logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент, 10 сентябри соли 2008

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, деҳаи  Панҷрӯди шаҳри Панҷакент, 10 сентябри соли 2008

Ҳозирини гиромӣ!
Меҳмонони олиқадр!
Пеш аз ҳама, шумо, меҳмонони гиромӣ ва ҳозирини мӯҳтарамро ба зодгоҳи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс, султони шоирони Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хайрамақдам гуфта, бо самимитарин орзуҳо ҳар кадоми шуморо ба ифтихори 1150-солагии зодрӯзи устод табрик менамоям.
Зодгоҳи устод Рӯдакӣ, деҳаи Панҷрӯд, воқеан яке аз деҳаҳои зебоманзари водии Зарафшон мебошад. Манзараҳои дилкашу ҷаззоби табиати кӯҳистон, махсусан кӯҳи Булбулон, аввалин сарчашмаи илҳоми шоирии Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар будаанд ва дар дили ӯ шавқи суруду мусиқиро барангехтаанд. Бинобар навиштаи Муҳаммад Авфӣ ҳангоми наврасӣ ӯ чунон закӣ ва тезфаҳм будааст, ки ҳанӯз дар ҳаштсолагӣ илми қироат омӯхта, ба шеъргӯӣ оғоз кардааст. Инчунин овози дилчасп ва ҳунари мусиқидонии ӯ ба яке аз ромишгарони моҳири замонаш Абулаббоси Бахтиёр хуш омад ва ӯро ба шогирдӣ пазируфт.
Ба тақозои ҳамин истеъдоди фавқулодда Рӯдакӣ барои омӯхтани илмҳои замони худ ба боргоҳи илму маърифати он рӯзгор – шаҳри Самарқанд рафта, дар он ҷо забони арабӣ, илмҳои фалсафа, ҳикмат, таърих, риёзиёт, нуҷум ва фиқҳро азбар намуд. Донишмандӣ ва ромишгарии Рӯдакӣ тадриҷан дар муҳити адабии қаламрави Сомониён шӯҳрат ёфт ва ӯро нахуст Насри якуми Сомонӣ ба дарбор даъват кард. Баъдан бо ибтикори вазири донишманди Сомониён- Абулфазли Балъамӣ ба пойтахти давлат раҳсипор шуда, дар як муддати кӯтоҳ аз чеҳраҳои шинохтаи дарбори Сомониён гардид ва ба мартабаи ифтихории султони шоирон мушарраф гардид.
Ҳамин тариқ, фарзанде, ки 1150 сол муқаддам дар ин деҳаи сарсабз ба дунё омада буд, бо табъу истеъдоди худододи худ дар осмони шеъру адаб ба дурахшидан оғоз кард. Минбаъд ӯ дар ҷараёни эҷоди назми оламгир мактабе дар шеъру шоирӣ созмон дод, ки бо номи сабки Рӯдакӣ машҳур аст ва дар тӯли садсолаҳои баъдӣ ҳазорон суханварони дигар аз файзи он баҳра гирифтаанд ва ӯро устоду роҳнамои худ хондаанд.
Номи Рӯдакӣ бо раванди таҳкими нуфузи давлати Сомониён, ки яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи давлатдории мо мебошад, пайванди ногусастанӣ дорад. Хизмати Рӯдакӣ дар интишори мақому манзалати Сомониён ва мустаҳкам гардидани оинҳои давлатдории онҳо ва баръакс, дастгирии амирону вазирони сомонӣ дар парвариши нубуғи шоирӣ ва ҳикмату андешаи Рӯдакӣ ниҳоят бузург ва барҷаста мебошад.
Устод Рӯдакӣ бо қудрати ҷонофарини сухан, ҳикмату дониши комил ва маҳорату ҳунари шоирии худ тавонист ҷаҳони шеъри тоҷикиро бо ашъори ҷовидонаи худ бекарона созад.
Коргоҳи эҷодии Рӯдакӣ бисёр рангин буда, ӯ аҳли башарро ба сулҳу дӯстӣ, парастиши хираду дониш, некномиву хайру сахо ва муҳимтар аз ҳама, ба худогоҳиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, номи Рӯдакӣ рамзи ҷовидонаи шеъри ҳакимонаву оламгири мо мебошад.
Бузургтарин  намунаи эҷодиёти ӯ ба назм даровардани китоби пурҳикмати «Калила ва Димна» мебошад, ки бо ҳидояти вазири донишманди Сомониён Абулфазли Балъамӣ анҷом ёфтааст. «Калила ва Димна» на танҳо азамат ва ҳашамати шоирии Рӯдакиро зоҳир кард, балки аз таҳкими пайванди дарахти борвари тамаддуни ниёгони ориёии мо бо тамаддуни ислом ва робитаҳои адабиёти тоҷику форс бо адабиёти ҳинд ва кишварҳои дигар муждаи фараҳбахше расонид.
Ба ибораи дигар, устод Рӯдакӣ бо ин офаридаи олиҷаноби худ давраи нави таърихии адабиёти моро асос гузошта, фарҳангу андешаи гузаштагони ориёии моро бо фалсафаю ҳикмати ҳиндиву юнонӣ ва арзишҳои дини ислом омезиши нек бахшид.
Осори Рӯдакӣ собит кард, ки шеъру адабиёти асил ва сарчашмаҳои маънавӣ бо марзҳои замонию маконӣ маҳдуд нестанд ва шеър бояд чунон офарида шавад, ки дили хонанда ва шунавандаро тасхир созад ва зиндагии ҷовидона пайдо намояд. Ба ин хотир, донишмандон ва соҳибназарони гузаштаву имрӯз шеъри Рӯдакиро ҳамчун намунаи олии бадеияту назокати шеъргӯӣ ва ҳунари суханварӣ эътироф кардаанд.
Ба қавли Унсурӣ «шеъри рӯдакивор» шеъри анҷуманафрӯзест, ки бо дурри шоҳвори дарӣ ороста шуда, дар сабки саҳли мумтанеъ эҷод гардидааст.
Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун гавҳаршиноси асил беҳтарин калимаю ибораҳои ноби тоҷикиро ба олами шеър ва тасвири бадеӣ ворид кард. Дар ашъори ӯ забони фасеҳ, шево ва пурҷозибаи тоҷикӣ бо камоли ҳунармандӣ истифода шудааст, ки ин забон бо гузашти қариб дувоздаҳ аср чун дарахти азиму бороваре қаду бар афрохта, дар ин сарзамин то имрӯз барҷову пойдор ва барои пиру барнои миллати тоҷик ва кулли форсизабонон фаҳмову дастрас ва азизу бебадал аст.
Рӯдакӣ монанди як пайкарасози моҳир бо забони модарии мо пойдевори шеъри классикии тоҷику форсро бунёд ниҳод.
Аз ин хотир, имсол мову шумо якҷоя бо ҷашни шукӯҳманди 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ифтихору сарфарозӣ бузургдошти Соли забони тоҷикиро низ таҷлил менамоем ва ба андешаи ман, тавъам омадани ин ҷашнҳо ифодаи беҳтарини азамат ва шаҳомати забони тоҷикӣ ва шеъри Рӯдакӣ мебошад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш мехоҳам номи донишмандони бузурги ватанию хориҷиро, ки дар омӯзиши зиндагиву осори Рӯдакӣ ва дастраси мардуми олам гардонидани андешаҳои арзишманди ӯ заҳмат кашидаанд, бо эҳтиром ва сипосгузорӣ ёд намоям. Номҳои Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Шиблии Нӯъмонӣ, Эдуард Браун, Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Абдулғанӣ Мирзоев, Аълохон Афсаҳзод ва даҳҳо рӯдакишиносони дигар барои ҳар яки мо ошно ҳастанд ва мо ворисони Рӯдакӣ номи онҳоро бо ифтихор ба забон меорем. Осори бисёре аз онҳо имсол дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯдакӣ ба чоп расид. Аз ҷумла, нашри нави китоби сеҷилдаи Саид Нафисӣ «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ба ихтиёри хонандагон гузошта шуд. Мехоҳам ҳамчунин хотирнишон созам, ки хизматҳои шоистаи устод Саид Нафисӣ дар ҷодаи рӯдакишиносӣ ва таҳқиқу тарғиби адабиёти тоҷик имсол бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр карда шуд.
Ин ҷо бамаврид аст, ки аз хизмати бузурги устод Садриддин Айнӣ дар соҳаи рӯдакишиносӣ ёдоварӣ намоем. Зеро маҳз бо кӯшиши ӯ солҳои сиюми асри гузашта ҷои оромгоҳи Рӯдакӣ дарёфт гардид. Дар ин соат ҳамаи мо дар назди мақбарае қарор дорем, ки онро устод Садриддин Айнӣ дар натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳо ва сӯҳбат бо донишмандону мардони рӯзгордида муайян кардааст.
Мақбараи Рӯдакӣ яке аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихи гузаштаи мо мебошад, ки ҳоло таҷдиди сохтмони он  анҷом ёфта, бо шукӯҳи хоса дар назди мову шумо қомат афрохтааст.
Бояд зикр кард, ки мақбараи нахустини устод Рӯдакӣ ба шарафи 1100 – солагии ӯ соли 1958 бунёд гардида, соли 1999 ба муносибати ҳазору садумин солгарди давлатдории Сомониён тармим шуда буд. Вале он ба талаботи замон ва меъёрҳои услуби меъмории ниёгон чандон ҷавобгӯ набуд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки оромгоҳи устодро мувофиқи тарҳи меъмории биноҳои асри даҳи милодӣ ва тақозои истиқлолу давлатдории миллӣ мувофиқ созад. Дар баробари ин, осорхона ва чойхонаи ҳудуди оромгоҳ тармиму бозсозӣ гардида, дар рӯ ба рӯи он боғи наве бунёд карда хоҳад шуд.
Ҳоло мову шумо шоҳиди он ҳастем, ки бо сарфи беш аз шаш миллион сомонӣ мақбараи устод ба як қадамгоҳи зебову дилкаш табдил ёфта, барои зиёраткунандагон ҳамаи шароити хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи роҳбарону масъулон, меъморону муҳандисон ва сохтмончиёну бинокороне, ки дар бунёди ин оромгоҳи мӯҳташам, таъмиру тармими осорхонаи устод Рӯдакӣ саҳм гузоштаанд, миннатдории худро изҳор менамоям. 
Итминони комил дорам, ки  ин ёдгории таърихӣ ҳамчун нишоне аз садоқату ихлос ва меҳру иродати мо, ворисони имрӯзаи Рӯдакӣ, нисбат ба асосгузори адабиёти оламшумули тоҷику форс барои  наслҳои оянда боқӣ хоҳад монд. Инчунин бо камоли эътимод изҳор медорам, ки номи Рӯдакӣ ҳамчун рамзи ягонагии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ҳамчун рамзи дӯстии халқҳо ва нишонаи сулҳу сафо, адолатпарварӣ, инсондӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷовидона боқӣ мемонад.
Бори дигар, ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, меҳмонони олиқадр ва тамоми мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо ҷашнҳои 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии зодрӯзи қофиласолори шеъри Аҷам-Одамушшуаро Рӯдакӣ ва бузургдошти Соли забони тоҷикӣ муборакбод намуда, бароятон тандурустӣ, хонаободӣ, файзу баракат ва фатҳу пирӯзиҳои нав орзумандам. Ва бо забони шоир гуфтаниям, ки:

Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,
Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.

Ҷашни фархундаи зодрӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои ҳар кадоми шумо муборак бод!
Ташаккур!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1873
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед