logo

паёмҳо

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷумҳуриявии таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 19 марти соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии ҳамаи мост, ки аз ҳамин сол эътиборан ҷашни деринаи ниёгони мо - Наврӯзи хуҷастапай, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон чанде пеш аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, кулли тоҷикон ва форсизабонони  ҷаҳон ва қавму миллатҳои гуногуни оламро, ки  ба иди аҷдодии мо - Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният арҷ мегузоранд ва ба меҳмонони олиқадри Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо ташрифи худ ба ҷашни наврӯзии мо шукӯҳи хоса бахшиданд, инчунин тамоми мардуми шарифи Туркманистонро ба муносибати фарорасии Наврӯз самимона муборакбод менамоям. Ва бори дигар Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвари дӯсту бародари Туркманистон, инчунин ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистони офтобиву наврӯзӣ хайра мақдам мегӯям. 
Воқеан, Наврӯзи Аҷамро дар тӯли асрҳои зиёд аз шимоли Чин то марзҳои Аврупо халқияту миллатҳои гуногун, аз ҷумла халқи ба мо дӯсту бародари туркман  бо самимият ва меҳру муҳаббати хоса ҷашн мегиранд, ки ин аз арзиши умумибашарӣ ва асолати тамаддунсози он башорат медиҳад. 
Халқҳои тоҷику туркманро решаҳои дерина ва қавии таърихиву фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ниёгони мо бо бародарони туркман Иди Наврӯзро дар Марву Сарахс, Нисову Абевард ва дигар шаҳрҳои бостонии худ якҷоя истиқбол мегирифтанд ва савори аспҳои чобуки хатлонӣ ва ахалтекиниву қарабоҳирӣ пойгаву бузкашӣ ва дигар намоишҳои идона барпо мекарданд.
Бешубҳа, робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмии миёни халқҳои мо, ки аз умқи таърих оғоз мегирад, дар замони истиқлолият омили муҳимтарини рушди ҳамкориҳои судманд ва муносибатҳои гуногунҷанбаи  кишварҳои мо гардидаанд.
Ҳамватанони арҷманд!
Наврӯзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст.
Наврӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рӯҳу ҷони одамон гардише падид меояд.
Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.
Ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон нерӯву илҳоми тоза ато мекунад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.      
Аз ин хотир халқи тоҷик  ин иди азизу мӯътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонад. Тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.
Имрӯз мову шумо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.
Дар чунин шароит Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро боз сӯи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.      
Мувофиқи анъанаҳои неки наврӯзӣ бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон айёми кишту кор ва дигар корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо, тоза кардани наҳру ҷӯйҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз мегардад.
Идома бахшидан ба ин суннатҳои неки аҷдодӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи меҳнату зиндагии солим, густариши рафтору ахлоқи ҳамида, бузургдошти анъанаҳои неки ниёгон, фарҳангпарастиву худшиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мусоидат мекунад.
Мо тасмим гирифтем, ки имсол ҷашни умумимиллии Наврӯзро дар водии паҳновари Данғара баргузор намоем, зеро ин водии сабзпӯш яке аз пойгоҳҳои муҳими соҳаи кишоварзии мамлакатамон ба шумор меравад.
Аз лиҳози имкониятҳои истеҳсолии худ ин ноҳия метавонад ба макони парвариши зироату ғаллаи фаровон табдил ёфта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, саҳми арзанда гузорад.
Имрӯзҳо дар саросари ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ авҷ мегиранд ва шубҳае нест, ки мардуми заҳматкаши Данғара бо нерӯву илҳоми наврӯзӣ ба кору фаъолияти ватандӯстонаи худ суръати тоза мебахшанд ва дар фаровонии дастархони мардум ҳиссаи шоиста мегузоранд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар робита ба суннатҳои неки Наврӯз мехоҳам ба таври илова хотирнишон намоям, ки онҳо бо ҳадафу ормонҳои волои созандаи халқи мо, хусусан дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – бистсолагии истиқлолияти давлатӣ ҳамоҳангии комил доранд.  
Боиси сарфарозист, ки дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек боиси таҳкими мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Дар натиҷа мо тавонистем, ки ҳатто дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ татбиқи ҳадафҳои стратегии худ – бунёди иншооти азими гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, пешбурди соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати миллӣ, аз ҷумла соҳаи коркарди ашёи хоми маҳаллиро идома дода, азму иродаи қавӣ дорем, ки солҳои наздик истиқлолияти энергетикии мамлакатамонро таъмин намоем, Тоҷикистони азизамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшем ва амнияти озуқавории онро таъмин созем.
Ҳадафҳои стратегии дар ин самтҳо муқарраргардида тақозо менамоянд, ки ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, бо нерӯи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд. Ин рисолати таърихӣ, қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва фарзи имониву шарти ватандории ҳар яки мост.   Аз ин нигоҳ, Наврӯзи имсола аҳамияти хоса дорад, зеро таҷлили он дар рӯзҳое сурат мегирад, ки халқи ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншоотҳои барои Ватанамон тақдирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёди онҳо ҳама чун як тан камари ҳиммат бастааст.
Бовар дорам, ки мардуми меҳанпараст, бунёдкор ва заҳматқарини Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ нерӯи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва нерӯи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои воло ноил хоҳем гашт.
Ман ба хиради азалӣ, асолати созандагӣ ва ҳувияти бунёдкории мардуми шарафманди тоҷик эътимоди қавӣ дорам. Ва эҳсос мекунам, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи шумо кишвари азизу давлати соҳибистиқлоламон сӯйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва ҳама орзую омоли наҷиб ва умеду орзуҳои наврӯзии имсолаамон амалӣ мегарданд.
Бо ҳамин эътимоди қавию таманниёти нек бори дигар ба ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ, инчунин ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмонони олиқадр Наврӯзро муборакбод мегӯям.
Ҳамчунин ба меҳмони олиқадр, Президенти Туркманистон, дӯсту бародари азизи ман Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов барои ширкаташон дар маросими ҷумҳуриявии таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз изҳори сипос менамоям.
Бигзор Наврӯзи хуҷастапай дӯстии моро боз ҳам пойдору бобақо гардонад!
Бигзор, сарсабзиву шодкомии иди Наврӯз ба ҳама пиру ҷавони кишвари азизамон, ҳар як хонадони мардуми тоҷик ва ҳамзабонони хориҷии мо насиб гардад.
Наврӯзатон муборак бод!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1203

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед