logo

суханрониҳо

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, 24 сентябри соли 2020

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Пеш аз ҳама ба тамоми сокинони заҳматқарини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои фаъолияти ватандӯстонаву созандаашон, ки мо имрӯз мушоҳида кардем, изҳори сипос мекунам ва ба ҳар яки онҳо, аз ҷумла шумо – ҳозирони муҳтарам хонаи обод, иқболи нек ва дар ҷодаи амалӣ намудани нақшаҳои ободгарона ба хотири пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони азиз барори кор орзумандам.
Аз вусъати корҳои ободониву пешрафти имрӯзаи ноҳия бармеояд, ки иқдомоти то ҳол амалинамудаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, самараҳои нек дода истодаанд.
Имрӯз мо дар маросими ифтитоҳи қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ, чандин иншооти варзиш ва биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок кардем, ки симои маркази ноҳияро хеле ободу дилкаш гардондаанд.
Ҳукумати мамлакат аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст. Аз ҷумла, дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 421 миллион сомонӣ равона гардидааст.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 383 миллион сомонӣ татбиқ шудааст, ки барои беҳтар гардидани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, таҷдиду азнавсозии роҳу пулҳои мошингард, ворид намудани таҷҳизоту мошинолоти кишоварзӣ, таъмири хатҳои интиқоли барқ ва оби нӯшокӣ хароҷот шудааст.
Танҳо барои таҷдиди се қитъаи роҳ ба масофаи умумии 51 километр дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин – лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумби шоҳроҳи Душанбе – Кулма, яъне қитъаи Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин, қитъаи Шамсиддини Шоҳин - Анҷироби Поён ва қитъаи Анҷироби Поён – Шоҳон беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳоло дар ноҳия боз панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 200 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин бо сохтмони як пул бо дарозии 153 метр, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон ва кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат барои пешгирӣ аз бемории COVID-19 пешбинӣ гардидааст.
Дар ноҳия бо мақсади истиқболи арзандаи Ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 192 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 61 иншоот пурра ба анҷом расидаанд.
Ҳукумати мамлакат дар доираи имконоти мавҷуда, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тамоми захираву имкониятҳоро ба ҳадафи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона кардааст.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ ва коркарди меваю сабзавот, имкониятҳои зиёд дорад.
Истифодаи оқилонаву самараноки ашёи хоми маҳаллӣ, хусусан маҳсулоти кишоварзӣ ва захираҳои табиии ноҳия, заминаи бисёр мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии он мебошад. Аммо, тибқи маълумот, моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ дар 10 корхонаи саноатии ноҳия ба маблағи 6,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50 фоиз кам мебошад ва, асосан, аз ҳисоби кам шудани истеҳсоли гӯшт ва орд ба миён омадааст. Таъкид месозам, ки барои ислоҳи чунин ҳолат бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои марбута зарур аст, ки ташаббусҳои соҳибкоронро барои бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо ворид намудани технологияҳои нав ҳамаҷониба дастгирӣ карда, бо истифодаи захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Зеро дар ноҳия барои тараққӣ додани соҳибкории хурду миёна захираву имкониятҳои фаровон вуҷуд доранд.
Танҳо дар ҳафт моҳи соли 2020 дар ноҳия 235 субъекти нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби онҳо ба буҷети ноҳия беш аз 140 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Бо дарназардошти мавзеи кӯҳистон ва дурдаст будани ноҳия, ҳоло бахши соҳибкории хурду миёна, асосан, тавассути ба роҳ мондани савдои хурди чакана ва кишоварзӣ тараққӣ карда истодааст.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бад будани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, гаронии нархи сӯзишворӣ, малакаи нокифояи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин, набудани Ассотсиатсияи соҳибкорон ва сатҳи пасти дониши ҳуқуқии соҳибкорон монеаҳои рушди беҳтари соҳибкорӣ дар ноҳия мебошанд.
Мушкилоти дигаре, ки ба пешрафти соҳибкории хурду миёна таъсири манфӣ мерасонанд, дастрас набудани воситаҳои молиявӣ барои ташкили соҳибкорӣ, сатҳи баланди фоизи қарзҳо ва муҳлати кӯтоҳи истифодаи онҳо, монеаҳои маъмурӣ, нокифоя будани иттилоот барои ташкил ва идоракунии соҳибкорӣ, бахусус дар байни занону духтарон, мебошад.
Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои нақлиёт, энергетика, Кумитаи андоз ва Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин доир ба рафъи мушкилоти зикршуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳозирони арҷманд!
Боғдорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ, картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ шуғли асосии мардуми ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар моҳҳои январ-июли соли 2020 дар ноҳия ба маблағи 87 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Шароиту иқлими ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои парвариши картошка бисёр мувофиқ аст. Бо вуҷуди ин, дар ноҳия майдони кишти картошка дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 21 гектар кам гардида, ҳамагӣ 283 гектарро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар шароите, ки ноҳия дорад, бисёр паст мебошад.
Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки дар оянда зиёд кардани майдони кишти картошка ва истифодаи тухмии хушсифати ба иқлими ноҳия мусоидро таъмин намоянд.
Ноҳия, инчунин, барои парвариши мева, рушди соҳаҳои чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ шароиту имкониятҳои зиёд дорад, ки то ҳанӯз пурра истифода нагардидаанд. Илова бар ин, ноҳия барои рушди сайёҳӣ имконияту захираҳои калон дорад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисон ва сохтору мақомоти дахлдори вилояту ноҳияро зарур аст, ки дар ин самт, ҳамчунин, бо истифода аз ёдгориҳои таърихиву мавзеъҳои нодири табиӣ доир ба рушди сайёҳӣ чораҷӯӣ кунанд.
Се сол қабл, ҳангоми мулоқот бо фаъолони ноҳия, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода будам, ки барои аз дарёи Панҷ ба масофаи 10 километр кашидани хатти обрасонӣ лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия ва пешниҳод намоянд. Аммо ин масъала то ба ҳол ҳал нашудааст. Амалӣ шудани ин лоиҳа имконият медиҳад, ки дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 240 гектар боғи анор бунёд гардида, иловатан 500 гектар заминҳои дигар обёрӣ карда шаванд. Лоиҳаи мазкур, ҳамчунин, барои барқарор кардани боғҳои анор, зиёд намудани парвариши зироатҳои гуногун, аз ҷумла ба васеъ кардани майдони кишти картошка ва мева мусоидат менамояд.
Аз ин лиҳоз, вазоратҳои кишоварзӣ, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи рушди маҳал, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд ҷиҳати ҳалли масъалаи зикршуда чораҳои бетаъхир андешанд.
Дӯстони азиз!
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи дастгириҳои давлатӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба маблағи 53 миллион сомонӣ 41 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 5400 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Соли ҷорӣ низ ба истифода додани се бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ бо 530 ҷойи нишаст ба маблағи 6 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбарони Вазорати маориф ва илм, вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки фаъолияти худро барои бартарафсозии мушкилоти муассисаҳои таълимии ноҳия тақвият бахшида, дар самти беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таълим аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия доир ба рафъи камбудиҳои дар муассисаҳои тиббӣ ҷойдошта, беҳтар гардондани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин воқеан заҳматдӯст мебошанд ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ бо дарки масъулияти баланд дар тарбияи наврасону ҷавонон, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо, риояи талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва, умуман, таъмини волоияти қонун, иҷрои амалҳои неки созандаву бунёдгарона, хусусан, ба ифтихори ҷашни бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатӣ дар ободии Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд. Зеро мо танҳо бо заҳмати аҳлонаву софдилона метавонем ба ҳадафҳои олии худ, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва баланд бардоштани некуаҳволии халқамон муваффақ шавем.
Бовар дорам, ки сокинони бонангу номуси ноҳия, бахусус ҷавонони далеру шуҷои Ватан, чун ҳарвақта бо дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва бо ифтихори баланди милливу хештаншиносӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо гардондани ин гӯшаи Ватани азизамон аз имрӯза бештар талош хоҳанд кард.
Дар охир ба ҳамаи мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои пазироии самимӣ изҳори сипос менамоям ва ба ҳар кадоми шумо саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва барори кор мехоҳам.
Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2020    №: 186 - 187    Мутолиа карданд: 748
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед