logo

Хабарҳо

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

REGNUM. Масъалаи фавқ аз масъалаҳои умдаи мулоқоти кории вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини аввали вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов буд.
Мусоҳибон имконияти афзунсозии таҳвили бор миёни ду мамлакат, ҳамчунин, масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳанро баррасӣ карданд. Ёдрас мешавем, ки Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов 28 - 30 сентябр ба Тоҷикистон ташриф меорад.


ДАР ДОРУХОНАҲОИ РОССИЯ ФУРӮШИ ДОРУИ КОРОНАВИРУС САР ШУД
АИР Новости. Дар Россия нахустин дору алайҳи маризии коронавирус, ки "Алепривир" ном дорад, ба дорухонаҳо роҳ ёфт.
Арзиши як қуттӣ доруи "Алепривир", ки дар заминаи доруи "Фавипиравир" сохта шудааст,  12320 рублро ташкил медиҳад. Мутахассисони "Промомед" истеҳсоли онро дар корхонаи "Биохимик" - и Саранск ба роҳ мондаанд.
Қобили зикр аст, ки доруи "Арепливир" ҳанӯз моҳи июн аз ҷониби Вазорати тандурустии Россия иҷозати истифода гирифта буд, аммо он то ба имрӯз танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо истифода мешуд.


ЛАВРОВ: "МУҚОВИМАТИ НИЗОМИИ ҲУКУМАТИ СУРИЯ ВА МУХОЛИФИН АНҶОМ ЁФТ"
АИР Новости. "Бо қатъи бархӯрди ҳарбии онҳо танҳо ду нуқтаи доғ монд – Идлиб ва паси Фурот, ки он ҷо низомиёни амрикоӣ ҷойгир буда, бо неруҳои ҷудоихоҳ иттиҳод бастаанд", - изҳор дошт вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров.
Дар ҳудудҳои зери назорати курдҳо ҳукумати аз Димишқ мустақил амал мекунад. Димишқ борҳо ба курдҳо пешниҳоди музокирот ва ҷонибдорӣ аз ғояи ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии Сурия намуд. Курдҳо ба умеди дастгирии Вашингтон аз роҳандозии муносибот бо ҳукумати қонунии суриёӣ сар мепечанд.


БОРРЕЛ ИЗҲОР ДОШТ, КИ ИМКОНИ ТАСДИҚИ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ БЕЛАРУС НАБУД
REGNUM. "Дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба тасвиб расондани қарор дар бораи таҳримот алайҳи ашхоси мансабдори Беларус даст надод", - гуфт сарвари дипломатияи Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел.
Ба ин кор Кипр халал расонд, ки таҳримот алайҳи Туркияро талаб дошт. Хотиррасон мешавем, ки 18 сентябр сарони ВКХ кишварҳои ИА бори аввал ин масъаларо баррасӣ намуда, ба натиҷае нарасида буданд.
Таҳримот алайҳи Минскро ИА мехоҳад барои «таҳриф»-и натиҷаи интихоботи президентӣ дар Беларус ва пахши ошӯбҳои баъдиинтихоботӣ роҳандозӣ кунад.


ҲИНДУСТОН ДАРИ ТОҶМАҲАЛРО АЗ НАВ БОЗ КАРД
Hindustan Times. Дирӯз дар мамлакат яке аз нодиракориҳои меъмории ҷаҳонӣ- қасри Тоҷмаҳал ба қабули сайёҳон оғоз кард.
Бинобар пандемия он шаш моҳ баста буд. Алъон онро ҳар рӯз на бештар аз 5 ҳазор нафар дар ду навбат тамошо карда метавонад. Ба мақбараи асосӣ, ки қабри Шоҳи Ҷаҳон ва ҳамсараш Мумтоз ҷойгиранд, дар як вақт на зиёда аз панҷ нафар медарояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 341
27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед