logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Меҳмони воломақом - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Понғоз роҳбарияти ноҳия ва сокинон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Понғоз бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави таълимӣ барои 1440 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари маорифпарвари мамлакат сохта шуда, бо муосиртарин аёниятҳои таълимӣ таъмин мебошад.
Иншоот сеошёна буда, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон - соҳибкорон Махсудҷоновҳо қомат афрохт. Бинои қаблии муассиса солҳои 60 - уми асри гузашта сохта шуда буд.
 Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфта буд ва инак дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи беназири давлату Ҳукумати мамлакат барои хонандагони ин деҳоти дурдасти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 барои аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои таълимӣ мавҷуд мебошад.
Хурсандии омӯзгорон ва хонандагони ин даргоҳи илму маърифат аз он буд, ки бо дастгирии Пешвои миллат ва саҳми соҳибкорони ватанӣ соҳиби мактаби наву замонавӣ шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин муассисаи нави таълимӣ дар ҳудуди ноҳияи Ашт ягона ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 1,48 гектар буда, бинои таълимӣ дар 928 метри мураббаъ сохта шудааст. Дар таълимгоҳ барои донишомӯзии хонандагон муосиртарин шароит фароҳам аст.
Мактаб аз 27 синфхона, аз ҷумла озмоишгоҳҳои фаннӣ ва    технологияи иттилоотӣ, 9 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ барои 130 нафар, китобхона бо 8 ҳазор адабиёти гуногуни дарсию бадеӣ, толори хониш бо 30 ҷой ва ошхона иборат мебошад.
Дар ҳама синфхона, ҳуҷраҳои корӣ, роҳрав ва саҳни бинои муассисаи таълимӣ камераҳои назоратӣ насб шудаанд. Бинои таълимгоҳ бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин гардидааст. Дар баробари корҳои сохтмонӣ дар гирду атрофи иншоот гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуда, роҳравҳои саҳни мактаб сафолакпӯш гардидаанд. Дар ин муассисаи таълимӣ 43 нафар омӯзгор ба хонандагон дарс мегӯяд. Ҳамзамон, муассиса дорои толори варзиш мебошад.
Барои ҳунаромӯзии хонандагон дар муассиса маҳфилҳои рӯзғордорӣ, аз ҷумла омода кардани хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рассомӣ фаъоланд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.
Бародарон, Махсудҷоновҳо нақша доранд, ки дар назди муассиса дар масоҳати 50 гектар хоҷагии ёрирасон ташкил намоянд. Нақши бародарон дар дигар корҳои ободонии деҳоти Понғоз, аз ҷумла дар васеъ ва мумфарш кардани роҳи мошингарди миёни шаҳраки Шайдон ва деҳоти Понғоз назаррас аст.
Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то ба имрӯз садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардондани муассисаҳои таълимии мавҷуда бомаром идома дорад.

Истиқбол дар шаҳраки Шайдон ва ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 дар деҳоти Понғоз ба маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдон ташриф оварданд.
Шаҳраки Шайдон дар давоми 29 - соли Истиқлолияти давлатӣ дар доираи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ бо пуштибонии ҳамаҷонибаи сокинонаш аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ба марҳилаи сифатан нав баромадааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдон Парчами давлатӣ, ин рамзи муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи байналмилалиро парафшон намуданд.
Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,93 гектар замин сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам гардидааст.
Корҳои сохтмониро дар ин иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти “Ашти калон” ба анҷом расондааст. Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳраки Шайдон бо таҳкурсиаш 52 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Атрофи иншоот гулкорӣ ва сабзазор карда шуда, зиёда аз 20 ҳазор гули рангоранги мавсимӣ, наздики 90 адад ниҳоли арча майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро зинат мебахшанд. Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масоҳати 62 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, ду фаввораи зебо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон бунёд гардидааст. Бо мақсади таъмини рӯшноӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 40 адад чароғак насб гардида, шабонгоҳ ба мавзеъ зебоӣ меофарад.
Давоми солҳои охир бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири сокинони кишвар, махсусан ҷавонону наврасон дар марказ ва деҳоти як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон карда шудааст.
Раванди созандагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бомаром идома дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият барои сокинон тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Дар ноҳияи Ашт барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин Ҷашни бузурги миллӣ бунёд, таъмир ва навсозии зиёда аз 300 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 237 адади он бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдонро барои сокинон, махсусан ҷавонону наврасони ноҳия туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод намуданд.

Боздид аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур”
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошоба аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” боздид намуданд.
Токзор  ва  боғи  интенсивӣ  дар  ноҳияи  Ашт  аз ҷониби бародарони соҳибкор - Зайналобиддин, Толибҷон ва Бахтиёр Махсудҷоновҳо дар доираи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи мақсадноку пурсамари замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида бунёд шудааст.
Масоҳати боғи навбунёд 15 гектарро дар бар мегирад ва дар се гектари он 1500 адад ниҳоли бодоми навъи аъло шинонда шудааст. Дар умум теъдоди ниҳолҳои боғи нав 21 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Ниҳолҳои токро таъсисдиҳандагон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Россия, Украина, Туркия ва Чин дар асоси тавсияи мутахассисони соҳа ворид кардаанд.
Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ иттилоъ доданд, ки аллакай дар соли дуюм 15 намуди ниҳол нишона додааст, ки ба иқлими минтақа мувофиқанд ва аз онҳо ҳосили зиёд ба даст овардан мумкин аст.
Дар соли равон аҳли хоҷагӣ аз як бех ток то 10 килограмм ва дар маҷмӯъ, 1,5 тонна ҳосилро интизоранд. Аз ин боғ навъи ангури кишмиш ва тоифӣ ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда шуд.
Дар токзори навбунёд 52 навъи ангур, аз ҷумла тоифӣ, ҳусайнӣ, кишмиши сиёҳ, шоҳона, эмир, ризомат ва ғайра парвариш меёбад, ки аксаран содиротӣ мебошанд.
Обёрии боғи навбунёд бо усули қатрагӣ сурат мегирад ва бо ин мақсад чоҳи амудӣ кофта шудааст.
Бино ба гуфтаи боғпарварон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити имрӯза барои сарфаи об ва боло бурдани сифату ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидати фаъол мекунад.
Дар боғи нави интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, зиёда аз 50 нафари дигар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешавад.
Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии бахши агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, иқлими мусоиди минтақаҳои мамлакат имкон медиҳад, ки майдони боғу токзор бо истифода аз ниҳолҳои серҳосил ҳамасола зиёд карда шавад ва бо ин роҳ талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркард бо ашёи хом пурра таъмин гарданд.
Дар ноҳияи Ашт майдони боғу токзор зиёда аз 16 ҳазору 390 гектарро ташкил медиҳад ва хоҷагидорон ҳамасола бо талошҳо дар роҳи расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ масоҳати боғҳои содиротиро зиёд мекунанд.
Аҳли заҳмати хоҷагии “Олами ангур” бо дарки баланди маданияти истифодабарии замин дар зери ниҳолони ток кишти зироати гуногун, аз ҷумла тарбузро ба роҳ монданд. Дар кишти такрорӣ дар ин заминҳо мош коштаанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки наздики 100 ниҳоли повлония, ки аз давлати  Украина  ворид  карда  шудааст,  ҳамчун таҷриба дар боғ парвариш меёбад. Повлония дар соли аввали парвариш то 3-4 метр ва дар солҳои баъдӣ ба 8-9 метр қат мекашад ва ангурро аз гарду ғубор ҳифз менамояд. Ин навъи ниҳол баробари зебоӣ, ҳамчунин, дар муддати кӯтоҳ барои истифода дар сохтмонҳо омода мегардад.
Тавре таъкид гардид, гулкунии повлония то як моҳ идома мекунад ва ба гуфтаи мутахассисон аз 1 гектари он занбӯриасалпарварон метавонанд то 700 килограмм асал ба даст оваранд.
Соҳибкорони ватанӣ дар оянда нақша доранд, ки дар назди хоҷагӣ корхонаи коркарди маҳсулотро низ ба роҳ монанд ва бад-ин васила ҷойҳои кориро зиёд ва дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи навбунёд иқдоми соҳибкорони ватаниро барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардондани бозори дохилӣ бо меваю ангур, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - амнияти озуқаворӣ намуна арзёбӣ карда, барои истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои миллӣ
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои ҳунармандон дидан намуданд.  
Дар намоишгоҳ аҳли заҳмати ноҳия наздики 40 навъи маҳсулоти гуногуни кишоварзиро, ки дар заминҳои ҳосилхези дар ихтиёрдошта кишту парвариш мекунанд, ба таври густурда муаррифӣ карданд.
Кишоварзони ноҳияи Ашт дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили фаровон дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Дар ноҳияи Ашт зиёда аз 6000 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.
Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, полизӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва риояи қоидаҳои агротехникии замин кишту парвариш ёфтаанд, ба таври васеъ муаррифӣ гардиданд.  
Аснои боздиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашон иттилоъ дода шуд, ки дар 9 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ашт  297 миллион сомониро ташкил додааст,  ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 35 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ ҳунари занону кадбонувони ноҳия дар самти пухтани анвои гуногуни нон, аз ҷумла қалама, фатир ва кулча  муаррифӣ  гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории  ноҳияи Ашт зиёда аз 5400 тонна ғалладона, 3690 тонна картошка, 5277 тонна сабзавот, 26656 тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд мебошад.
Ашт яке аз ноҳияҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу дар мамлакат буда, боғдорон ҳамасола майдони ин навъи меваи лазизу содиротиро бештар менамоянд ва дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил мегарданд. Майдони боғҳо дар ноҳияи Ашт зиёда аз 16 ҳазору 390 гектарро дар бар мегирад, ки аз ин 12 гектараш интенсивӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши анвои гуногуни зардолуи хушки боғпарварон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти мавҷуда дар ин самт, роҳандозии усулҳои муосири бандубасти он ва содирот ба хориҷи кишвар ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ноҳияи Ашт бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019” ду сардхона бо имкони ғунҷоиши  2000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода шудааст.
Ба рушди ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дар ноҳия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Ҳунармандони ноҳия дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019 - 2021 талош мекунанд, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат дар зинда нигоҳ доштани ҳунарҳои  миллӣ саҳмгузор бошанд.
 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар он ҳунари оҳангарӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ ва маҳсулоти аз пашми буз омодагардида муаррифӣ гаштанд, барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ ба ҳунармандон маслиҳатҳои судманд доданд.
Сокинони ноҳияи Ашт ба чорводорӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамасола истеҳсоли гӯшту шир ва пашмро зиёд мекунанд.
Дар ноҳия муассисаи хоҷагии “Зотпарварӣ” ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов фаъолият дорад, ки дар он 10 ҳазор сар бузи серпашм парвариш карда мешавад.
Дар гӯшаи намоишгоҳ бузҳои серпашм, ки асосан барои истеҳсоли пашм парвариш карда мешаванд, ба маъраз гузошта шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, иқлими ноҳияи Ашт барои парвариш ва зиёд кардани саршумори ин навъи буз хеле мувофиқ буда, хоҷагидорон дар асоси ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт аз имконоти фароҳамгардида ҳамаҷониба истифода мекунанд.         
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи кишоварзону чорводорони ноҳияи Аштро дар роҳи истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ва ашёи хом барои ҳунармандону корхонаҳои саноатии мамлакат шоистаи таҳсин хонданд.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшту шир, пашм, анвои гуногуни мева ва полизиҳо дар ноҳияи Ашт ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, барои истифодаи имконоту иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамаҷониба талош меварзанд.

Боздид аз фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз мева дар деҳоти Ошоба
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Агроашт” ва 2 сардхонаи навбунёдро, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Бахтиёр Мақсудҷонов сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст Пешвои муаззами миллат дар маросими ба фаъолият пардохтани корхонаи навтаъсис, ки самти фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз меваҳои тар ва хушк равона шудааст, ширкат варзиданд.
Корхонаи истеҳсолии “Агроашт” дар паҳлуи сардхона таъсис дода шуда, беш аз 10 намуди маҳсулоти қаннодӣ, аз қабили қиёми зардолу, олу, ангур, каду, нок, биҳӣ, анҷир ва ғайра истеҳсол мекунад.
Мутобиқи маълумот дар рафти истеҳсолот ягон маҳлули кимиёвӣ истифода намегардад ва он ҳамчун маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаву безарар, ҳатто ба кӯдакони аз 3 - сола боло низ тавсия дода мешавад.
Коргоҳи мазкур ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ таъсис дода шуда, дар таъмини ҷойҳои нави корӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ба кишварҳои хориҷа мусоидат менамояд.
Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки ҳоло дар коргоҳи мазкур беш аз 20 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин буда, дар вақти корҳои мавсимӣ шумораи онҳо то ба 150 нафар расонда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз аз 5 то 6 тонна меваи тарро дар бар гирифта, техникаву таҷҳизоти зарурӣ маҳз барои истеҳсоли чунин маҳсулот бо дархост ва маслиҳати худи соҳибкорони ватанӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта ва ба кишвар дастрас карда шудааст. Дар ин корхонаи замонавӣ истеҳсоли қиёми мевагиҳо дар 9 марҳила сурат гирифта, дар қуттиҳои қоғазин бо шакл ва андозаҳои гуногун бандубаст мегардад. Раванди истеҳсолот бошад, тариқи компютер идора мешавад.
Мутобиқи маълумот корхонаи “Агроашт” дар Осиёи Марказӣ ягона корхонае ба шумор меравад, ки аз меваҷоти тару тоза ва хушк маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол менамояд. Ин корхона дар талаф наёфтани меваҷот саҳм мегузорад, зеро дар он баробари себҳои аввалиндараҷа, ҳамзамон, себҳои дуюминдараҷа аз худи хоҷагӣ ва аҳолӣ дастрас карда шуда, мавриди коркард қарор мегиранд.
13 дастгоҳи истеҳсолӣ, ки дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд, ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот мусоидат менамояд.
Масъулон нақша доранд, ки бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот содироти маҳсулоти қаннодии қиёмро аз мевагиҳо бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷа, аз ҷумла дар навбати аввал ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ монанд.   
Соли 2019 Сарвари давлат ба роҳбарияти корхонаи “Агроашт” дастур дода буданд, ки барои аз талафёбӣ эмин нигоҳ доштан ва ба муҳлатҳои дуру дароз захира намудани мева дар назди хоҷагӣ сардхона бунёд намоянд. Инак, ин супориши Роҳбари давлат то Ҷашни 29 - солагии Истиқлолияти давлатӣ иҷро карда шуд.
Ду сардхонае, ки бо дарозии 6 ба 18 ва 12 ба 18 метр сохта шудааст, имкони ғунҷоиши то 150 тонна меваҷотро дорад ва баҳри захираи маҳсулоти кишоварзӣ бисёр мувофиқ мебошад.  
Таъминоти сардхона аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон анҷом ёфта, он танҳо барои нигоҳдории меваву сабзавоти дар хоҷагии мазкур истеҳсолшаванда пешбинӣ шудааст. Лозим ба таъкид аст, ки хоҷагӣ дорои 12 гектар ток ва 3 гектар бодом мебошад. Хоҷагии мазкур дар заминҳое, ки ҳанӯз аз соли 1992 аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, таъсис дода шуда, имрӯз бо заҳмату талошҳои зиёди меҳнаткашони он ба киштзори ҳақиқӣ мубаддал гардидааст.
Дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ баҳри таъминоти фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин восита саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз 4 ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ аз як қатор кишварҳои хориҷа, аз қабили  Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва Украина навъҳои серҳосили ток ва бодом ворид карда шудаанд, ки ба иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.
Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, нақши чунин сардхонаҳоро дар фаровонии бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Дар сардхона нисфи мевагиҳо барои бозор ва нисфаш барои омода кардани қиём захира мешавад.
Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, насб гардидааст.
Сардхонаи нав дорои анбори алоҳидаи нигоҳдории молу маҳсулот буда, дар он барои кашондани бор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Тибқи нақша дар оянда иқтидори сардхона ба 200 тонна расонда шуда, дар дохили он сехи коркарди меваю истеҳсоли консерв ба роҳ монда мешавад, ки ба ин васила дар маҷмӯъ, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад гашт.
Баҳри иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида ва корами обӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат, бо маслиҳату тавсияҳои деҳқони номдор Ҳоҷӣ Неъмат соли 2019 беш аз 50 навъи ток ба миқдори 8 ҳазор бех дар масоҳати 12 гектар замин шинонда шуд. Ҳоло дарахтон самаровар шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд. Дар намоишгоҳ молу маҳсулоте, ки имконияти нигоҳубини онҳо дар сардхона мавҷуд аст, манзур карда шуд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни меваи хушк, 3 навъи мавиз, чормағз, бодом, 6 навъи зардолуи хушк, хуч ва дигар номгӯи маҳсулот, ки дар шакл ва андозаҳои гуногун омода гаштаанд, ба маъраз гузошта шуданд.
Дар саҳни ҳавлии коргоҳи мазкур таҷҳизоти зудхушккунандаи мева васлу насб гардидааст, ки он ҳам ба сифати маҳсулот ва ҳам ба суръати истеҳсолот мусоидати фаъол менамояд. Ин дастгоҳ имкон дорад, ки меваи тарро дар муддати то 8 соат хушк намуда, сифати онро то ду маротиба баланд бардорад.  
Ба андешаи масъулон, агар солҳои қаблӣ барои хушк намудани меваҷот тариқи офтоб то 6 рӯз сарф мешуд, ҳоло ин дастгоҳ кори онҳоро маротибаҳо осон гардондааст.
Хурсандиовар аст, ки соҳибкорони бонангу номуси Ватан дар доираи дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳои созандаро рӯи даст гирифта, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми босазои худро мегузоранд.

Боздид аз нашъунамои пахта дар ҶДММ “Рахшона”
15 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” ташриф оварда, ба мавсими чиниши пахта ҳусни оғоз бахшиданд.  
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии “Рахшона” соли 2009 ташкил гардида, феълан 562 гектар замини корами обиро дар ихтиёр дорад. Хоҷагӣ дар ҳудуди ноҳия яке аз калонтаринҳо ба ҳисоб рафта, дар пурра қонеъ гардондани эҳтиёҷоти хоҷагидорон бо тухмии хушсифати пахта, ҳамзамон, дар самти таъмини дигар шаҳру ноҳияҳо бо чунин маҳсулот саҳм дорад. Шумораи кормандони он 450 нафарро дар бар мегирад.
Имсол хоҷагӣ дар масоҳати 301 гектар кишти пунбадона гузарондааст, ки бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ва нигоҳубини хуби майдони кишт айни ҳол ҳосили интизорӣ 35 - сентнерӣ муайян шудааст. Дар хоҷагӣ, асосан, навъҳои “Дӯстӣ - 1”, “Флеш”, “Иншад - 2” парвариш карда мешаванд, ки ба иқлим ва боду ҳавои минтақа мусоид мебошанд.
Аз ҳисоби пахта хоҷагӣ ҳамасола фоидаи хуб ба даст меорад. Ҳамчунин, дар майдони боқимондаи киштшаванда дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, дар масоҳати 140 гектар гандум, 60 гектар юнучқа, 21 гектар ҷуворимакка барои дон ва 40 гектар боғҳои навъи ҳархела парвариш карда мешаванд.
Аҳли заҳмат дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, барои рӯёндани якчанд ҳосил тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.
Тибқи нақша бояд имсол дар масоҳати 150 гектар замин гандуми тирамоҳӣ кишт шавад. Дар қисми боқимондаи заминҳои дар ихтиёрдошта, кишоварзон ҷуворимакка кошта, ҳамчунин, ба масъалаи парваришу ҷамъоварии хӯроки чорво низ диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои фермаи хурди чорвопарварӣ буда, талаботи худро бо хӯроки чорво қонеъ мекунад ва ҳамасола хӯроки чорворо ба фурӯш низ мебарорад.
Пешвои муаззами миллат аснои шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии “Рахшона” ва рафти чиниши ҳосили имсолаи пахта, таъкид доштанд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоиди имсола ва истифода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ диҳанд.
Пахта ҳамчун ашёи хоми саноатӣ дар рушди соҳаи саноати мамлакат нақши бузург дорад ва ҳамин аст, ки ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат майдони кишти он зиёд карда мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки масъулон ва аҳли кормандони хоҷагӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани қитъаҳои замини дар ихтиёрдошта кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳанд.
Хоҷагӣ 3 бошишгоҳи саҳроӣ дошта, ҳамаи онҳо бо таҷҳизот ва мошинолоти техникии корӣ таъмин мебошанд.
Имкониятҳои фароҳамовардашуда ва таҷрибаи зиёди корӣ боиси он гардидаанд, ки ҳамасола бо густариш ёфтани фаъолияти хоҷагӣ номгӯй ва миқдори маҳсулоти соҳа зиёд карда шавад.
Риояи дурусти талаботи агротехникӣ, хосса истифодаи тухмии мутобиқ ба иқлим ва серҳосил, коркарди байни қаторҳо ва анҷоми саривақтии дигар корҳои барои нашъунамои хуби зироат муҳим фаровонии ҳосили майдони пахтазорро дар хоҷагӣ таъмин намуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими кишвар, кишти такрориро вусъат бахшанд. Зеро тухмии хушсифат омили асосии ба даст овардани ҳосили хуб буда, ба ин васила метавон ҳосилнокии заминро низ баланд бардошт.
Бо мақсади коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ширӣ  соли 2019 дар назди хоҷагӣ сехи коркарди шир таъсис дода шуд, ки айни замон саршир, ҷурғот ва равғани зард истеҳсол менамояд.
Ҳоҷагии “Рахшона” ҳамасола барои қонеъгардонии талаботи худӣ, инчунин, дастрас намудан ба дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ тухмиҳои хушсифати зироатро истеҳсол менамояд.
Тибқи маълумот аз ҳосили пахтаи соли гузашта ба миқдори 800 тонна тухмӣ гирифта шуд. Ба ғайр аз ин, ҳамасола хоҷагидорон ба дигар кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят тухмии хушсифат дастрас намуда, дар татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020” саҳми арзишманд мегузоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати хоҷагии мазкур ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёндани чанд ҳосил ва вусъат додани ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ба истифода додани ҳавзи моҳипарварӣ
15 сентябр дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарвариро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” мавриди истифода қарор доданд.
Масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад. Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як 1 гектар 2,5 ҳазор моҳӣ ва дар ҳамаи ҳавзҳо 101,8 ҳазор моҳӣ мебошад.
Аз рӯи маълумоти роҳбари хоҷагии моҳипарварӣ Шуҳрат Мамадҷонов, ҳавзи моҳӣ дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ҷойгир буда, барои парвариши моҳӣ ва ба роҳ мондани соҳаи сердаромад хеле мувофиқ аст.
Моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳомии “Моҳии тоҷик”- и вилояти Суғд дастрас гардидаанд. Дар кӯлҳои моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят, асосан, навъи моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешаванд.
Даромад аз фурӯши моҳиҳо як роҳи ғанӣ гардондани буҷети хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” қабул ва дар амал татбиқ мешавад.
Дар ҳудуди ҳоҷагӣ ба ғайр аз моҳипарварӣ дар майдони зиёда аз 30 гектар боғҳои меваҳои гуногун ва заминҳои корам ва парвариши юнучқа барои хӯроки моҳӣ ташкил карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони ҷамъият барои ташкили дурусти кор, рушд додани соҳаҳои моҳипарварӣ ва боғдорӣ, ки яке аз бахшҳои сердаромади иқтисоди миллӣ ба шумор мераванд, дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2020    №: 177    Мутолиа карданд: 91
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед