logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд.

Сарвари давлатро фаъолону сокинон бо эҳтироми хосса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав Комплекси агросаноатии хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Аҳмад»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Комплекси мазкур аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Россия - “Марва-мебел”, коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад. Корхонаи муштараки “Марва-мебел” дар ошёнаи якуми бинои дуошёна ҷойгир мебошад.
Аз кишварҳои Аврупо 16 адад дастгоҳи замонавии мебелсозӣ ворид гардида, дар корхона васлу насб шудааст. Вобаста ба фармоиш дар корхонаи навбунёд беш аз 300 номгӯ мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, дарҳои байниҳуҷрагӣ ва кату курсиҳои гуногунҳаҷм, истеҳсол мешаванд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар корхонаи мазкур имкон аст дар як шабонарӯз беш аз 8 метри мукааб тахта коркард шавад. Дар корхона маҳсулот, асосан, вобаста ба фармоиш истеҳсол шуда, аз лиҳози тарҳ ва сифат ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Чӯбу тахта, фурнитура ва дигар ашёи хом аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегарданд.
Кандакорӣ дар чӯб, ки барои миллати тоҷик меросист, дар корхона васеъ ба роҳ монда шудааст. Ба ин кор нафарони соҳибкасб ва дорои таҷрибаи зиёди корӣ ҷалб гаштаанд. Дарҳои байниҳуҷрагӣ ва дигар мебели истеҳсолшаванда бо усули дастӣ ва бо истифода аз дастгоҳи муосир кандакорӣ мешаванд. Дар корхонаи мебелсозӣ 30 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудааст.
Сарвари давлат ба масъулон барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастур дода, мутахассисонро ба омӯзондани нозукиҳои кори мебелсозӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯбро ба насли наврасу ҷавон, ҳидоят намуданд.
Коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона ва ошхона дар ошёнаи дуюми ҳамин бино ҷой дода шуда, 50 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шудаанд. Коргоҳ бо 40 адад мошинаи дарздӯзӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин мебошад. Дар коргоҳ номгӯи гуногуни либоси ягонаи мактабӣ, тиббӣ, муҳофизатӣ ва махсуси соҳавӣ барои корхонаҳо, инчунин, либосҳои миллии занона ва мардона истеҳсол мешаванд. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 600 метр матоъ баробар аст.
Маҳсулоти корхонаи мебелсозӣ ва ҳам дӯзандагӣ ивазкунандаи воридот мебошад ва бунёд гардидани чунин корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат зарур аст.
Меҳмонхона бо назардошти муштарак будани корхона бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ барои истиқомат, аз қабили рахти хоб, ҷевон ва ғайра таъмин асту барои қабули 18 меҳмон дар як вақт шароит муҳайёст. Ошхонаи замонавии иншоот аз 100 ҷойи нишаст иборат буда, дорои шароити хуби хизматрасонӣ барои кормандон ва меҳмонону корафтодагон мебошад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи замонавӣ, ки он ҳам навбунёд аст, дидан намуданд.
Гармхона дар асоси талаботи замони муосир ва бо истифода аз технологияи пешрафтаи соҳа бунёд шудааст. Масоҳати умумии гармхона 0,20 гектарро ташкил дода, дар он айни замон помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва сабзавот парвариш меёбанд. Обёрии гармхона қатрагӣ ва гармидиҳии он муттамарказ мебошад.
Гармхонаи хурд барои парвариши лимӯ низ бунёд гардида, 30 бех ниҳол мутобиқ ба мавзеъ шинонда шудааст. Дар шафати гармхона ҳавзи моҳӣ сохтаанд, ки дар он 1000 дона гулмоҳӣ парвариш меёбад. Дар ҳамин мавзеъ, дар 6 гектар боғ низ бунёд шудааст. 1800 бех токи навъҳои гуногун ва 200 бех ниҳоли себ шинондаанд.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин дар қатори ниҳолҳои боғ зироати кишоварзӣ, аз қабили лӯбиёгиҳо, полизиҳо, сабзавот ва картошка кишт кардаанд.
Дар атрофи комплекси навбунёд, хосса дар талу теппаҳо, саҳни корхона ва шафати роҳравҳо беш аз 1100 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинондаанд.
Барои таъмини гармхона, ҳавзи моҳӣ, боғу токзор ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ бо об дар ҳамин мавзеъ чоҳи амудӣ бо чуқурии 120 метр сохта шудааст. Тавассути чоҳ аҳолии деҳаҳои атроф низ бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан ин мавзеъ бекорхобида ва ноободу валангор буд ва инак, бо бунёд гардидани чунин комплекси азими агросаноатӣ обод шуд ва дар маҷмӯъ, 130 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. 
Комплекс дар ноҳияи Шаҳринав аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯзи Раҳмиддин бо истифода аз маблағҳои даромади хоҷагии деҳқонӣ ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуд.
Дар ҳамин мавзеъ, ҳамчунин, сохтмони корхонаи азими парандапарварӣ барои парвариши 15000 сар мурғи бройлерӣ идома дошта, он то таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Роҳбарияти корхона дар оянда бунёди сардхонаро низ бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулот ба нақша гирифтаанд.
Аз роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода то корхонаи навбунёд масофаи 1 километр роҳ пурра асфалтпӯш гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин комплекси муосири агросаноатиро аз ҷониби соҳибкори ватанӣ шоистаи таҳсин ҳисобида, зикр намуданд, ки ин иқдом дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид мегузорад.

Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз”
Дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз” ташриф оварданд.
Дар ҷамъияти мазкур Сарвари давлат аз нашъунамои ниҳоли дарахтони себ дар боғи навбунёди интенсивӣ дидан намуда, ба ҷамъоварии ангур оғоз бахшиданд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки ҷамъияти “Кишоварз” дорои 2574 гектар замин, аз ҷумла 145 гектар замини корами обӣ буда, ҳамасола хоҷагидорон номгӯйи гуногуни зироати кишоварзиро кишт мекунанд ва ба боғу токпарварӣ машғул мебошанд.
Масоҳати боғи интенсивии нав 2 гектарро ташкил медиҳад ва дар он ду навъи себ: “Жармен” - и фаронсавӣ ва гардолудкунандаи навъи “Голден Дюшес” шинонда шудааст.
Бо назардошти хурд будани ниҳолҳо ва бо мақсади истифодаи самараноки замин дар байни қаторҳо зироат, аз ҷумла дар масоҳати 1,5 гектар помидор, 15 садяк картошка ва 30 садяк сирпиёз кишт намуда, дар масоҳати 10 садяк гули садбарг шинондаанд. Тибқи иттилоъ, ҳосилнокии помидор то ба имрӯз 600 сентнерро ташкил додааст.
Картошка ва сирпиёз дар хоҷагии мазкур кишти такрорӣ мебошанд. Пеш аз картошка ва сирпиёз хоҷагидорон ғалладонагӣ ва пиёз кишт намуда, ҳосили хуб ба даст овардаанд. Аз садбаргзор бошад, ҳар сол 20 ҳазор қаламча гирифта, барои сабзу хуррам гардондани кӯчаву гулгаштҳои ноҳия истифода мебаранд.
Токзор дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз” 2 гектарро ташкил медиҳад ва ангури навъи “Ҳусайнии сиёҳ” парвариш карда мешавад. Ҳосили ҷамъоваришуда аз боғу токзори ҷамъият, асосан, дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта шуда, ҳиссае аз ангур ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои ҳамсоя Афғонистону Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Қазоқистон интиқол меёбад. Ҷамъият дорои сардхона низ ҳаст ва дар он ангуру дигар намуди мева барои давраи зимистону баҳор нигоҳ дошта мешаванд.
Соли гузашта токпарварони ҷамъият аз ҳар гектар 400 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, ки ба андешаи олимони соҳа, нишондод қобили қабул аст. Имсол низ ҳосил дар токзори мазкур фаровон аст.
Масоҳати умумии боғу токзор дар ҷамъият 19,95 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 12 гектараш токзор аст. Дар ин ҷо 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, онҳо маоши хуб мегиранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боғ аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ хоҷагидорон маҳсули меҳнати хеш, аз қабили ғалладонагӣ, сабзавот, полизӣ, картошка, зироати техникӣ ва ғайраро, ки давоми сол бо меҳнати ҳалол ба даст овардаанд, ба тамошо гузоштанд.
Имсол кишоварзони ноҳияи Шаҳринав дар масоҳати 9365 гектар, аз ҷумла 4380 гектар ғалладонагӣ, 1500 гектар сабзавот, 130 гектар полизӣ, 1000 гектар зироати техникӣ ва 334 гектар картошка кишт намудаанд. Дар ноҳия бо назардошти ҳосилхез будани замин кишоварзон аз як замин то 4 ҳосил ба даст меоранд. Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Шаҳринав дар масоҳати 1570 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст, ки аз ин 200 гектарашро картошка ташкил медиҳад. Масоҳати боғу токзор бошад, 2480 гектар, аз ҷумла 690 гектар токзор ва боқимонда боғҳои меваи тухмакдору донакдор мебошанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмати кишоварзони ноҳияи Шаҳринав баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, бештар намудани майдони кишт, аз ҷумла кишти такрорӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.
Масоҳати он, ки дар маркази ноҳия сохта шудааст, 2100 метри мураббаъ буда, ба ҳусни Шаҳринав зебоии дигар зам мекунад.
Баландии сутунпояи ин рамзи давлатдорӣ 55 метр буда, матои Парчам 7 метр паҳноӣ ва 15 метр дарозӣ дорад.
Майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш шуда, бо гулу буттаҳо оро ёфтааст.
Ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, дар майдони Парчами давлатӣ нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардидаанд. Ҳамчунин, дар ин ҷо фаввора сохта шудааст. 
Дар майдон барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, барои сайругашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад. 
Зимни шиносоӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди майдони Парчами давлатиро баҳри боз ҳам  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани МТМУ рақами 18
Дар идомаи  сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабо бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи таълимии 2-ошёна аз 3 бино иборат аст. Бинои асосии он, ки соли 1960 қомат афрохта буд, бо сабаби корношоям гаштан, пурра аз байн бардошта шуд. Сохтмони иморати нав моҳи декабри соли 2018 оғоз ёфта, дар рафти корҳо масъулон сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб намуданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и ноҳияи Шаҳринав дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо дастгирии оилаи Рӯзиевҳо бунёд гашт. Дар он 800 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. 
Бинои нави муассиса, ки бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, аз 12 синфхона иборат мебошад. Синфхонаҳо бо дастгоҳу лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳазанд. Бо назардошти эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020 – 2040), синфхонаҳои фанҳои физикаву химия барои гузарондани озмоишҳо ва дарсҳои амалӣ ба таври муосир таҷҳизонда шудаанд.
Қомат афрохтани бинои нав омӯзгоронро рӯҳбаланду ба кори хеш дилгарм намуд. Бо истифода аз ин шароит, онҳо фаъолиятро дар самти таълиму тарбияи насли наврас боз ҳам ҷоннок мекунанд.
Дар муассиса 650 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 43 омӯзгор дарс мегӯяд. Аз ин шумора 35 нафараш зан мебошад. То ба истифода додани он, таълим дар мактаб дар се баст сурат мегирифт ва норасоии ҷои нишаст эҳсос мешуд. Бо қомат афрохтани бинои нави муассиса ин мушкилии омӯзгорону хонандагон бартараф гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки дар баробари ба истифода додани бинои нави муассиса, оилаи Рӯзиевҳо, ҳамчунин, 1 километр роҳи асосии кӯчаи Қаҳрамонро асфалтпӯш карда, ин роҳро чароғон намуданд.
Майдончаи муассиса таъмиру навсозӣ шуда, дар он барои баргузории дарси тарбияи ҷисмонӣ шароити хуб фароҳам мебошад. Саҳни мактаб сафолакпӯш ва чароғон гашта, дар гӯшаҳои алоҳида гулҳои рангоранг шинонда шудаанд.
Баъд аз шиносоӣ бо имкониятҳои он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси сокинони ватандӯстро барои обод кардани як гӯшаи диёр шоистаи таҳсин ва дастгирӣ хонданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароитҳои фароҳамгардида хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

Роҳандозии муассисаи томактабии хусусии “Назокат”
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи томактабии хусусии “Назокат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави боғчаи кӯдакона 2-ошёна буда, ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватандӯст Ҷамолиддин Аҳмадзода сохта шуд.
Кӯдакистон метавонад 100 нафар фарзандони сокинони ноҳияи Шаҳринавро дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда барои сокинони ноҳияи Шаҳринав, аз ҷумла деҳоти Ҳаёти Нав, маънидод карданд.
Корҳои бунёдӣ дар иншооти соҳаи маориф аз ҷониби мутахассисону сохтмончиёни ҶДММ “Муҳаммадҷон” иҷро гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Синфхонаҳо бо мизу курсӣ, аёниятҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳазанд. Ҳуҷраҳои фароғатӣ ва хоби кӯдакон бошанд, бо рахти хоб ва дигар роҳаткурсиҳои замонавӣ таъмин шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону дигар кормандони кӯдакистон, таваҷҷуҳи онҳоро ба масъалаи дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасози давлат ҷалб карданд.
Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон барои бозии кӯдакон шароити хуб фароҳам гардида, ҳамзамон, 4 суҳбаткада сохта шудааст, ки барои гузарондани машғулиятҳои фароғатӣ хеле мувофиқ мебошад.
Шинондани гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан ва сарсабзу хуррам гардондани атрофи бинои муассисаи томактабии хусусии “Назокат” аз корҳои ободонӣ ба шумор мераванд.
Соҳибкорони бонангу номуси ноҳияи Шаҳринав сиёсати созанда ва дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ, махсусан бунёди иншооти соҳаи маориф, саҳми арзанда мегузоранд.
Ин раванд дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд.
Дар деҳоти Ҳаёти Нав 35 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Ба шарофати истиқлолият ва сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар сокинонаш соҳиби боғчаи кӯдакон ва маркази тиббӣ гардиданд. Бунёди иншооти таъйиноти гуногун баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дорад.
Қобили тазаккур аст, ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ ба масофаи 250 метр роҳи ҳудуди деҳот асфалтпӯш шудааст.

Баистифодадиҳии бинои маркази ташхисӣ - табобатии “Муҳаммадҷон”
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нав маркази ташхисӣ-табобатии “Муҳаммадҷон”-ро ифтитоҳ карданд.
Маркази 2-ошёна бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷамолиддин Аҳмадзода дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) дар масоҳати 15 садяк замин бунёд гардид.
Дар ин ҷо намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ - санитарӣ, аз қабили табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, ба роҳ монда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси марказ ва табибону кормандон дастур доданд, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва муошират бо беморон диққати ҷиддӣ дода, қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намоянд.
Дар муассиса барои безараргардонӣ, тамйизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ тамоми шароит фароҳам буда, ҳуҷраи безараргардонӣ ба дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа таъмин аст.
Ҳуҷраҳои дандондармонӣ барои калонсолон ва кӯдакон аз хизматрасониҳои дигари ин иншооти соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.
Дар муассиса барои табобат, инчунин, гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис ёфтааст, ки дар он бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахш ба дарди беморон дармон мебахшанд.
Баъди бунёди маркази тиббии хусусӣ, 20 нафар табиб, мутахассисони дорои донишу таҷриба ва кормандони миёнаи тиб ба кор ҷалб шуданд.
   Тибқи маълумот, сохтмони марказ соли 2018 оғоз гардида, барои бунёди он 20 коргари маҳаллӣ ҷалб гардида буд.
Саҳни беморхона сафолакпӯш шуда, даромадгоҳ ва ҳавлии онро бо гулу буттаҳо зинат додаанд, ки ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
   Пешвои муаззами миллат, аснои шиносоӣ бо шарту шароити маркази тозатаъсис, ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба табибону дигар кормандони соҳаи тандурустӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки табибон бо истифода аз шароиту имконияти барояшон фароҳамгардида ба халқу миллат содиқона хизмат намоянд.

Майдончаи варзиш мавриди истифода қарор гирифт
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав майдончаи варзиши болопӯшидаро ба истифода доданд.
Иншоот дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиз Ғозизода бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати майдонча 16 садяк заминро ташкил намуда, бо дарозии 43 ва паҳноии 23 метр мутобиқ ба талаботи стандартҳои соҳаи варзиш бунёд гардидааст. Дар сохтмони он 20 сокини маҳаллӣ ҷалб шуда буд.
Феълан, дар ноҳияи Шаҳринав 62 иншооти варзиш, аз ҷумла 38 майдонча, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ҷавонону наврасон аз он самаранок истифода мебаранд. Иншоот барои бозиҳои гуногуни варзиш мутобиқ мебошад. Ёдрас мешавем, ки бунёди майдонча ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам намуд, ки танҳо дар соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шаҳринав бо иштирок дар мусобиқаҳо сазовори 27 медал, аз ҷумла 12 медали тилло ва 15 медали нуқра, гарданд.
Зимни боздид аз шароити фароҳамгардидаи майдончаи варзиш, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ҷавонону наврасонро ба истифодаи самараноки чунин имконияту шароити барояшон фароҳамгардида ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. 
Иттилоъ доданд, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҳуҷраи кории кормандон, китобхона бо 1200 нусха адабиёти шоирони муосиру классик ва соҳавӣ, ҳамчунин, маҷлисгоҳи хурд ҷойгир аст. Ошёнаи дуюм аз маҷлисгоҳи калон, утоқи роҳбарият ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Зимни шиносоӣ бо шароити кории бино, Пешвои муаззами миллат ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизб сохта шуда, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  
Пешвои муаззами миллат, зимни суҳбат бо кормандон ва роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав, таъкид доштанд, ки фаъолиятро ҷоннок намуда, дар рушд ва пешрафти кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳиссагузор бошанд.
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, дар ободӣ ва суботи мамлакат саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт.
Қомат афрохтани бино ба ҳусни маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд. Атрофи иншоот бо гулу дарахтони сояафкан оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидаанд.

Боғи фарҳангӣ - фароғатии шоҳ Исмоили Сомонӣ
30 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия, ҳамчунин, боғи фарҳангӣ-фароғатии шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот аз ҳисоби буҷети ноҳияи Шаҳринав дар якҷоягӣ бо соҳибкорону шахсони саховатпеша дар масоҳати 1,98 гектар бунёд гардид. Тадбири мазкур яке аз бандҳои нақшаи корӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз аввали соли равон оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расиданд. Зимни сохтмони боғи фарҳангӣ-фароғатӣ аз маҳсулоти ватанӣ истифода шуда, корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ иҷро гардидаанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат, ҳамчунин, аз пайкараи тозабунёди асосгузори аввалин давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, бо назардошти зерибиноаш, 5 метрро ташкил дода, он аз ҷониби рассому ҳайкалтарош Сафарбек Қосимов таҳия шудааст. Қомат афрохтани муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази боғ ба ҳусни ин макони фарҳангӣ зебоии дигар зам намуда, шаҳодати ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба гузаштагон мебошад.
Зимни шиносоӣ, Пешвои муаззами миллат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи боғро дар маркази ноҳия ҷиҳати рушду густариши соҳаи фарҳанг неку назаррас маънидод намуданд.
Таъкид шуд, ки боғи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Шаҳринав яке аз маконҳои асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ ба ҳисоб рафта, барои истироҳату фароғати сокинон имконияти мусоид фароҳам гардидааст.
Дар боғ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия 7 атраксиони бозии кӯдакон, беш аз 40 нишастгоҳ, ҳайкали 10 ҳайвончаи афсонавӣ ва амсоли инҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ба масъалаи сабзазор кардани иншооти тозабунёд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, зиёда аз 10 ҳазор метри мураббаъ бо гулу дарахтони ороишию сояафкан оро ёфтааст, ки ба ҳусни гулгашти мазкур таровати тоза зам менамояд. Бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозӣ, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атрофи боғи Исмоили Сомонӣ сафолакпӯш гардида, чароғон шудааст, ки ҳангоми сайругашти шабона мусоид мебошад. Ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва натиҷаи заҳмати чирадастони ноҳия дидан карда, ба маҳорати волои бонувон баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳунармандон бояд пурмасъулият бошанд ва дар ҳифзу эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ саҳми назаррас гузоранд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Шаҳринав баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди беш аз 434 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 285-тои он мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони иншооти боқимонда бомаром идома дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2020    №: 191    Мутолиа карданд: 66
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед