logo

Хабарҳо

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

Дар ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон баргузор мегардад, омодагиҳо муташаккилона идома доранд.
Бино ба гуфти раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Тоҷикобод № 13 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Нуров, ҳавза аз 33 участка иборат мебошад ва тамоми онҳо бо лавозимоти зарурӣ таъмин шудаанд.
Ҳайати комиссияи участкаҳои интихоботӣ ҳафтнафарӣ  буда, тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият мебаранд.
Чуноне медонем, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба шумор меравад, аз ин рӯ, аъзои комиссия, пеш аз ҳама, ҷидду ҷаҳди хешро ба он равона кардаанд, ки раъйдиҳандагон бе мамоният дар он ширкат варзида, ба хотири пешрафти Ватани азизамон, ба шахси арзанда овоз диҳанд.
Дар робита ба ин, аъзои комиссия пайваста бо сокинони ноҳия мулоқоту вохӯриҳо гузаронда, дар онҳо оид ба мақсад ва моҳияти интихоботи президентӣ ба мардум маълумоти муфассал пешниҳод мекунанд.
Ҳамзамон, баҳри мувофиқи талаботи ҷомеаи демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳим аз ҷониби аъзои комиссия тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 423
27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед