logo

суханрониҳо

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш, 23 сентябри соли 2020

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Боиси ифтихор аст, ки сокинони сарбаланду меҳмондӯсти ноҳияи Вахш солҳои охир бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободиву пешрафти ин мавзеи зархези Тоҷикистони азиз ва дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои миллиамон саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд, ки ба ҳамаи онҳо дар ҷодаи вусъати амалҳои созандаашон барору комёбиҳо орзумандам.
Дар ин раванд, мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тамоми дастовардҳои то имрӯз ноилшудаи мо, дар навбати аввал, таъмин гардидани рушди босуботи кишварамон аз баракати Истиқлоли давлатӣ, суботу оромии ҷомеа, бахусус ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии халқамон, ба даст омадаанд.
Ҳадафи сафари имрӯзаи мо шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Вахш, ҷараёни иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва раванди корҳои ободониву  созандагӣ  дар  ноҳия  мебошад.  Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки омили асоситарини ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷуда муттаҳидиву сарҷамъии сокинон, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии мамлакат мебошад ва мо метавонем танҳо бо заҳмати созандаву аҳлонаи худ сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо гардонда, дар роҳи тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш равем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Вахш аз ҳисоби Буҷети давлатӣ беш аз 708 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 183 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 338 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ҳоло амалисозии 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳсозии инфрасохтори шабакаҳои барқии ноҳия ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол аз ин ҳисоб 18 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Дар ноҳияи Вахш барои истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллиамон сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 342 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 215 иншоот ба маблағи беш аз 45 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахшро зарур аст, ки корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида, дар ин раванд ба сифати корҳои сохтмон ва риояи санъати меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда эътибори махсус зоҳир намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Таъкид менамоям, ки яке аз омилҳои таконбахши рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷрои саривақтӣ ва сифатноки таъмини нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ мебошад. Ҳарчанд нақшаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳо дар ноҳияи Вахш дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 98,3 фоиз иҷро шудааст, вале нақшаи ҷамъоварии чор намуди андоз таъмин нагардидааст. Дар ин давра бо мақсади дастгирии буҷети ноҳия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 17 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо шудааст. Ҳамзамон бо ин, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ бақияи қарзи андозҳо беш аз 16 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба аввали соли 2020 беш аз 5,4 миллион сомонӣ зиёд гардида, аз масъулон андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд. Барои ислоҳи вазъи дар ин самт бамиёномада, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш супориш дода мешавад, ки ҳолати зикршударо ҳаматарафа омӯхта, ҷиҳати таъмини пурраи нақшаи даромади андозҳо ва пардохтҳо, кам кардани маблағи бақияи қарзи андоз ва роҳ надодан ба афзоиши минбаъдаи он чораҳои фаврӣ андешанд.
Бахши соҳибкории хурду миёна дар рушди иқтисодиёти ноҳия нақши муҳим мебозад. Солҳои охир дар ноҳия ҳаҷми маҳсулоти аз ҷониби соҳибкорон истеҳсолшаванда торафт афзуда истодааст. Саҳми соҳибкорон, хусусан дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, бештар ба назар мерасад. Ҳамзамон бо ин, соҳибкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия низ хеле рушд кардааст.
Ба сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки дар доираи ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ доир ба дастгирӣ ва рушди боз ҳам бештари соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд. Солҳои охир бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ пешниҳоди маблағҳо аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Вахш 33 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар натиҷаи амалисозии иқдомҳои зикршуда ва дар доираи дастгириҳои давлатӣ соҳибкорони ноҳия дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 840 ҷои нави кор таъсис додаанд. Вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти шумораи бекорон ва афзоиши босуръати аҳолии ноҳия басанда набуда, масъулонро зарур аст, ки роҳу усулҳои иловагии таъсиси ҷойҳои нави кориро ҷустуҷӯ намоянд.
Вахш ноҳияи аграриву саноатӣ буда, барои бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои зиёд дорад. Ҳоло дар ноҳия 22 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо 75 миллион сомониро ташкил додааст, ки ба 101 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст. Дар баробари ин, фаъолияти корхонаҳои мавҷуда ва ҷараёни таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, инчунин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, суръати рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои нав ва ташкил намудани ҷойҳои нави кор ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадоранд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар асоси таҳлили иқтидорҳои мавҷуда, ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ, бахусус дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, чораҷӯӣ намуда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ба таври васеъ ба роҳ монанд.
Дар ҳолати бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ имконияти бо ҷои кор таъмин намудани ҳазорҳо нафар сокинони ноҳия ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда ба вуҷуд меояд, ки метавонад рушди бемайлони ноҳияро таъмин намояд.
Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбарандаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Вахш буда, нақши он дар ташаккули қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия назаррас мебошад. Дар ҳафт моҳи соли 2020 кишоварзони ноҳия ба маблағи 495 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз зиёд мебошад.
Пахта яке аз зироатҳои асосии соҳаи рустанипарварии ноҳия ба ҳисоб рафта, кишти он соли ҷорӣ дар майдони 9600 гектар анҷом дода шудааст, ки ба 100 фоизи дурнамои кишт баробар мебошад. Кишоварзони ноҳия дар ин давра дар 7500 гектар кишти такрорӣ гузарондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд мебошад.
Дар ноҳия имкониятҳои боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва заминҳои обии аз гардиш берунмонда зиёданд. Масалан, дар ноҳия 22,9 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуд буда, соли ҷорӣ 13 гектар замини корами обӣ бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обрасонӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Бо дарназардошти он ки соли ҷорӣ, дар оғози ҳазораи нав, яке аз вазнинтарин солҳо дар ҳаёти башар, аз ҷумла мардуми мо, мебошад, ман дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат тамоми роҳбарону масъулонро доир ба 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, яъне нони дуюм ва то 60 фоиз афзоиш додани масоҳати кишти такрории ғалладонагиҳо, аз ҷумла ҷуворимакка, шолӣ, лӯбиёиҳо ва зироатҳои дигар, вазифадор намудам.
Бояд гуфт, ки соҳаи картошкапарварӣ барои хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Вахш соҳаи даромаднок ба ҳисоб меравад. Вале дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ, бо вуҷуди имкониятҳои фаровони ноҳия, ҳаҷми истеҳсоли картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 4300 тонна ё 34 фоиз коҳиш ёфта, майдони кишти он 225 гектар ё 31 фоиз кам шудааст, ки чунин вазъ нигаронкунанда мебошад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки норасоии тухмиҳои хушсифат, бад будани ҳолати мелиоративии заминҳо ва танқисӣ аз оби полизӣ дар мавсими обёрӣ сабабҳои ба чунин ҳолат расидани истеҳсоли картошка гардидааст.
Роҳбарону масъулон бояд ба масъалаи истифодаи самараноки ҳамаи имконияту захираҳо, пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи самараноки тухмиҳои хушсифат ва замин, зиёд намудани кишти картошка ва майдони боғҳо, алалхусус боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдории меваю сабзавот, бастубанд ва содироти он, инчунин, тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ, эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бояд доир ба зиёд намудани майдони кишт тавассути таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои бекорхобида ва обёрии заминҳои нав тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дӯстони азиз!
Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ эътироф гардида, омили асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, Ҳукумати мамлакат дар давраи солҳои 1991 – 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Вахш сохтмони 41 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагиро барои 8500 ҷойи нишаст сохта, ба истифода додааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия имрӯз бо дарназардошти марказҳои инкишофи кӯдак 1400 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда ҳамагӣ 6 фоизи кӯдакони зинаи таҳсилоти томактабиро ташкил медиҳад. Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Вахш 8 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 712 кӯдак ва 64 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 45 ҳазор нафар хонанда фаъолият дорад ва шумораи умумии хонандагон нисбат ба соли таҳсили 2018 – 2019 қариб 2 ҳазор нафар зиёд гардидааст.
Соли 2020 дар ноҳия ду бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 21 синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳияи Вахш сохтмони биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои коллеҷи махсусгардондашуда ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ идома дошта, то имрӯз ба маблағи қариб 10 миллион сомонӣ корҳои сохтмон иҷро гардидаанд. Иншооти мазкур аз бинои таълимӣ барои 3000 хонанда, хобгоҳи хонандагон барои 1200 ҷойи хоб, хобгоҳи муаллимон барои 60 манзил, майдончаи варзиш ва биноҳои ёрирасон иборат аст. Ҳамчунин, дар ноҳия ба истиқболи Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони иншооти соҳаи маориф босуръат идома дорад.
То ҳанӯз дар соҳаи маорифи ноҳия баъзе мушкилот вуҷуд дорад, ки ба сатҳи таълими хонандагон таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рақами 47 ва 80 раванди таълиму тарбия дар се баст ба роҳ монда шудааст. Норасоии омӯзгорон, ҷойҳои нишаст, китобҳои дарсӣ, ба ҷои кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон ва таъмирталаб будани як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумиву томактабӣ аз мушкилоти ҳалталаби соҳаи маорифи ноҳия ба ҳисоб мераванд. Илова бар ин, татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020 ташвишовар буда, тибқи он дар ноҳия то соли 2020 сохтмони 15 муассисаи томактабӣ ва 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ба нақша гирифта шуда буд, вале мувофиқи маълумот, то имрӯз ягон муассиса бунёд нашудааст.
Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш супориш дода мешавад, ки ба масъалаи бартараф намудани масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, барои фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сифати таълим тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ноҳия муассисаҳои тандурустиро мунтазам бо маводу таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин менамояд. Дар муассисаҳои тиббии ноҳия 105 табиб ва 774 корманди миёнаи тиб фаъолият дошта, барои тадриҷан бартараф намудани норасоии табибон ҳоло бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 146 нафар, аз ҷумла 37 нафар духтарон, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил карда истодаанд, ки 18 нафари онҳо бо Квотаи президентӣ донишҷӯ шудаанд. Бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои тиббии ноҳия то ҳол воҳидҳои холии корӣ зиёд мебошанд. Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисоси тиббӣ, истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа ва сифати ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудӣ мехоҳад. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоту идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳия ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, таъминот бо кадрҳои баландихтисос, аз биноҳои ғайриихтисосӣ баровардани бунгоҳҳои саломатӣ ва беҳтар ба роҳ мондани риояи қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Имрӯз мо як беморхонаи муосирро ба истифода супурдем ва ба роҳбарону мутахассисони он супориш додем, ки сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ тибқи меъёрҳои замонавӣ ва бо дарназардошти андешаҳое, ки мо чанде пештар дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ баён доштем, ба роҳ монанд.
Бо мақсади ба мушкилот дучор нагардидани сокинон ва соҳаҳои муҳими мамлакат, махсусан муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва аҳолӣ, зарур аст, ки роҳбарони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Вахш, ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, доир ба захираи сӯзишворӣ дар муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фаъолияти муназзами шабакаҳои барқӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, инчунин, захираи дусолаи маҳсулоти озуқа дар ҳар як оила чораҷӯӣ намоянд.
Вазъи ноороми ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор месозад, ки барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ҳамеша омода бошем, суннату анъанаҳои неки фарҳанги миллӣ, аз ҷумла сарфаю сариштакориро риоя намоем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем.
Роҳбарону мутахассисон, фаъолону соҳибкорон ва, умуман, кулли сокинони ноҳия бояд кӯшиш кунанд, ки диёри худро ободу зебо гардонанд ва барои зиндагии боз ҳам беҳтар саъю талоши хешро дареғ надоранд.
Бовар дорам, ки роҳбарони ноҳияи Вахш, соҳибкорони бонангу номус, шахсони саховатпеша ва сокинони заҳматпешаи он чун ҳарвақта сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиро вусъати тоза мебахшанд ва барои боз ҳам зебо гардондани ин гӯшаи Ватани азизамон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2020    №: 184 - 185    Мутолиа карданд: 231
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед