logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Муъминобод мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимӣ ба мардуми меҳмоннавози Муъминобод изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо сокинони шукргузори ноҳия барои истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои созандагию ободониро вусъат мебахшанд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва заҳмати аҳлонаи сокинони шарафманди ноҳия соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бомаром рушд карда, ин диёри куҳанбунёд сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳтар мешавад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Муъминобод дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии сазовор барору комёбӣ орзу карданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат сокинони ноҳия – ҷавонону собиқадорон, аз ҷумла Гулафрӯзи Абдусаттор – донишҷӯ,  Мадина Нозимова – хонанда ва Гулбарг Боқиева – соҳибкор сухан ронда, шукронаи даврони соҳибистиқлолию сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намуданд.

МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори Муъминобод шинос шуданд.
Масоҳати он 286 гектар ва ғунҷоишаш 30 миллион метри мукааб обро ташкил дода, барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Восеъ нигаронда шудааст ва ҷои мусоиду мувофиқ ҷиҳати рушди шиноварӣ, қаиқронӣ, инчунин, соҳаи моҳипарварӣ мебошад.
Лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарвариро директори ҶДММ “Меҳвари Душанбе” Комилҷон Ғаниев муаррифӣ кард. Ӯ, зимни муаррифӣ, ҳозиронро бо ҳолати қаблӣ, ҳозира ва ояндаи мавзеи назди соҳили обанбор шинос намуд. Мувофиқи нақша, дар ин ҷо оянда барои ҷалби сайёҳон иншооти зарурии соҳа сохта мешавад. Ба роҳ мондани парвариши моҳӣ дар обанбори Муъминобод тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат амалӣ мегардад.
Моҳи декабри соли 2019 кормандони ширкати “Меҳвари Душанбе” дар обанбори Муъминобод 700 ҳазор моҳичаи карп, зағорамоҳӣ, пешонапаҳни сафеду ало ва амури сафед сар доданд.
Дар назар аст, ки барои таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва содирот ба Ӯзбекистону Афғонистон дар як сол дар обанбор 500 тонна моҳӣ парвариш шавад. Ҳамчунин, ҶДММ “Меҳвари Душанбе” нақша дорад, ки дар ноҳияи Муъминобод корхонаи коркарди гӯшти моҳӣ ва истеҳсоли консерви моҳӣ бунёд намояд.
Айни замон дар ширкат  30 нафар дар самти моҳипарварӣ дар бахшҳои корхона дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат фаъолият дорад ва баъди амалишавии лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори Муъминобод шумораи коргарон ба зиёда аз 150 нафар мерасад.

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд.
Истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи роҳбарият ва сокинони сарбаланди ноҳияи Ховалинг дар деҳоти Ғаффор Мирзо бо арҷгузорӣ ба дастоварду муваффақиятҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар сурат гирифт.
Дар ноҳияи Ховалинг Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст  пули нав байни деҳаи Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии деҳоти Чилдухтарони  ноҳияи Муъминободро мавриди истифода қарор доданд.
Он дар болои дарёи Ёхсу сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад. Иқтидори борбардориаш 40 тоннаро ташкил медиҳад.
Иншооти нав дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумъахон Қосимов бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишварро ҳадафи муҳимтарини фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ месозад.
Даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёди роҳу пулҳо, ки василаи асосиву муассири пешрафти иқтисодии давлат ва таъмини шароити зиндагии сазовори шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад, комёбиҳои назаррас ба даст омадаанд.
Ифтитоҳи пули байни деҳаҳои Панҷариён ва Синҷӣ дар идомаи тадбирҳои созандагӣ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳот намуна арзёбӣ карданд.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг бунёду навсозии иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди инфрасохтори маҳал ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани пули нав дар болои дарёи Ёхсу аз иқдомҳои муҳим  дар ин роҳ буда, мушкили сокинони ин деҳаҳои ноҳияҳои Ховалингу Муъминободро дар самти рафтуомад рафъ намуда, барои интиқоли молу маҳсулот, рушди иқтисодии хонаводаҳо ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ заминаи устуворро фароҳам овард. 
Ба гуфти масъулон, тавассути ин пул сокинону сайёҳон ва меҳмонон метавонанд ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод ва ноҳияи Ховалинг дар кӯтоҳтарин муҳлат расанд.
  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи пули навро барои сокинони ноҳияҳои Ховалингу Муъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирии иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи соҳибкорони банангу номуси мамлакат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

БАИСТИФОДАДИҲИИ РОҲҲОИ ПАНҶАРИЁН – ШУГНОВ ВА ШУГНОВ – ХОВАЛИНГ
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг роҳи мошингарди 5-километраи Панҷариён – Шугновро ба истифода доданд.
Роҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш гардид. Таҷдиду навсозии он дар идомаи иқдомҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ гашта, барои мумфарш кардан, наздики 3 миллион сомонӣ сарф шуд.
Сокинони деҳаи Панҷариён солҳо боз барои рафтуомад ба маркази деҳот  мушкилӣ мекашиданд ва, инак, бо файзи истиқлол он аз байн рафт. Деҳаи Панҷариён 36 хоҷагӣ дошта, дар он 234 нафар ба сар мебарад ва таъмини зиндагии шоиста барои онҳо зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.  Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгард омили муҳими рушди иқтисодии деҳаи Панҷариён буда, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни он мусоидат мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо ҳолати роҳи Панҷариён – Шугнов, роҳи нақлиётгарди Шугнов – Ховалингро, ки  15 километр мебошад, ба истифода доданд.
Таҷдиду навсозии ин роҳ низ дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда барои истиқболи сазовор аз Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ амалӣ шуд.
Таъмиру асфалтпӯш гардидани роҳи Шугнов – Ховалинг мушкили сокинону ронандагонро бартараф намуда, имконоти ҳаракат дар ин масирро дар тамоми фаслҳо таъмин месозад.
Бунёдкориҳо бо ҷалби зиёда аз 80 мутахассиси маҳаллӣ ва беш аз 50 техника ба анҷом расиданд. Акнун, роҳи мазкур ба категорияи 5-уми роҳсозӣ мутобиқ шуд.
Иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Ховалинг 226,4 километр роҳ мавҷуд аст, ки аз ин 110,7 километрашро роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 115,7 километри дигарро роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Дар ноҳия баҳри истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 25 километр роҳҳои маҳаллӣ, аллакай, мумфарш гардида,  боз 20 километри дигар навсозӣ мешавад.
Соҳибкорони ватанӣ низ, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, дар бунёду навсозии роҳҳои маҳаллӣ саҳм гузошта, ҷиҳати беҳтар кардани вазъи роҳҳо ва хизматрасонии нақлиёт бо ҳадафи рушди деҳот корҳои назаррасро амалӣ месозанд.
Таҷдиди роҳи Шугнов – Ховалинг имкон медиҳад, ки интиқоли молу маҳсулоти хоҷагидорону боғдорон ба марказ ва дигар шаҳру ноҳияҳои атроф дар муддати кӯтоҳ ва бидуни талаф сурат гирад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Шугнов 1100 гектар боғҳои гуногуни мевадиҳанда ва мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ мавҷуданд, ки, акнун, баъди ба истифода додани роҳ, имкони васеъ барои рушди ин соҳаҳо ба вуҷуд омад.
Дар деҳоти Шугнов барои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 50 иншоот ба нақша гирифта шуда, 28-тои онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони дигар  иншоот босуръат идома дорад.
Дар ҳамин замина, 63 километр роҳҳои ҳудуди деҳот низ зина ба зина то ҷашни бузурги миллӣ  таҷдиду навсозӣ ва ба талаботи мавҷуда мутобиқ мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти дастгирӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ барои истифодаи тӯлонӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳи роҳи мошингарди Панҷариён – Шугнов ва Шугнов – Ховалинг, аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва кадбонувони деҳоти Ғаффор Мирзо ва Шугнов дидан карданд.
Дар намоишгоҳ пухтани нон ва хӯрокҳои миллӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллиро, ки ба эҳёву ҳифзи онҳо дар ин гӯшаи диёр таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад, муаррифӣ намуданд.
Маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати кадбонугии занон дар омода намудани таомҳои миллӣ  аз ҷалби бештари ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва тарғиби онҳо дар миёни ҷомеа  дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МЕҲМОНХОНАИ «МАНЗАРА»
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг аз меҳмонхонаи «Манзара», ки ҳамчун ҳостел фаъолият менамояд, дидан карданд.
Он аз 2 ошёна иборат буда, дар доираи  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби будубош барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Исмоил Садиров дар муддати қариб як сол бунёд ёфт.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ба пешвози Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг сохтмони 330 иншооти дорои таъйиноти гуногун, аз ҷумла 2 меҳмонхона, ба нақша гирифта шудааст.
Феълан, ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 ҳостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 10 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фурӯши армуғон, 3 зиёратгоҳ, боғи фарҳангӣ – фароғатӣ дошта, дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо 9 харитаи сайёҳӣ насб  кардаанд.
Меҳмонхонаҳо ва ҳостелҳои ноҳия  дар як вақт имкон доранд, то 500 нафарро қабул намоянд. Меҳмонхонаи «Манзара», ки дар Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ ҷойгир аст, дорои 32 ҳуҷра буда, метавонад ба 100 нафар хидмат расонад. Тарҳу намои бино ба талаботи меъморӣ ҷавобгӯст ва зимни сохтан унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар он нуқтаи қабули меҳмонон, ошхона барои 100 нафар ва дар назди бино нуқтаҳои фурӯши армуғон ҷойгиранд. Маъмурият ва ҳуҷраҳои техникии ин иншооти хидматрасонӣ дар ошёнаи якум фаъолият мебаранд. Пухтани таомҳои милливу аврупоӣ бошад, аз хизматрасониҳои дигари меҳмонхона маҳсуб меёбад. Ҳуҷраҳояш ба усули меъмории миллӣ ва замонавӣ сохта шуда, муаррификунандаи санъату ҳунари волои тоҷикон мебошад.
Акнун, сайёҳоне, ки ба ин мавзеъ меоянд, метавонанд аз хизматрасониҳои меҳмонхонаи «Манзара» васеъ истифода баранд. Зеро дар ин ҷо барои тамошои манзараҳои дилфиреби Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд.
Бо дарназардошти кӯҳсор будани мавзеъ ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ, барои сайёҳон 2 воситаи нақлиёт ва 2 сар асп пешбинӣ гардидааст. Бо ба фаъолият шурӯъ намудани меҳмонхонаи «Манзара» беш аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд. Соҳибкор оянда нақша дорад, ки бо бунёди як бинои наву замонавии дигар боз барои 50 нафар шароити будубош омода намуда, шумораи ҷои корро ба 150  расонад.    
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити хидматрасонӣ ва дигар имкониятҳои меҳмонхона, ба масъулон ҷиҳати муаррифии ҳар чи бештари таъриху фарҳанг, урфу одат ва меҳмоннавозии тоҷикона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, бунёди иншооти мазкурро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд. 

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИСТЕҲСОЛИ НӮШОКИҲОИ ТАШНАГИШИКАН ВА БАНДУБАСТИ АСАЛ
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Тутаки шаҳраки Ховалинг ташриф оварда, корхонаи хурди истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва бандубасти гиёҳҳои шифобахши ҶДММ «Оби Ховалинг»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ аз тарафи соҳибкор Шамшод Имомов дар муддати қариб як сол сохта шуд. Дар ҶДММ «Оби Ховалинг» обҳои рангаи ташнагишикан истеҳсол шуда, дар зарфҳои полимерии 0,5, 1,5 ва 5-литра гирифта мешаванд.Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 12 ҳазор зарфро ташкил медиҳад. Обро аз чуқурии 130 метр тариқи насосҳои махсус бароварда, пас аз санҷиши лабораторӣ ба истеҳсолот ворид месозанд. Маҳсулоти корхона, пас аз гузаштани чор марҳила, аз анор, шафтолу, зардолу дар шакли газнок ва бегаз омода гашта, бо тамғаи «Оби Ховалинг» ба бозор пешкаш мешавад. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидаанд, ҳам суръат ва ҳам сифати истеҳсолотро таъмин сохта, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар корхона васлу насб шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми шиносоӣ аз фаъолияти корхонаи истеҳсолии навтаъсиси замонавӣ, ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар дода, ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.
Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ташаббуси чоруми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» бунёд ёфтааст.
Қобили тазаккур аст, ки ҶДММ «Оби Ховалинг» дар ноҳия якумин корхонае ба шумор меравад, ки обҳои ташнагишикани рангаи газнок ва бегаз истеҳсол менамояд. Бо ба фаъолият шурӯъ намудани корхона, 40 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба бунёди хати истеҳсолии коргоҳи бандубасти асал ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ доданд, ки хати истеҳсолӣ бо дарназардошти зиёд будани имкониятҳои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинг таъсис дода шуда, дар таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷои нави кор мусоидат хоҳад кард.
Оянда дар он асали тозаи кӯҳистон дар шаклҳои гуногун бандубаст шуда, дар бозорҳои кишвар ба фурӯш гузошта мешавад ва, ҳамзамон, ба  кишварҳои хориҷа содирот мегардад.
Ҳамзамон, дар ҳудуди корхона коргоҳи бандубасти гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли яхмос ба роҳ монда шудааст. Бо дарназардошти дар кӯҳу пушта ва талу теппаҳои қаламрави ноҳия фаровон будани гулу гиёҳҳои шифобахш, масъулон тасмим гирифтанд, ки дар назди корхона коргоҳи хурди бандубасти гиёҳҳои шифобахшро дар қуттиҳои гуногуни коғазин роҳандозӣ намоянд.
Танҳо дар коргоҳи бандубасти гиёҳҳои шифобахш ва яхмос 6 нафар фаъолият намуда, ба бандубасти халтачаҳои коғазин машғул мешавад.
Пешвои муаззами миллат, ҳамчунин, аз намоиши дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни картошка, пиёз, ба миқдори беш аз 2 тонна каду, мева ва ғалладонагиҳо, ба маъраз гузошта шуданд.
Мутобиқи маълумот, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 5 ҳазору 898 гектарро ғалладонагиҳо (аз ҷумла, 5 ҳазору 582 гектар гандум), 216 гектарро лӯбиёиҳо, 735 гектарро картошка, 321 гектарро сабзавот, 489 гектарро зироати техникӣ  ва 43 гектарро полизиҳо ташкил менамоянд.
Имсол кишоварзони ноҳия 13 ҳазору 555 тонна ғалладонагиҳо (аз ҷумла 13 ҳазору 30 тонна гандум), 315 тонна лӯбиёиҳо, 10 ҳазору 27 тонна картошка, 3 ҳазору 19 тонна сабзавот ва 60 тонна полизӣ рӯёнданд.
Зимни боздид аз намоиши дастоварди соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замини корами обӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ноҳия дар доираи татбиқи Барномаи давлатии «Рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2015 – 2020» дар 592 гектар боғҳои нав бунёд ёфтанд, ки ин аз барзиёд иҷро гардидани барномаи мазкур шаҳодат медиҳад.
Майдони боғҳои ҳосилдеҳ 2 ҳазору 33 гектарро дар бар мегирад ва имсол боғпарварон 6 ҳазору 19 тонна мева ҷамъ оварданд.
Дар як гӯшаи дигари ҳамин мавзеъ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони КВДҶ «Тоҷикагролизинг» техникаву мошинолоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 65 трактор ва 8 комбайни ғалладаравро муаррифӣ карданд.
Мувофиқи маълумоти корхона, то имрӯз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, шаҳрвандон ва марказҳои хизматрасонии техникӣ, дар маҷмӯъ, 2 ҳазору 160 техникаи гуногунтамға, зиёда аз 6 ҳазор таҷҳизот ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (аз ҷумла, ба ноҳияи Ховалинг беш аз 40 техникаи гуногунтамға ва 120 адад таҷҳизот) ба тариқи иҷораи молиявӣ дода шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар маросими хатнасури 40 кӯдаки оилаҳои ниёзманд ширкат варзида, бо онҳо суҳбату мулоқоти самимона анҷом дода, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Шодиву хурсандии тифлаконро ҳадду канор набуд. Зеро онҳо аз дасти Президенти маҳбуби худ туҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд.
Дастархони идонаи оросташуда шодиву нишоти дӯстрӯяконро  дучанд гардонд.

ИФТИТОҲИ ШАҲРАКИ ВАРЗИШ ДАР ДЕҲОТИ ЛОҲУТӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг маҷмааи варзишро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз ду майдони хурди футбол, толорҳои теннис, шоҳмот ва шашка, ду майдони волейбол, ҳавзи шиноварӣ, майдони обутоби бадан ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити маҷмаа шинос шуда, ба корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд ва ҷавононро барои истифодаи мақсаднок аз имкониятҳои фароҳамгардида ҳидоят намуданд.
Маҷмааи нави солимгардонӣ дар мавзеи мувофиқ бо тарҳи зебо, бо дарназардошти талаботу меъёрҳои муосир, дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Исмоил Садиров дар майдони 2 гектар бунёд ёфт.
Ба истифода додани маҷмааи варзиш туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои ҷавонони ноҳияи Ховалинг ба истиқболи Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2019 дар ноҳия 6 майдончаи варзиш ва соли ҷорӣ 20 майдончаи варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар маҷмӯъ, шумораи майдончаи варзиш ба 61-то расид.
Баҳри таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз бунёди 11 майдончаи варзиш дар назар аст.

ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 1
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи  сафари корӣ дар шаҳраки Ховалинг  бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро  пас  аз навсозӣ  мавриди истифода қарор доданд.
Муассиса ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, бо гузашти вақт ниёз ба таъмиру таҷдиди он пеш омад. Навсозии бинои муассисаи таълимӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи соҳибкорони ватанӣ амалӣ шуд. Иншоот аз ду ошёна ва  се бинои таълимӣ иборат буда, барои 1500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад. Масоҳати муассисаи таълимӣ зиёда аз 1 гектарро ташкил дода, биноҳои он дар майдони 4 ҳазору 400 метри мураббаъ  қомат афрохтаанд. Дар мактаб барои таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар тамоми  шароити зарурӣ  муҳайёанд. Мактаб дорои 38 синфхона, аз ҷумла забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия,  технологияи иттилоотӣ  ва 16  ҳуҷраи корӣ  мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи мазкур,  барои ҳайати 85-нафараи омӯзгорон низ шароити муосир дар самти тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ фароҳам гардид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, омӯзгоронро  барои равона намудани донишу маҳорати касбӣ ҷиҳати омӯзондани илмҳои муосир ба хонандагон ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи онҳо барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Имрӯзҳо ба истиқболи Ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла деҳоти дурдаст,  идома дорад.
Дар ноҳияи Ховалинг давоми ду соли  охир бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватанӣ 6 муассисаи  таълимӣ бо зиёда аз 3  ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, сохтмони 17 иншооти дигар давом дорад.

ИФТИТОҲИ ҚИСМИ МУСТАҚИЛИ 55-УМИ ҲАРБИКУНОНДАШУДАИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНӢ ОИД БА МУҲОФИЗАТИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои қисми мустақили 55-уми ҳарбикунондашудаи Хадамоти  давлатии оташнишонӣ оид  ба  муҳофизати ноҳияи Ховалингро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз  ду  ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо баҳри истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд.
Бинои нав аз 12 ҳуҷраи корӣ, синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷои  нишаст, ошхона барои кормандон ва хобгоҳ иборат мебошад.  Барои  фаъолияти мунтазам ва фаврии кормандони хадамоти  давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Ховалинг се нақлиёти муосир ва  махсусгардондашуда, ки ҳар яки он имкони ғунҷоиши то 6 тонна обро дорад, дастрас гардид.
100 ниҳоли  сояафкан  ва 4000 гули рангоранг  ҳудуди  иншоотро зинат мебахшанд. Дар доираи созандагиҳо, ҳамчунин, атрофи бино сафолакпӯш шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии ниҳоди мазкурро  барои  истифодаи  пурсамар  аз  шароити  фароҳамгардида ҷиҳати хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз  шиносоӣ бо шароити  кор дар хадамоти  давлатии оташнишонӣ, дар ҳамин ҷо аз намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ дидан  намуданд.
 Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, овезаҳо, нақшу  нигор, зарфҳои  аз  чӯб, мис, оҳан ва  дигар металлҳо сохташуда, муаррифӣ шуданд.
Тавре мушоҳида гардид, занону  духтарони  дар  ин сохтори  Вазорати  корҳои  дохилӣ  фаъолияткунанда  низ ба  рушди ҳунарҳои миллӣ ва  дар самти эҳёи он таваҷҷуҳи хосса доранд.
 Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбати самимӣ бо иштирокчиёни намоиши ҳунарҳои мардумӣ, сокинонро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди анъанаҳои миллӣ ҳидоят карданд.

ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ЗАРГАРИИ “ОДИНА” ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари  корӣ  бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба  фаъолияти  коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшиданд.
Коргоҳ дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, тибқи  дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд ёфт.
Аснои шиносоии Пешвои миллат бо раванди истеҳсолоти маснуоти заргарӣ, иттилоъ доданд, ки  коргоҳ дар назди кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” сохта шуда, дар  он ду ҳуҷраи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунанд.
 Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гаштан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд ва, тибқи нақша, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хурду бузурги саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
 Коргоҳи навтаъсис бо дастгоҳҳои махсуси коркарди  маснуоти  заргарӣ, ки истеҳсоли кишварҳои хориҷа мебошанд, таъмин аст. Иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, сохтмони онро 50 сокини маҳаллӣ анҷом дод.
 Дар атрофи бино зиёда аз 20 намуди ниҳоли ороишӣ ва гулҳои  рангоранг шинонда  шудаанд, ки шаҳомат ва зебоии онро боз ҳам зиёдтар  менамоянд.
Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздики 35 сокини  маҳаллӣ, ки аксар духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас  аз омӯзиши нозукиҳои ин касб, соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид. 

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Нимаи дуюми рӯзи 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарм, дастгирии сиёсати созанда баҳри рушду пешрафти кишвар ва ободии як гӯшаи диёр ба сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ховалинг изҳори сипос карданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни ноҳия тайи 29 соли истиқлол нишон медиҳанд, ки Ҳукумати кишвар барои боз ҳам беҳтар гардидани рӯзгори сокинони ноҳия эътибори махсус зоҳир карда, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Ховалинг баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар барору комёбӣ орзу намуданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Ховалинг Муҳаммади Раҳмоналӣ – омӯзгор, Малоҳат Боҳтурова – донишҷӯ ва Амирхон Саидзода – бостоншинос баромад карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2020    №: 188 - 189    Мутолиа карданд: 75
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед