logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "РАББОНӢ ШАХСИЯТИ ДУРАНДЕШ ВА СИЁСАТМАДОРИ БАРҶАСТА БУД"

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар видеоконфронс бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, сухан ронданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Бурҳониддин Раббонӣ ҳамчун шахсияти боматонат, таҳаммулгаро, инсондӯст, дурандеш ва сиёсатмадори варзида дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва берун аз он бо некӣ ёдовар шуда, нақши ӯро дар талошҳои пайгирона ба хотири истиқрори сулҳу оромӣ дар минтақа ва Афғонистон назаррас арзёбӣ намуданд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои раёсати профессор Раббонӣ яке аз давраҳои мушкилтарини таърихи муосири Афғонистон ба ҳисоб рафта, ӯ муддати 50 сол дар меҳвари равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фикрии кишвараш қарор дошт.
Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Раббонӣ ба унвони як сиёсатмадори шинохта дар раванди сулҳи тоҷикон саҳмгузор буд.
Бо ёдоварӣ аз муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихии ду кишвари ҳамҷавор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлуи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт ва минбаъд низ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи ин кишвари дӯсту бародар пуштибонӣ хоҳад кард.
Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳ ва рушди иқтисодиву зербиноии Афғонистон мебошад, то ки тамоми мардуми ин кишвари бостонӣ дар фазои амну субот ва саодату рифоҳ зиндагӣ намоянд, таъкид карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми шарифи Афғонистон, ки чунин шахсиятҳои барҷаста, аз қабили профессор Раббонӣ дорад, метавонад тақдиру ояндаи сарзамини куҳантаърихи худро ба даст гирифта, ба хотири расидан ба амнияти пойдор, сулҳу суботи устувор ва ободии кишвари худ пайгирона талош намояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2020    №: 181    Мутолиа карданд: 120
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед