаму мунтазами вилоятро дар барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ дар асоси корхонаҳои мавҷуда; навсозӣ ва васеъ намудани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва сангҳои қиматбаҳо; сохтани пойгоҳи пурқуввати энергетикӣ; ташкил намудани корхонаҳои муштараки коркарди конҳои кашфшудаи тилло, волфрам, никел, бор ва дигар канданиҳои фоиданок; тараққиёти соҳаи туризм ва саёҳат; ислоҳоти кишоварзӣ; сохта ба истифода додани шоҳроҳи ҳаётбахши Кӯлоб-Дарвоз, роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум; таъмини афзоиши бештари даромадҳои худии минтақаҳои кӯҳӣ; истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои бебаҳои рустаниҳои доруӣ; тараққӣ додани соҳаи алоқа ва амсоли инҳо медиданд. Албатта, дар шароити баъдиҷангӣ ба созандагиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҳаракат бахшидан басо душвор буду фурсат мехост. Аммо, чун ин самтҳои афзалиятнок ва роҳҳои фаврии ҳалли онҳо дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат  садо доданд, аз ҷониби мутасаддиёни хайрхоҳ тамоми шароитҳои табиию ҷуғрофӣ ва имкониятҳои илмию техникии вилоят омӯхта шуданд ва зери сарпарастии Ҷаноби Олӣ нақшаҳову барномаҳои мушаххас омода шуда, барои амалӣ гаштани онҳо тамоми шароитҳо муҳайё гардиданд.  
Дар шароити душвори  иқтисодӣ ба кор даровардани Неругоҳи барқи обии «Помир-1», ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Андарбак», таъмиру навсозии неругоҳҳои хурди барқи обии «Ванҷ-1», «Ванҷ-2», «Намадгут», «Шуҷанд», «Оқсу», чанд пули иртиботӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, бунёди чандин варзишгоҳ ва мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, ифтитоҳи мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, навсозии театри вилоятиву маркази ҷавонон, хобгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, беморхонаи марказӣ, хатти обу корези шаҳри Хоруғ, биноҳо ва муассисаҳои маъмурию иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят, таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ ва маркази ноҳияҳо, ба кор андохтани корхонаи ғанигардонии маъдан дар ноҳияи Мурғоб, фаъолгардонии марказҳои хизматрасониҳои техникӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ва садҳо иншооти дигар аз шумори он пешрафтҳои назаррас ва муваффақиятҳои чашмрасе мебошанд, ки сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳз дар даврони роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ноил гардиданд.     
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба  маблағи  се миллиард сомонӣ анҷом пазируфт. 155 муассисаи нави таълимӣ бо харҷи 215 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
Пешвои миллат борҳо изҳор намуданд, ки корҳои сохтмону таъмиру навсозӣ дар доираи барномаву лоиҳаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят минбаъд низ идома хоҳанд ёфт ва орзуву таманнояшон ин аст, ки ин гӯшаи баландкӯҳи азизи кишварро ба «ДАРВОЗАИ ТИЛЛОӢ» - и ТОҶИКИСТОН табдил бидиҳанд. Аз ин лиҳоз, барои ба «дарвозаи тиллоӣ» табдил додани Бадахшон ҳар як фарзанди баномуси вилоят бояд софдилонаву содиқона фаъолият намояд ва дар пешбурди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ пешдасту пешоҳанг бошад.     
Президенти  мамлакат дар мулоқот  бо  роҳбарон ва фаъ-олони  вилоят аз  22  августи  соли  равон  ба ҳисси  баланди  ватандӯстӣ, заҳматписандӣ  ва фарҳанги волои миллии сокинони  ин  сарзамин  баҳои баланд дода,  зикр намуданд: "Ман ба  заҳматдӯстӣ, ватанпарастӣ  ва ҳисси  баланди  миллии  сокинони  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони   Бадахшон бовар  дорам  ва  бо эътимоди  комил  изҳор  менамоям, ки  онҳо дар қатори  тамоми  мардуми  шарифи  Тоҷикистон Ҷашни  муқаддасу бузурги  миллиамон - сисолагии  Истиқлолияти  давлатиро  бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ  ва  дастовардҳои арзанда истиқбол  мекунанд."
Ба ин суханони пандманди Пешвои хирадманд ҳар сокини ватандӯсти Бадахшон бо меҳнати зарбдор посух медиҳад ва баҳри ободиву пешрафти давлати миллии тоҷикон ихлосмандона талош меварзад.

Ёдгор ФАЙЗОВ,
муовини Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.09.2020    №: 173    Мутолиа карданд: 310
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед