logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани ҳудуд ва шумораи пешакии интихобкунандагон таъсис дода шуда, ҳамаи онҳо ном ва рақамгузорӣ шуданд.
Дар ҳар як участкаи интихоботии ҳавзаи № 1 ноҳияи Фирдавсӣ шиору овезаҳо ва навиштаҷоти даъват ба интихоботро дидан мумкин аст. Ҳамчун намуна қуттии овоздиҳӣ, қонуну санадҳои дахлдор оид ба интихобот, маводи конселярӣ, рӯйхати интихобкунандагоне, ки то имрӯз ба қайд гирифтаанд ва буклету варақаҳо бо тартиби муайян гузошта шудаанд.
Ҳамидҷон Мухаков, раиси ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фирдавсӣ №1, зимни суҳбат иброз дошт, ки онҳо барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодаанд ва бо итминони комил метавон гуфт, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ ба таври шаффоф баргузор гардида, интихобкунандагон ба номзадҳои арзанда раъй хоҳанд дод. Дар ҳавзаи № 1 ноҳияи Фирдавсӣ 41 участкаи овоздиҳӣ омода буда, бюллетенҳо ва брошюраҳо ҳамарӯза тақсим карда мешаванд. Инчунин, то имрӯз 76 616 интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст.
- Тамоми талошҳоро анҷом медиҳем, ки раванди омодагӣ ва баргузории интихобот дар ҳудуди ҳавза бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар фазои озоду шаффоф доир шавад ва ҳуқуқи интихобкунандагон халалдор нагардад, - иброз дошт Ҳамидҷон Мухаков.
Тибқи иттилои ӯ, аъзои комиссияи ҳавзавӣ ҳар рӯз ба участкаҳои интихоботӣ рафта, бо раисон ва аъзои комиссияҳои участкавӣ вохӯрӣ гузаронда, аз рафти корҳояшон ва камбудию норасоиҳо пурсон мешаванд. Аз 6 август таблиғ ва ташвиқи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 10 октябр идома хоҳад кард. Дар ин марҳала интихобкунандагон бо номзадҳо ва барномаҳои онҳо зимни мулоқот, тавассути радиову телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо шинос шуда, барои раъй додан омода мешаванд.

Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 424
27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед