logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАШХИСӢ - ТАБОБАТИИ “РӮҲАФЗО”

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Борбади Марвазии ноҳияи Вахш бинои хуштарҳу замонавии маркази ташхисӣ-табобатии “Рӯҳафзо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз таҳхона ва ду бинои алоҳидаи дуошёна иборат мебошад. Муассисаи нави тандурустӣ  аз  ҷониби  соҳибкорони  ватанӣ,  дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давоми яку ним сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Марказ дорои гӯшаи гиёҳдармонӣ, дандондармонӣ, озмоишгоҳ, утоқҳои махсуси ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии дил, ҳуҷраҳои безараргардонӣ, духтури чашм, ташхису муолиҷаи бемориҳои гӯшу гулу ва бинӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, иншоот 24 утоқи хизматрасонӣ дорад. Утоқҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, барои кормандон имкони хуби ташхису муолиҷаи маризон фароҳам мебошад. Ба корафтодагон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони пуртаҷриба, бо усули замонавӣ, 12 намуди хизмат-расонии тиббӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон, барои қабули беморон 20 кати хоб муҳайёст. Дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои Олмон ва Туркия дастрас ва васлу насб шудаанд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифат бунёд ёфта, 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, табибонро ба истифодаи маҳорату малакаи касбӣ, баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳидоят намуданд.
Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, барои рушду пешрафти он, ба хотири таъмини солимии аҳолӣ, ки бойигарии давлат мебошад, имконоти фарохро муҳайё месозад. Ин аст, ки имрӯз, дар баробари мукаммал гардидани шароити хизматрасониҳо дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, ҳавасмандии бахши хусусӣ низ ба ин самт бармало эҳсос мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Вахш 76 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла беморхонаи марказӣ, чор беморхонаи рақамӣ, маркази саломатӣ, 13 маркази саломатии деҳотӣ ва 52 бунгоҳи тиббӣ, фаъолият мекунад.

БОЗДИД АЗ ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш, ҳамчунин, аз ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигии бародарон Собирҷон ва Олим Баротзодаҳо дидан намуданд.
Масоҳати замини наздиҳавлигии бародарон Баротзодаҳо 8 садякро дар бар мегирад ва тибқи ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар самти гирифтани ҳосили фаровон аз қитъаҳои корам ҳамаи он пурсамар истифода мегардад. Дар замини наздиҳавлигии бародарон ҳамасола анвои гуногуни зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаланфури булғорӣ, лӯбиёӣ ва ғайра парвариш мешавад. Баротзодаҳо, бо истифода аз маданияти баланди заминдорӣ, аз қитъаи наздиҳавлигии хеш ҳамасола ду – се ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила, ба қадри кофӣ маҳсулот захира мекунанд ва ба бозор низ мебароранд. Ҳоло баъди гирифтани ҳосили якум ва дуюм бародарон кишти тирамоҳии зироатҳоро ба роҳ монданд, ки нашъунамои хуб дорад.
Пешвои муаззами миллат ба хонаводаи Баротзодаҳо, ки ҳамчун оилаи ҷавон ва намунавӣ ба шумор меравад, барои истифодаи самараноки замин ва ба ин восита дастгирӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ба онҳо ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулот дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсули заҳмати бародарон ва захираи маводи озуқаи ин оила низ дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола бонувони ин хонавода аз ҳосили замини наздиҳавлигии худ ва боғоти он маҷмӯи гуногуни хӯрданиҳо, аз ҷумла мураббо, шарбати мева ва намудҳои гуногуни хӯришҳо, омода ва захира менамоянд. Захираи картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва намуди гуногуни лӯбиёиҳо дар ин оила низ аз замини наздиҳавлигӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилаи Баротзодаҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истифодаи оқилонаву самараноки ҳар порча замин ва рӯёндани ду – се ҳосил ҳидоят намуданд.
Ба ин оилаи намунавӣ барои дастгирӣ аз сиёсати Ҳукумати кишвар, дар самти истифодаи самараноки замин, туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим  шуданд.
Дар ҳамин ноҳия сокинони кӯчаи ба номи Хайриддин Давлатови шаҳраки Вахш ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти нонӣ ва захираи хӯроквориро ба намоиш гузоштанд.
Тавре маълум гардид, сокинони ноҳия заминҳои дар ихтиёрдоштаро пурсамару мақсаднок истифода мекунанд ва дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мебаранд.

ИФТИТОҲИ БЕМОРХОНАИ КЛИНИКӢ ВА ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТИИ БАЛАНДОШЁНА
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш дар деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон беморхонаи клиникии ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, тибқи нақша – чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов бунёд гардид. Иншоот дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занонаву дарунӣ ва шуъбаи кӯдакона буда, бо тарҳи зебо бо ҷалби мутахассисони ватанӣ сохта шудааст.
Ҳангоми сохтмони ин иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ, 50 сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин буд.
Дар таҳхонаи бино маъмурият, ду дорухона ва ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳои қабули корафтодагон буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 40 нафар ҷои кори доимӣ муҳайё гардид.
Ҷароҳатхона, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, кӯдакона, амрози занонаву дарунӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои бистаринамоӣ дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм ҷойгиранд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи сиҳатии ҷомеа, ки бойигарии давлат маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи хосса медиҳад. Дар ҳамин замина, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, бо татбиқи барномаҳои гуногун ва афзоиши маблағгузории соҳаи тандурустӣ, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беморхонаҳои нав бунёд ёфта, биноҳои мавҷуда таъмиру навсозӣ шуданд.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири хизматрасонӣ дар бинои хуштарҳи беморхонаи клиникии ба номи Абуалӣ ибни Сино иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Вахш 76 муассисаи тандурустӣ мавҷуд буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бунёди беморхона моҳи августи соли 2017 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави соҳаи тандурустӣ, баробари муҳайё сохтани шароити мусоиди табобату муолиҷаи корафтодагон, барои таҷрибаомӯзии муҳассилони коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш низ заминаи хубро фароҳам овард.
Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона истеҳсоли ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, аз кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Россия ва Олмон, дастрас гардидаанд.
Бо назардошти беҳшавии фаъолияти табибон, дар беморхона 43 утоқи кории барҳаво бунёд ва бо мебелу дигар лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагӣ баҳои баланд дода, бо изҳори сипосу миннатдорӣ, амали ҷавонмардонаи соҳибкорро барои бартарафсозии мушкилоти сокинон дар самти дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ шоистаи таҳсин хонданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони беморхона барои истифодаи пурсамар аз шароити фароҳамгардида ва истифодаи тамоми малакаю маҳорат ҷиҳати ҳифзи сиҳатии сокинон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо мақсади такмили инфрасохтор, татбиқи барномаҳои гуногунро рӯйи даст гирифта, бо бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазсозии иншооти соҳаи тандурустӣ дар ин самт дастовардҳои назаррас ба даст овард.
 Дар ноҳияи Вахш ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муассисаи тандурустӣ сохта шуда, беморхонаи марказии ноҳия навсозӣ ва бо дастгоҳҳои муосири соҳавӣ таъмин хоҳад гашт.
Атрофи беморхонаи клиникии ба номи Абуалӣ ибни Сино бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зинат ёфта, дар саҳни он ду фаввора сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар беморхона ва суҳбати самимӣ бо кормандони он, дар ҳамин ҷо ба бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» ва табибони ин беморхона санги асос гузоштанд.
Биноҳои истиқоматӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Қурбоналӣ Юсупов дар масоҳати як гектар сохта мешавад. Тибқи лоиҳа, иншоот аз ду бинои панҷошёна иборат буда, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, дар он 60 омӯзгор бо манзили зист таъмин мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, ба масъулону бинокорон дастур доданд, ки ҳангоми сохтмон аз масолеҳи аълосифат истифода баранд.
Дар муассисаи мазкур 45 омӯзгори баландихтисос фаъолият дошта, дар асоси сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аз шароити мусоиди фаъолият бархӯрдоранд.

ИФТИТОҲИ МАҶМААИ ФАРҲАНГИИ “ОФТОБАК”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш, ҳамчунин, маҷмааи фарҳангии “Офтобак” - ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ дидан карданд.
Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов, дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҷиҳати истиқбол аз Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохта шудааст.
Иншоот дар назди хоҷагии деҳқонии тухмипарвари “Кӯлоб” дар масоҳати 1100 метри мураббаъ қомат афрохта, корҳои сохтмониро 40 нафар бинокори варзидаи маҳаллӣ анҷом дод. Он дорои толори барҳаво барои баргузории чорабиниҳои гуногун бо 1500 ҷойи нишаст мебошад. Маҷмаа бо усули меъмории миллӣ бунёд гардида, деворҳои он бо манзараҳои дилфиреби Ватан оро ёфтаанд. Тавре иттилоъ доданд, иншоот дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) сохта шуда, метавонад барои меҳмонону сайёҳон муаррифгари зебоиҳои Тоҷикистони азиз, аз ҷумла ноҳияи Вахш, бошад. Атрофи иншоотро суҳбаткада, фаввора ва ҳайкалчаҳо зинат медиҳанд.
Дар ноҳияи Вахш, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмили инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, рушди фарҳанг ва, дар маҷмӯъ, фароҳамсозии шароити хуби истироҳату фароғат барои сокинон, тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Соҳибкорони бонангу номуси ноҳияи Вахш, бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, аз имконоту шароити фароҳамкардаи давлату Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба истифода мебаранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши дастовардҳои кишварзон ва саноати хӯроквории ноҳия дидан карданд. Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, полизӣ ва ғалладонагию лӯбиёиҳо, ки бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ парвариш шудаанд, муаррифӣ гаштанд.
Кишоварзони ноҳияи Вахш дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили фаровон дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Дар ноҳияи Вахш зиёда аз 6500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, замини корам 16 815 гектарро ташкил медиҳад.  Кишоварзони ноҳия ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа, маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.
Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашони ноҳия, иттилоъ доданд, ки тайи 8 моҳи соли равон 28255 тонна ғалладонагӣ, 8423 тонна картошка, 57 797 тонна сабзавот, 39 339 тонна полизӣ, 2602 тонна мева, 3615 тонна ангур, 3725 тонна гӯшт, 11 406 тонна шир, 1 миллиону 510 ҳазор дона тухм ва 21 тонна асал истеҳсол шудааст.
Дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар зиёда аз 4232 тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 276 тонна зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла истеҳсолоти корхонаҳои коркарди шир, консерва, шириниҳо ва дигар навъи маҳсулотро ба маъраз гузоштанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ноҳия 22 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми 8 моҳи соли равон ба зиёда аз 78 миллион сомонӣ расид.
Дар ноҳия барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода мешаванд ва дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта хоҳанд шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз хоҷагии деҳқонии тухмипарвари “Кӯлоб” дидан карданд.  Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 930 гектар замин дошта, заҳматкашони он соли равон дар майдони 773 гектар пунбадона, аз ҷумла дар 251 гектар пунбаи навъи “Маҳиннахи 9326-В”, киштанд.
 Дар хоҷагӣ 1100 нафар фаъолият дошта, ҳамасола то 2319 тонна ҳосил ба даст оварда мешавад, ки ин нишондод ба ҳар гектар 30-сентнерӣ рост меояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чинакчиёни хоҷагӣ суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Хоҷагӣ, инчунин, дорои 20 гектар боғ буда, меваҳои хуштаъму лазизи он дар бозори дохилӣ ва берун аз кишвар талабгорони зиёд дорад.
Аҳли заҳмати хоҷагии тухмипарвари “Кӯлоб”, баробари парвариши пахта ва ниҳолҳои мевадиҳанда, дар самти кирмакпарварӣ низ таҷрибаи хуб доранд. Ба иттилои масъулони соҳа, ҳамасола дар хоҷагӣ 50 дарсад (200 қуттӣ)-и  кирмаки ноҳия парвариш мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи аҳли заҳмати хоҷагии тухмипарвари “Кӯлоб”-ро намунавӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои дарихтиёрдошта ва афзоиши истеҳсоли маҳсулот ба онҳо дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАХШ
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва оғоз бахшидан ба бунёди иншооти дигар, бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш мулоқоти самимӣ доир карданд.
Ҳадафи сафари имрӯзаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷараёни иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва раванди корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Вахш маънидод карда, ба сокинон барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун – донишҷӯён Марҳабо Ҷумъаева ва Худойдод Зарифов, собиқадорон Абдуқаюм Муминов ва Абдуҷалол Салимов   баромад карда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар барои фароҳам овардани шароити созгори кору зиндагӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Нимаи дуюми рӯзи 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон, бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
 Сокинони меҳнатқарину сарбаланди ин шаҳри бостонӣ Пешвои муаззами миллатро дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб бо самимияту эҳтироми хосса истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат, бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон, нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони маҷид баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотиҳа карданд.
 Мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ таҷдиду навсозӣ гардида, ба макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба он ташриф меоранд.
 Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон кард ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондани ҳудуди ин макони таърихӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонони дохилию хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи автомобилгард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ шинос шуданд.
 Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаи якуми татбиқи лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб муаррифӣ гардид. Аснои шиносоӣ, иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур се марҳиларо дар бар гирифта, сохтмони он чор сол давом мекунад.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳа таҷдиди хатҳои обгузар ва шабакаҳои обтаъминкунӣ, аз ҷумла 35 километр барқарорсозии хатҳои обгузари қутрашон аз 325 то 600 миллиметра, ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, сохтмон ва барқарорсозии обанборҳо, аз ҷумла таҷдиди 16 чоҳи амудӣ, насби 10 обкаши зериобӣ, трансформатрҳои барқии 400 ва 630 кВт, сохтмони 3700 метр хатти интиқоли барқи 10кВ, навсозии обанбори Тебалай, бунёди ҳавзи нигоҳдории 6000 метри мукааб об, 2 ҳавзи нигоҳдории 3000 метри мукааб об, сохтмони бинои электролизерӣ, бинои нави пойгоҳи обкашӣ бо насби 8 агрегати насосӣ, навсозии пойгоҳи обкаши дуюм ва насби 11 агрегати насосӣ, сохтмон ва барқарорсозии пойгоҳи обкашии барориши сеюм, аз қабили сохтмони пойгоҳи обкашии нав бо насби 4 насоси обкаш, бунёди 4 ҳавзи нигоҳдории об бо ғунҷоиши аз 1500 то 2500 метри мукааб ва насби обченкунакҳо дар назар аст.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва беҳдошти об дар шаҳр, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, ҷорӣ намудани низоми устувор, инчунин, таҳкими иқтидори корхонаи хизматрасонии бахши таъминоти об мебошад.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ дар шаҳри Кӯлоб муаррифӣ гардид.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи таъмир ва барқарорнамоии роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб, дар марҳилаи якум давоми солҳои 2015 – 2016, бо харҷи 4,8 миллион доллари ИМА 5,8 километр роҳи се кӯчаи шаҳр – Сафаров, Ҳилоли Аҳмар, Сохтмончиён ва Лағмон-Яхсу, таъмир гашта, як пул бо дарозии 30 ва паҳноии 10,8 метр навсозӣ шуд.
Дар марҳилаи дуюм бошад, таъмиру таҷдиди 11,4 километр роҳи шаш кӯчаи шаҳри Кӯлоб ба сомон расида, асфалтпӯш гардид. Ҳамчунин, 6,4 километр роҳ чароғон ва ду пул бо дарозии 24 метр навсозӣ шуд ва  маблағи марҳилаи дуюм  низ 4,8 миллион долларро ташкил дод.
Дар маҷмӯъ, дар ду марҳила 17,2 километр роҳи дохилии шаҳри Кӯлоб таъмиру таҷдид, 3 пул навсозӣ ва 6,4 километр роҳ чароғон гардид.
Ҳангоми  муаррифии лоиҳаи сеюм, гуфта шуд, ки таъмири роҳҳо ва  равшаннамоии 12 кӯчаи шаҳр бо дарозии қариб 12 километр навсозӣ гашта, пули 39-метраи роҳи Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб таҷдид мегардад. Тадбири мазкур имкон фароҳам меорад, ки роҳҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошанду сокинону меҳмонон бемамоният рафтуомад кунанд.
Ҳамаи ин иқдомҳои созандаро сокинони шаҳри Кӯлоб самараи соҳибистиқлолӣ, сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи нақша-чорабиниҳо дар доираи эълон гаштани  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ мекунанд.
 Дар баробари муаррифии лоиҳаҳои роҳу системаи обтаъминкунии шаҳр, ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти татбиқи лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб шинос шуданд.
Лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз гардида, он соли 2021 анҷом меёбад. Арзиши лоиҳа 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, 3 марҳиларо дар бар мегирад.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави идоракунии партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар гардондани вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Кӯлоб, инчунин, сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз стандартҳои замони муосир мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ин се лоиҳаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои босифат анҷом додани корҳои пешбинишуда ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогардида, ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Воқеан, бо амалӣ гаштани ин лоиҳаҳо, яъне таъмини аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ, таҷдиду навсозӣ ва чароғон гаштани роҳҳои дохилӣ ва сари вақт ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ ба ҳалли яке аз мушкилоти асосии сокинони шаҳри Кӯлоб мусоидат менамояд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МЕҲМОНХОНА ВА МАРКАЗИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ “ШАРОРА”
Дар  доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву замонавии “Шарора”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Меҳмонхонаи сеошёна аз 18 ҳуҷра иборат буда, имкони қабули 40 нафар мизоҷро дорад. Он аз ҷониби бонуи соҳибкор Шарора Ҳакимзода ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Барои кору хизматрасонӣ дар он 30 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин шуд.
Меҳмонхона бо мебел ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонии он ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонуи соҳибкор барои бунёди меҳмонхонаи муосир изҳори сипос намуда,  ин иқдоми ватандӯстонаро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор барои сокинони маҳаллӣ намунаи ибрат хонданд.
Меҳмонхонаи “Шарора” бо мақсади мукаммал намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шудааст.
Минбаъд сайёҳони дохилию хориҷӣ имкони бештари дастрасӣ ба ҷои хоб ва хизматрасониро пайдо менамоянд, зеро бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхона ба меҳмонону сайёҳон шароити арзанда фароҳам гардид.
Барои сохтмони меҳмонхона мутахассисони баландпояи маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расидаанд.
Дар ошёнаи аввали меҳмонхонаи хуштарҳу замонавӣ маркази “Дунёи ҳунар” таъсис ёфта, дар он намоиш ва фурӯши намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо ташкил гардидааст.
Дар ин ҷо гӯшаҳои алоҳида, аз қабили созҳои миллии дутор, дафу доира, най, маснуоти заргарӣ, матоъҳои гулбаст, либосҳои миллӣ, санъати рассомӣ, тоқидӯзӣ, нигораҳо дар чӯб, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ ва сандуқсозӣ, ки ҳамагӣ маҳсули дастранҷи ҳунармандони чирадасту хушсалиқаи шаҳри бостонии Кӯлоб мебошанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Таваҷҷуҳ ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб тайи солҳои охир бештар гардида, ҳунармандон мероси аҷдодиро бо риояи унсурҳои миллӣ равнақ мебахшанд.
Ҳамчунин, дар меҳмонхона қаҳвахона мавҷуд аст, ки дар он барои меҳмонон ва сайёҳон ғизоҳои гарму болаззат омода гашта, бо сатҳи баланд хизмат расонда мешавад.
Саҳн ва атрофи меҳмонхона бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат ёфтааст. Шабона намои берунаи меҳмонхона чароғон шуда, зебою назаррабо мегардад.

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Борбад воқеъ буда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он 47 синфхона, аз ҷумла фанни химия, анатомия, биология, озмоишгоҳҳо, китобхона, маҷлисгоҳ, хонаи омӯзгорон, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон, мавҷуд мебошад.
Ҳамчунин, дар шафати бинои нави таълимӣ ошхона бо 50 ҷои нишаст ҷойгир аст, ки дар он ғизоҳои гарму болаззат омода ва пешниҳод мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам шудани имконияти мусоиди илмомӯзӣ масъулонро ҷиҳати тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббию фарматсевтӣ вазифадор намуданд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус равона намуда, бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда босамар истифода менамояд. Ҳамзамон, тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Фармоишгари бинои нави таълимӣ Муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба анҷом расидаанд.
Дар ин муассисаи таълимӣ 80 нафар фаъолият менамояд, ки аксари онҳо омӯзгорони ботаҷриба мебошанд. Бо бунёд шудани бинои хуштарҳу замонавӣ барои донишҷӯён, бо истифода аз тахтаҳои электронӣ, синфхонаи барҳавои компютерӣ ва дигар аёнияти зарурии таълимӣ, шароити арзандаи илмомӯзӣ фароҳам гардид.
Таълим дар муассиса ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари омӯзиши фанҳои тахассусӣ, ба аз худ кардани забонҳои хориҷӣ диққати махсус равона мешавад.
Дар коллеҷ, пас аз хатми мактаби миёна, аз рӯйи 5 ихтисос – момодоягӣ, фарматсевтӣ, табобатӣ, ҳамширагӣ ва дандондармонӣ мутахассис омода мешавад. Ҳамзамон, аз рӯи ихтисоси ҳамширагӣ баъд аз хатми синфи 9 низ тайёр намудани мутахассисон ба роҳ монда шудааст.
Дар бинои навсохти таълимӣ 565 донишҷӯ дар ду баст таҳсил намуда, муҳлати омӯзиш аз 3 то 4 солро дар бар мегирад. Бо дарназардошти фаровонии рустаниҳои шифобахш дар муассиса ҳуҷраи гиёҳҳои шифобахш амал мекунад, ки дар он барои донишҷӯён оид ба таркиб ва хусусиятҳои фоидабахшии гиёҳҳо машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронда мешаванд.
Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” соли 2015 таъсис ёфта, дар ин давра дар биноҳои гуногун фаъолият кардааст.
Бояд гуфт, ки бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” дар шафати бинои қаблӣ, ки аз 3 ошёна иборат мебошад ва дар он шароити зарурии таълимӣ фароҳам набуд, сохта шудааст. Дар бинои пешинаи коллеҷ донишҷӯён аз норасоии ҷойи нишаст ва аёниятҳои таълимӣ танқисӣ мекашиданд. Акнун донишҷӯён дар бинои навбунёди таълимӣ бо истифода аз шароити арзандаи касбу ҳунаромӯзӣ таҳсил мекунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 2019 – 2020 коллеҷи мазкурро 203 нафар хатм намуда, аксари онҳо ба муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Зимни суҳбат бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисосро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорон арзёбӣ карданд.
Масъулон нақша доранд, ки солҳои наздик дар шафати бинои нави таълимии коллеҷ хобгоҳи замонавӣ бунёд намуда, донишҷӯёни дурдасти мамлакатро бо ҷои зист ва шароити хуб таъмин кунанд.
Саҳн ва атрофи бинои муосири навбунёд сабзкорӣ шуда, иншоот ба симои шаҳри Кӯлоб ҳусни тоза зам менамояд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ВА МАЙДОНИ ВАРЗИШ
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Абуалӣ ибни Синои шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 ба номи Одил Комиловро ифтитоҳ карданд.
Дар саҳни бинои нави таълимӣ Пешвои миллат бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Бинои иловагии муассисаи таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаи барҳаво мебошад, ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Он бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҷониби оилаи саховатпешаи Комиловҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд ёфт.
Синфхонаҳои биология, физика, технологияи информатсионии таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз буда, бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.
Дар бинои навбунёд хонандагон метавонанд барномаҳои таълимиро бо истифодаи васеъ аз имкониятҳои мавҷуда аз худ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки бинои иловагии таълимӣ бо дарназардошти норасоии ҷои нишаст ва шумораи зиёди хонандагон дар шафати ду бинои якошёна, ки солҳои 2000 ва 2001 сохта шудаанд, бунёд гардидааст. Дар биноҳои таълимии якошёна 14 синфхона, китобхона, утоқи омӯзгорон ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.
Биноҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо мизу курсии нав ва аёнияти муосири таълимӣ таъмин шудаанд. Дар ин биноҳои таълимӣ хонандагон то синфи 9 таҳсил мекарданд.
Сохтмони бинои нави таълимӣ соли 2019 оғоз гардида, бо тарҳи зебо қомат афрохт, ки дорои шароити арзандаи илмомӯзист ва масоҳаташ 952 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамшуда бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи бинои иловагиро ба онҳо таҳният гуфтанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41, дар маҷмӯъ, як ҳазору 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Ба онҳо 66 нафар омӯзгор дарс мегӯяд ва 51 нафари онҳо бонувони соҳибмалака мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, хонандагону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки чунин шароитро барои донишомӯзӣ босамар истифода баранд. Ба таъкиди Пешвои миллат, омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ талаботи замон буда, аз масъулон диққати ҷиддиро тақозо мекунад.
Боиси зикр аст, ки тамоми синфхонаҳои таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъминанд.
Дар  назди  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 дар масоҳати 670 метри мураббаъ майдони муосири варзиш сохта шудааст, ки дар он, асосан, бозиҳои баскетбол ва волейбол гузаронда мешаванд. Ҳамзамон, имкон аст, ки дар он дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои гуногун баргузор шаванд. 
Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, роҳраву саҳни он сафолакпӯш шудааст. Масоҳати муассиса 0,73 гектарро дар бар мегирад.
Айни замон дар шаҳри Кӯлоб 74 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, ки дар онҳо 48 ҳазору 749 хонанда таҳсил менамояд ва ба онҳо 3 ҳазору 401 омӯзгор дарс медиҳад.
Бо татбиқи барнома ва нақшаҳои мукаммали самарабахш, соҳаи илму маориф дар мамлакат рушд намуда, ҷараёни бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ сол ба сол вусъат меёбад.

ТАҚДИМИ ТУҲФА ВА КУМАКҲОИ МОДДӢ БА ЯТИМОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Хуталони шаҳри Кӯлоб бо ятимон вохӯрда, суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тибқи иттилоъ, дар шаҳри Кӯлоб 92 ятими кулл ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 43 нафараш ноболиғ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ятимонро ба ифтихори Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ ва касбу ҳунар, ҳидоят намуданд.
Зикр гардид, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 60 ятим, ки 42 нафари онҳо аз шаҳри Кӯлоб, 6 нафар аз ноҳияи Ховалинг, 6 нафар аз ноҳияи Балҷувон ва 6 нафари дигар аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мебошанд ва бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои молию пулӣ, сарулибоси зимистона ва шириниҳо тақдим карданд.
Ятимон ҳангоми суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, ба Пешвои раиятпарвари худ ҷиҳати ғамҳориҳои падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷмандро ҳаргиз танҳо намегузорад ва дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, кӯдаконро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.
Боиси хушнудист, ки дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ дар фазои орому осуда барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод талош меварзанд.
Мавриди зикр аст, ки боғи Хуталони шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» навсозӣ гардида, дар ҳудуди он гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва дарахтони нодири ороишӣ шинонда шудаанд. Ҳамчунин, боғи мазкур фаввораҳои зебою назаррабо дошта, ба макони истироҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ
 Нимаи дуюми рӯзи 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хислатҳои деринаву писандидаи халқи тоҷик эҳтирому меҳрубонӣ ва пазироии хос ёдовар шуда, барои истиқболи гарм ва самимияти баланди мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб изҳори сипос карданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат сокинони шаҳри Кӯлоб, намояндагони касбу кори гуногун, бо изҳори хушию сарфарозӣ аз давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи Ватан андешаронӣ карданд.

ЪГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ЗАМОНАВӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ
24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.
Дар ноҳияи Восеъ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят ва ноҳия, хосса сокинони заҳматқарин бо самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.
Дар заминаи сиёсати бунёдкорона сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ нахуст бо гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии наву замонавӣ оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ расман оғоз бахшиданд.
Дар асоси лоиҳа, муассисаи нав барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст. Аснои шиносоӣ бо тарҳ ва нақшаи сохтмон иттилоъ доданд, ки муассиса дар заминаи нақша - чорабиниҳо ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 7200 метри мураббаъ сохта мешавад. Мувофиқи лоиҳа, бинои муассисаи мазкур 2 - ошёна буда, дар он тамоми имконоти зарурии таълим аз рӯи стандарти муосир муҳайё мегардад.
Тарҳи муассисаи таълимии нав аз бинои таълимӣ, толори варзиш, майдончаҳо барои машқҳои озод ва бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол иборат буда, тибқи он бунёди синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ҳунаромӯзӣ низ, муҳайё мешаванд. Дар асоси лоиҳа дегхона, анбори сӯзишворӣ ва зеристгоҳи барқӣ бунёд мегарданд.
Аснои шиносоӣ бо тарҳ, ки аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии лоиҳакашӣ тартиб ёфтааст, Сарвари давлат масъулонро барои татбиқи босифати лоиҳа ҳидоят намуда, дар самти риояи талаботи меъморӣ, аз ҷумла сифати сохтмон, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ  ХОКАИ ҶОМАШӮӢ
Ҳар як сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пайваста бо созандагиву бунёдкорӣ ва фаъолсозии иншооти таъйиноти гуногун сурат мегирад.
Дар заминаи сиёсати созанда, баъди гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи таълимӣ дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Хоҷа-Муъмин” - и ноҳияи Восеъ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ва пахши тугмача корхонаи нави саноатиро дар самти истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ фаъол гардонданд. Корхонаи нави саноатии истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ, дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзҳои давлатӣ бо технологияи навтарини истеҳсоливу идорӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, бо назардошти талаботи муосири замон бо хатҳои пуриқтидори истеҳсолӣ амал мекунад.
Аснои шиносоӣ бо иқтидор ва имконоти кориву истеҳсолӣ Сарвари давлат нахуст ба низоми фаъолият ва сифатнокии тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ мароқ зоҳир намуда, барои ҷорӣ кардани технологияи ҳозиразамони тавлиди маҳсулот маслиҳатҳои муфид доданд.
Корхона аз рӯи тамғаи “София” маҳсулот истеҳсол намуда, дар 3 шакли бандубаст онро ба бозор мебарорад. Иқтидори истеҳсолӣ барои тавлиди маҳсулот аз рӯи марҳилаҳои махсус амалӣ гардида, дар ниҳоят бо истифода аз таҷҳизоти муосир маҳсулоти ниҳоии хушсифат ба даст меояд.
Фаъол шудани иқтидори нави саноатӣ дар ноҳияи Восеъ намунаи олии сиёсати созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар асоси имконоти фарохи фаъолияти соҳибкорӣ, хосса шарикии давлат бо бахши хусусӣ муваффақона амалӣ гардид.
Пешбурди кори истеҳсолӣ дар ин нуқтаи тавлиди маҳсулот баъди азхудкунии нозукиҳои таҷҳизот пурра аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ роҳандозӣ мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, таъминоти ашёи хоми корхона аз хориҷа, махсусан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия сурат гирифта, дар як соат баъди омезиши ашёи хом то 3 тонна маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад.
Бунёди корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ шурӯъ аз моҳи октябри соли 2016 тарҳрезӣ гардида, дар зарфи 4 сол сохта шудааст, ки имрӯз бо ҷалби мутахассисони касбӣ пурра бо таҷҳизоти зарурии коркард ва истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Бо фаъол шудани ин корхонаи нави истеҳсолӣ, ки бо хати мукаммали коркарду тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ - хокаи ҷомашӯӣ амал хоҳад кард, барои беш аз 90 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, сокинони маҳал баъди давраи омӯзиш ва азхудкунии нозукии кор ба шуғл ҷалб шудаанд, ки дар 3 басти корӣ фаъолият менамоянд.
Корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ бо истифода аз иқтидори буғхонаи бо ангишт амалкунанда фаъолият намуда, дар навбати худ барои сарфаи неруи барқ нигаронда шудааст.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР
Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восеъ Саноат” - ро барои истеҳсоли шифери азбестӣ ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пардабардорӣ ва пахши тугма ба фаъолияти корхона оғоз бахшида, бо иқтидор ва имконоти истеҳсолии коргоҳи навбунёд аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷараёни сохтмон ва васлу насби таҷҳизот, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, наздики 10 нафар ба кор ҷалб шуд. Айни ҳол дар корхона 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошад.
Дар ҷараёни шиносоӣ бо иқтидори истеҳсолӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин корхона давоми як шабонарӯз аз 1000 то 1200 дона шифери азбестӣ истеҳсол мешавад. Иқтидори солонаи тавлидоти маҳсулот бо назардошти талабот ва фармоиш 100 ҳазор дона шифери азбестиро дар бар мегирад. Корхонаи истеҳсоли шиферҳои азбестӣ тавассути технологияи компютерӣ идора шуда, маҳсулоти он аз рӯи услуби хос омода мешавад, ки сифати баландро соҳиб аст. Масалан, баъди омезиши ашёи хом ва коркарду башаклдарорӣ, аллакай, маҳсулоти тайёр дар зарфи махсус бо истифода аз об мустаҳкам мегардад.
Корхонаи истеҳсоли шиферҳои азбестӣ бо истифодаи буғхонаи махсус амал намуда, сарфаҷӯии неруи барқро  таъмин менамояд. Барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳамагӣ 20 фоиз аз маҳсулоти воридотӣ истифода гардида, 80 фоизи ашёи хом бо такя ба маҳсулоти ватанӣ таъмин карда мешавад.
Дар марҳилаи аввал, корхона танҳо ба истеҳсоли шиферҳои азбестӣ нигаронда шудааст, тибқи иттилоъ оянда дар заминаи тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва ҷорӣ кардани хатҳои иловагӣ талаботи сокинони шаҳру ноҳияҳо ба маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин мегардад.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 1993 то соли 2020 ба ноҳияи Восеъ 16 маротиба сафар намудаанд.
Дар заминаи ин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи рушд сурат гирифт, дар 5 ҷамоати шаҳраки деҳоти  ноҳияи Восеъ зиёда аз 30 иншооти таъйиноти гуногун бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шуд, ки муддатҳои тӯлонӣ ба халқ хизмат хоҳанд кард.

ТАҚДИМИ ТУҲФА БА 100 НАФАР ЯТИМИ КУЛЛ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ
24 сентябр дар тарабхонаи “Истиқлол” - и ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба беш аз 100 нафар кӯдакону наврасоне, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои арзанда тақдим карданд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат аз маҷмӯи сарулибоси зимистона ва тирамоҳӣ, аз ҷумла шиму костюм, курта, ҷуробу пойафзол, болопӯш ва китобу дигар лавозимоти хониш иборат мебошанд. Дар ҳамин ҷо ба ятимон зиёфат ороста шуда, ба ҳар кадоми онҳо аз ҷониби Пешвои раиятпарвар ва хайрхоҳу дурандеши миллат маблағҳои пулӣ ҳадия шуданд.
Ятимони кулл Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимӣ истиқбол гирифта, бо хушнудии беандоза аз дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба онҳо ёдовар шуданд.
Зикр шуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ як ятим аз лутфу меҳрубонии падаронаи Президенти мамлакат бенасиб намонда, онҳо ҳамеша таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд. Ин аст, ки ятимон ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис намекунанд ва бовар доранд, ки дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти фарохи илмомӯзӣ таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат хоҳанд кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимону бепарасторон, нафарони имконияташон маҳдуд ва дигар шахсони ба онҳо баробар, мавқеи меҳварӣ дорад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба самти фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум равона гардидааст ва дар ин қатор дастгирии табақаи ниёзманд, аз қабили ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташан маҳдуд, авлавият дорад.
Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мактаб - интернатҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, яъне дорои шароити олии донишандӯзӣ, муассисаҳои махсуси таълимӣ барои маъюбон ва дигар иншоот барои табақаи ниёзманди ҷомеа бунёд карда шудаанд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накуи ниёгон шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ пайваста анҷом медиҳанд.
Тибқи маълумот имрӯз дар ноҳияи Восеъ 1491 ятим, аз ҷумла 41 ятими кулл, ба қайд гирифта шудааст.
Ятимони кулли шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

ГУЛГАШТИ ВОСЕЪ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ
24 сентябр дар маркази ноҳияи Восеъ - шаҳраки Ҳулбук Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат нахуст дар гулгашти навбунёд аз рӯйи лавҳаи рамзӣ парда бардоштанд.
Муҷассамаи Восеъ аз ҷониби ҳайкалтарош Хушбахт Саъдиев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии муҷассама бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад. Таҷдиди гулгашт ва гузоштани муҷассама дар ин майдон бо саҳми шахсони эҳсонкор ва соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ сурат гирифтааст.
Масоҳати умумии гулгашт 1 гектарро ташкил дода, дорои беҳтарин шароит барои истироҳату фароғат ва сайругашти сокинону меҳмонон мебошад. Лоиҳаи гулгашти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аҳмадҷон Ҳулбук” тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Манзилию коммуналӣ” - и ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ниагара-А” анҷом дода шудаанд.
Дар давраи таҷдиди иншооти фарҳангӣ ва гузоштани муҷассамаи Восеъ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуд.
Муҷассамаро бо истифода аз металли ранга сохта, таҳкурсӣ ва атрофи онро бо санги хоро оро додаанд. Дар атрофи муҷассама бо композитсияи бадеӣ 3 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонда шудаанд.
Масоҳати гулкоришуда дар ин мавзеъ 0,65 гектарро ташкил медиҳад. Ин масоҳатро дар баробари майсазоркунӣ, ҳамчунин, бо истифода аз 240 ҳазор дона гули ҳархелаи мавсимӣ оро додаанд, ки ба кас рӯҳу илҳоми болида зам менамояд. Тибқи иттилоъ  дарахтони ҳамешасабзи шинондашуда дар гулгашти Восеъ ба 270 бех баробар аст. Барои таъмини гулгашт бо об обанбор низ бунёд карда шудааст, ки ғунҷоиши он 100 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Гулгашт тавассути обпошакҳои замонавӣ обёрӣ мешавад. Раҳравҳо дар масоҳати 3500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд. Дар гӯшаи гулгашт лавҳаи тарғиботӣ бунёд гардида, дар он мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ, аз ҷумла қалъаи таърихии “Ҳулбук”, “Қасри Миралӣ Маҳмадалӣ”, кӯҳи намаки “Хоҷамӯъмин” ва харитаи сайёҳии ноҳияи Восеъ, тасвир шудаанд.
Равшании гулгашти наву замонавиро дар шаб 80 чароғи гуногунҳаҷми хархела таъмин менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самаранок ва зебою диққатҷалбкунанда нигоҳ доштани гулгашт масъулонро муваззаф намуданд.

ИФТИТОҲИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ
24 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Восеъ қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук дар масоҳати 0,37 гектар сохта шуда, аз 2 ошёна иборат мебошад.
Қасри фарҳангро сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи замонавӣ ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ бунёд намудаанд. Толори қаср аз 350 ҷойи нишаст иборат буда, бо истифода аз санъати наққошӣ оро дода шудааст, ки диққатҷалбкунанда мебошад. Толор бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, дар он барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилу ҷамъомад ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ шароити мусоид фароҳам аст.
Дар қасри навбунёд ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунӣ, пардоз ва дигар хонаҳои ёрирасон мавҷуд буда, дар онҳо имконоти хуб барои омодагии санъаткорон муҳайё мебошад. Дар иншоот толори рақс низ ташкил гардида, барои ба омӯзиш фаро гирифтани 25 нафар завқманд шароит муҳайё карда шудааст.
Дар бинои мазкур бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва мактаби санъати бачагона ҷой дода шуда, кормандони соҳа бо 15 ҳуҷраи корӣ ва 4 синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд. Созҳои мусиқии гуногун, таҷҳизоти муосири тақвияти овоз ва дигар лавозимоти зарурӣ барои аҳли фарҳанги ноҳия таъмин мебошанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти наву замонавии фарҳангӣ бо ҷалби 100 нафар сохтмончии маҳаллӣ дар давоми беш аз як сол бунёд  шудааст. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қасри фарҳанг дар ноҳияи Восеъ барои беш аз 50 нафар шароити хуби корӣ муҳайё гардид.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли санъату ҳунари ноҳияи Восеъ 30 адад сози мусиқии миллӣ туҳфа намуданд, ки дар такмил ёфтани маҳорати касбии ҳунармандон ва рушди бештари соҳаи фарҳанги мамлакат замина мегузорад.
Сипас, Сарвари давлат дар саҳни қасри фарҳанг аз намоишгоҳи дастовардҳои ҳунармандони ноҳияи Восеъ дидан намуданд. Дар намоишгоҳ кандакорон, чӯбтарошон, заргарону кулолон, оҳангарон ва дигар ҳунармандони чирадасти ноҳия маҳсули меҳнати хешро ба маъраз гузоштанд. Занону духтарони ноҳия нону дигар маҳсулоти нонии дар шароити хона омодашударо пешкаши меҳмонон намуданд.
Дар атрофи қасри фарҳанг гулу дарахтони ороишию сояафкан шинонда шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани боз як иншооти муосири фарҳангиро, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аст, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба кормандони соҳаи фарҳангу ҳунари ноҳияи Восеъ арзёбӣ намуда, онҳоро барои таҳияи барномаҳои пурмуҳтавои эҷодию ҳунарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинон, бахусус ҷавонону наврасон, ҳидоят карданд.
Зебоии иншоот ва кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Восеъро дар шаб чароғҳои замонавӣ таъмин мекунанд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ
24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро ифтитоҳ карданд.
Иншоот аз се ошёна иборат буда, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бо тарҳи муосир бунёд гардидааст. Бино дорои 7 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст, як ҳуҷра барои қабулгоҳи ҷамъиятӣ, ду ҳуҷра барои меҳмонон, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои зурурӣ буда, дар он барои кормандон имкони созгори фаъолият муҳайёст. Ҳамзамон, ба хотири сари вақт ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расондани масъулияти бардӯшдоштаи кормандон бино бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Аснои ба истифода супурдани иншоот ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бештари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ташкил медиҳанд.
Барои ободу зебо гардондани атрофи бино ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинондаанд, ки ба ҳусни як гӯшаи шаҳраки Ҳулбук зебоии дигар зам мекунанд.
Бинои маъмуриро соҳибкорону шахсони саховатпешаи ватанӣ дар доираи пуштибонӣ аз сиёсати созандаву муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи муосир бунёд намудаанд.
Ба истифода супурдани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ва фароҳамсозии имкони созгори фаъолият ҳавасмандии кормандонро ба миён оварда, онҳо иқдом гирифтаанд, ки бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои наҷибу созандаи Роҳбари муаззами ҳизб дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми худро гузоранд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ ПРОКУРАТУРА
24 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои прокуратураро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо беш аз 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
Кормандони прокуратураи ноҳияи Восеъ имкон доранд, ки дар вақтҳои холӣ аз технологияи муосир ва китобхонаи таъсисдодашуда, ки ба шабакаи интернет низ пайваст аст, адабиёти соҳавию бадеиро мутолиа намуда, донишу малакаи касбии хешро сайқал диҳанд. Ҳамчунин, ба хотири таъмини кормандон бо ҷойи зист дар ошёнаи сеюми бино 4 ҳуҷраи истиқоматӣ ҷудо шудааст.
Сохтмони бино соли 2019 оғоз гардида, дар муддати як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд шуд. Айни замон дар прокуратураи ноҳияи Восеъ 7 нафар корманди фаврӣ ва се корманди техникӣ фаъолият мекунад. Атрофи бино ободу зебост, тадбирҳои равшаннамоӣ низ бо сифати баланд ба анҷом расонда шудаанд.
Аснои ба истифода супурдани иншоот ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки то имрӯз кормандони прокуратураи ноҳияи Восеъ дар иншооти ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда фаъолият мекарданд. Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини кормандон бо шароити мусоиди корӣ иншоот бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ бунёд шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта дар бинои нав ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои қонунҳои амалкунанда ҷалб карданд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади амалӣ сохтани қарору қонунҳо, ки ба нафъи давлату миллат равона гардидаанд, дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, барои кормандони прокуратураи шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкони созгори фаъолиятро марҳила ба марҳила фароҳам оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро туҳфаи навбатии Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, аз кормандони прокуратура талаб намуданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди халқу Ватан анҷом диҳанд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ бинои комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 460 метри мураббаъ бо тарҳи меъмории миллӣ бунёд шудааст. Иншооти мазкур аз 36 ҳуҷраи кориву хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳуҷраи навбатдору қабули даъватшавандагон, ҳуҷраҳои махсус баҳри гузарондани муоина ва ташхиси тиббӣ, толор барои баргузории ҷамъомаду ҷаласаҳои гуногун, ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон, иборат мебошад.
Ҷиҳати ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити корӣ иншоот бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ, аз ҷумла видеокамераҳои мушоҳидавӣ ва системаи алоқаи муосир, муҷаҳҳаз гардидааст.
Аснои ба истифода супурдани иншоот Пешвои миллат ба лоиҳаи татбиқшуда ва  сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Иншоот аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар давоми солҳои 2019-2020 банақшагирифташудаи Вазорати мудофиа бунёд  шуд.
Атрофи бино дар масоҳати 230 метри мураббаъ бо деворҳои мустаҳкам ва ба талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ҷавобгӯ маҳкам карда шуда, аз қисми дохили бинои комиссариат дар масоҳати 800 метри мураббаъ майдони сафороӣ бо минбар, шаҳраки варзишӣ, фаввораи замонавӣ, барои нишаст ва қабули шаҳрвандон се суҳбатҷой низ бунёд шудаанд.
Ҳамзамон,  масоҳати 1700 метри мураббаъ ҳудуди иншооти мазкур бо гулу буттаҳо, рустаниҳои гуногун, дарахтони ороишиву сояафкан сабзу хуррам, майдони сафороӣ, роҳраву дигар ҳудуди бинои комиссариати ҳарбӣ асфалтпӯш гардидаанд.
Дар маҷмӯъ, бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ мувофиқ ба меъёрҳои ҳарбӣ ва пурра ба талаботи муосири низомӣ мутобиқ гардонда шуда, барои кору хизмати афсарон ва фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсии он шароити зарурӣ муҳайё мебошад.
Зимни ба истифода супурдани иншоот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарон ва ҳайати шахсии ин ниҳоди низомии мамлакатро барои ба нафъи давлату миллат содиқона хизмат намудан ҳидоят карданд.

БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ КДАМ
24 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои 3 - ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, дар давоми як сол иншоот бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.
Иншоот дар маркази ноҳия қомат афрохта, барои кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои мазкур дорои хонаҳои ду ва сеҳуҷрагист.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо калиди хонаҳои истиқоматиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ супурданд ва бо шароити зист шинос гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои кормандони соҳа табрик намуданд.
Президенти мамлакат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва ҳифзи сулҳу суботи он ҳидоят намуданд.
Воқеан, ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи кор ва истиқомат фароҳам оварда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2020    №: 184 - 185    Мутолиа карданд: 228
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед