logo

Хабарҳо

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

Дар толори Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» ҳамоиши ҷумҳуриявии рӯзноманигорони ҷавон ва собиқадорони он таҳти унвони «Гуфтугӯи ду насл» доир гардид.  Дар он, асосан, устодону донишҷӯёни факултетҳои журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва рӯзноманигорони собиқу имрӯзи «Ҷавонони Тоҷикистон», ки таърихи навадсола дорад, ба ҳам омаданд.
Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки «Ҷавонони Тоҷикистон» аз ҷумлаи нашрияҳое мебошад, ки бо сабку услуби хоси хеш дар таҳкими дӯстиву рафоқат, якдиливу созандагӣ ва ватандӯстиву худшиносии аҳли ҷомеа нақши бориз гузоштааст.
- Агар ба таърихи рӯзнома назар афканем, маълум мешавад, ки он  навад соли бурду бохт ва дастовардҳои муҳими таърихии миллати тоҷикро дар худ таҷассум намудааст. Дарвоқеъ, рисолати ҳар рӯзнома аз  он иборат аст, ки дар раванди фаъолияти худ, пеш аз ҳама, тарғибгару ташвиқкунандаи дастовардҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ ва арзишҳои фарҳангию таърихии миллати хеш бошад. Мояи хушнудист, ки ин рисолатро рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар фаъолияти худ сарбаландона иҷро намудаву имрӯз низ ба ҷо меорад», - афзуд А. Раҳмонзода.
Ато Ҳамдам, сармуҳаррири ҷарида дар солҳои 1977-1988 тазаккур дод, ки хомабадастони «Ҷавонони Тоҷикистон» барои тозагии забони тоҷикӣ, мақоми давлатӣ гирифтани он, ҳамчунин, баҳри ислоҳи камбудиҳои соҳаҳои гуногун ва ахлоқи ҷомеа талошҳои хастанопазир кардаанд.
Сармуҳаррири имрӯзаи нашрия Шодихони Назар аз мактаби эҷодкорони ҷавон будани ҳафтанома сухан кард. «Воқеан ҳам, ин ҷарида пайванди тиллоии дирӯз бо имрӯз аст. Таърихномаест, ки бурду бохт ва пирӯзиҳои миллати тоҷикро дар саҳифаҳои худ мунъакис кардааст», - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аввалин маротиба бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» 5 апрели соли 1930 бо теъдоди 500 нусха ба нашр расида, 8 ходими эҷодӣ дошт. Рӯзнома тӯли фаъолияти худ 3 маротиба тағйири ном карда, солҳои ҳаштодуми асри гузашта теъдоди нашри он ба 200 ҳазор нусха расида буд.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, китоби тозанашри «Пири дилҷавон» ва нашри махсуси ҳафтанома, ки аз таърихи навадсолаи ҷарида ҳикоят мекунад, рӯнамоӣ гардид.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 193
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед