logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. МАШЪАЛАФРӮЗОНИ ФАРҲАНГИ ДӮСТӢ

Забону адабиёт ва фарҳангу ҳунар аз бахшҳоеанд, ки халқияту миллатҳои ҷаҳон бо рушду густариш додани онҳо мақому мартабаи худро баланд мебардоранд. Мардуми Осиёи Миёна, хусусан тоҷикону ӯзбекон,  бо доштани ҳамин авсофи адабӣ ва  хислати неки башарӣ байни ҳам аз қадим равобити дӯстию ҳамсоядорӣ доштанд. Дӯстию ҳамсоягӣ ин  ду амали нек мебошанд, ки равобиту ҳамкории ҳасанаро байни инсонҳо устувор сохта, риштаи меҳру муҳаббатро таҳким мебахшанд.

Таърих бори дигар собит намуд, ки дар як обу хок ба сар бурда, ҷудо зистан ғайриимкон аст. Замоне буд, ки  осмони Тоҷикистону Ӯзбекистон  зери абрҳои тира қарор дошт ва неруҳои бадхоҳ ин ду ситораи дурахшони халқи ҷаҳонро аз фарҳанги асилу волои худ хостанд канор гузоранд, то аз чароғи ҳидоят, заковату адаб ба сӯи ҷаҳолат равон гарданд.
Вале некӣ болои бадӣ ғолиб омад. Роҳбарони нексиришту башардӯст  тавонистанд фазои кишварҳои бо ҳам дӯсту ҳамсоя- Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки  солҳо боз тираву торик буд, бо қадамҳои муборакашон нуронӣ созанд. Роҳбарони дилсӯзи ҳар  ду кишвар,  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев чароғи дӯстиро аз нав фурӯзон намуда, тирагии фазои ҳамсоядориро аз байн бурданд. Баргузории  Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ”  бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бори дигар муносибати хубу неки ҳамзистии  миллатҳои тоҷику ӯзбекро дар тӯли таърих ва имрӯз рӯшан сохт.
Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон чун кишвари озоду мустақил ва  дорои сиёсати дарҳои боз қадамҳои хешро устувор гузошта, бо  тамоми  мамолики  ҷаҳон,  аз ҷумла мамлакати ҳамсоя ва дӯст - Ӯзбекистон, равобити худро рӯз аз рӯз тақвият бахшида истодааст. Ин буд, ки мардуми шарифу фарҳангдӯсти ду кишвар бо меҳмоннавозиву  меҳрубонӣ, ҳамсоягиву  дӯстӣ зери  сояву пояи вафову камоли меҳру сафо ба ҳамкорӣ дубора оғоз карданд. Мо инро аз чашмони шарарбор, оғӯшҳои боз ва ашкҳои шодии халқҳои тоҷику ӯзбек дидему хондем.
 Ҷумҳурии Ӯзбекистон Истиқлолияти давлатии худро 1 сентябри соли 1991 эълон намуда, баъди ҳамагӣ як сол  22 октябри соли 1992 муносибатҳои дипломатиашро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор кардааст. Аз соли 1995 дар шаҳри Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Аз соли  1992 то имрӯз байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон  дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва соҳавӣ зиёда аз 100 созишномаи ҳамкорӣ  ба имзо расидааст.
Аҳдномаи  дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворию ҳамкорӣ байни ду кишвар яке аз санадҳои асосист,ки дар сатҳи роҳбарони ду мамлакат  аз 4 январи соли 1993 ба имзо расид ва  баҳори соли 2018 баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҷумҳурии мо  дубора мавриди таъйиди ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар партави ҳамин мулоқотҳо тарафҳо бори дигар исбот карданд, ки доштани дӯстию ҳамсоядории хуб ягона роҳест, ки пешрафт ва рушди кишварҳоро тақвият мебахшад.
Рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ заминаи асосии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Ҳузури муштараки адибони тоҷику ӯзбек дар ҳавзаҳои адабии Хуросону Мовароуннаҳр аз он шаҳодат медиҳад, ки  ин робитаи неку инсондӯстона ва меҳру муҳаббати ду миллат аз замони ошноию рафоқати  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ – аз  саҳифаи дурахшоне дар таърихи равобити фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек маншаъ мегирад. Ин воситаест, ки умумиятҳои фарҳангии мардуми тоҷику ӯзбекро қавитар месозад.
Солҳои охир доираи робитаҳои дӯстона байни ин ду кишвар боз ҳам васеътар гардида истодааст. Аз ҷумла, бо ташрифи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон пояҳои дӯстиву ҳамкории ду давлат боз ҳам таҳким ёфта, ҳамчун шарикони стратегӣ боқӣ монданд.
Минбаъд низ Тоҷикистону Ӯзбекистон фарҳангу адабиёт ва таҷрибаи  ҳамдигарро бештар омӯхта, дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илм, ҳифзи сарҳад, сайёҳӣ ва дипломатия истифода хоҳанд бурд. Баробари ин, дӯстии ҳарду миллат боз ҳам мустаҳкаму афзунтар мегардад. Зеро: 
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.    

Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2020    №: 181    Мутолиа карданд: 161
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед