logo

Хабарҳо

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

АИР Новости. Маҷмаи умумии СММ давлатҳои дунёро ба худдорӣ аз роҳандозии таҳримот ба ҳуқуқи байналмилалӣ даъват намуд.
Тибқи қатънома, МУ СММ давлатҳоро ба худдорӣ аз ҳар гуна тадбирҳои якҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ки ба ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқ набуда, ба рушди комили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, хосса дар кишварҳои рушдкунанда монеъ мешаванд, даъват месозад.
Ин нуктаи қатъномаро ИМА, Британия, Украина ва Олмон ҷонибдорӣ накарданд.


ЛАВРОВ: «ФР ЗИДДИ ЧИН «ДӮСТӢ КАРДАН» НАМЕХОҲАД»
REGNUM. «Россия, ки ҳукуматдоронаш дар талоши роҳандозии муносиботи хуб бо ҳама мебошанд, нияти «дӯстӣ кардан» алайҳи Чин ё дигар давлатҳоро надорад», - изҳор дошт вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров.
«На ФР, на Чин, на иттифоқчиёни мо ягон вақт ба касе дӯстӣ зидди ягон давлати дигар пешниҳод намекунем», — изҳор дошт дипломат. Ба гуфтаи ӯ, дар Кремл ба даъватҳои дахлдор «чун сиёсате, ки бароямон бегона аст», баҳо медиҳанд.
Мавриди ёдрасист, ки 11 сентябр коршиноси маҷаллаи «The National Interest» Дуг Бэндоу дар мақолааш дар нашрия наздикшавии Россия ва Чинро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва низомӣ хатари калон барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавзеҳ додааст.


БАҲОИ БАЛАНДИ ДОНИШГОҲИ ҶОНС ХОПКИНС БА ВАКСИНАИ РУСИИ "СПУТНИК V"
Вести. Сироятшиноси  донишгоҳи номбурда Наор Бар-Зеев ба доруи русӣ аз COVID-19 баҳои баланд дод.
Ин баҳои муқарриз натиҷаи омӯзиши маълумот дар бораи хусусиятҳои ваксина мебошад. Ба гуфтааш, муҳаққиқон барои хулосабарорӣ беш аз талабот тафсилот, ҳамчунин, ба ҳама савол ҷавоб манзур намудаанд. Ягон сабаби шубҳа кардан ба муътамадии ахбор дар бораи ваксинаи русӣ нест, - ба хулоса омадааст Наор Бар-Зеев.
Коршинос натиҷаи тадқиқоташро дар маҷаллаи ҷомеаи тиббии «The Lancet» интишор додааст.


ДАР ФРАНСИЯ НАҚШАИ НАВИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУСРО ТАҲИЯ НАМУДАНД
REGNUM. Сарвазири кишвар Жан Кастекс аз ин хусус баъди ҷаласаи Шӯрои махсус оид ба мудофиа ва амнияти миллӣ иттилоъ дод.
Кастекс ёдрас шуд, ки Франсия дар вазъияти мураккаби эпидемиявӣ қарор дорад, ки рӯзҳои наздик метавонад вазнинтар гардад. «Бори аввал дар муддати мадид бояд гуфт, ки шумораи бистаришавӣ ҷиддан афзудааст», - бо таассуф зикр намуд сарвазир. Ӯ афзуд, ки «ҳарчи бештар тест гузарондан бисёр муҳим аст», махсусан барои онҳое, ки нишонаҳои беморияшон зуҳур мекунад ва онҳое, ки бо ашхоси сироятёфта дар тамос буданд.
Бо вуҷуди ин, бо пешниҳоди Шӯрои илмии назди Ҳукумати Франсия, муҳлати узлатнишинии сироятшудаҳо аз 14 то ба 7 рӯз кам карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 151
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед