logo

сиёсат

ИНТИХОБИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ кишвари маҳбуби мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ гардид. Албатта, барои ҳар шаҳрванди кишвар зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз он ҷоннисорӣ, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллатро пеши назар дошта бошад. Дар замоне, ки ҷанги шаҳрвандиро  таҳмил карда буданд, алангаи оташи он рӯз ба рӯз густариш меёфт, хавфи нестшавии миллат ва истиқлоли он вуҷуд дошт. Зимоми давлатдориро ба хотири наҷоти он ва хомӯш намудани ин оташ ҳеҷ кас бо ҷасорати комил ба зимма гирифтан намехост. Масъулияти бисёр сангин буд. Дар ин роҳ Сарвари давлат бояд тамоми неруву ғайрат ва низ ҳастияшро барои ояндаи неки ин Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ сарф мекард. Инчунин, барои ҳаёти хушбахтонаи мардуми кишвар заҳмат мекашиду тамоми тадбирҳоро меандешид. Ин масъулияти бузургу таърихиро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифт.

Ин ҳамаи дастовардҳоро бо камоли хоксорӣ аммо ба худ нисбат надод. Арз дошт, ки он маҳсули талошу заҳматҳои фидокоронаи тамоми мардуми азизи ин кишвар мебошад.
Чун сулҳ барқарору пойдор гардид, Ватани маҳбубамон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои зиёд ноил шуд, ки дар арсаи байналмилалӣ назаррас буданд. Бешак, мушкилоту проблемаҳо вуҷуд доштанд, аммо Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки онҳо муваққатӣ ва даргузар мебошанд. Замон ин ҳақиқатро собит сохт. Пас аз он мақсад гузошта шуд, ки ин Ватани аҷдодӣ бештар обод бигардаду бештару беҳтар муаррифӣ бишавад.
Мо, дар ҳақиқат, мардуми хушбахти замонем, ки ин ҳақиқатро на танҳо шоҳид гардидем, балки роҳи тайкардаи онро  низ дидем. На дар миёни роҳ мондем ва на аз роҳ рафтан боз истодем, зеро дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари шоиста доштему дорем. Пайрави ӯ будан пайрави хушбахтӣ ва саодати беназир мебошад.
Сатҳи зиндагии мардум боло бардошта шуд. Ҳолиё бо дидани дастархонҳои пурнозу неъмати шаҳрвандони кишвар дар баробари шукргузорӣ ёд аз рӯзгори пешин, рӯзгори фоҷиабор менамоем.
Чӣ сон метавон фаромӯш кард? Нон набуд. Мардум аз гуруснагӣ азият мекашид. Барои рафъи он ва наҷоти худ  чандин зироатҳое ҳам истифода намуданд, ки боиси ҳалокату маргашон шуд. Магар аз пеши назар меравад, ки бар ин асар садҳо сокинони ноҳияи Фархор ба ҳалокат расиданд?
Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе аз нимашаб дар назди заводи нон навбат мегирифтанд, аммо на ба ҳама нон мерасид.
Ҳолиё аз ҳар нафар шаҳрванди кишвар, ки он рӯзгори фоҷиаборро дидааст, агар бипурсед: «Кӣ шароити арзандаи зиндагиро барои мо муҳайё сохт?», ҳатман чунин посухи ифтихоромезу шукромезро мешунавад: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!»
Вақте ин гуна посухро мешунавем, умед ба ояндаи неки кишвар мекунем. Бовар ҳосил менамоем, ки моро рӯзгори аз ин ҳам беҳтар дар пеш аст. Воқеан, чун шукргузор ҳастем, файзу баракат дар кору рӯзгорамон меафзояд.
Миллати мо аз оғоз шукргузор буд ва дар таърих ҳамин гуна ёд мешавад. Пешвои муаззами миллат донистану хондани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як навъ эътирофи ҳамаи заҳматҳо ва ҷоннисориҳои ӯ дар роҳи эъмори давлату ҷомеаи навини пешрафтаи хушбахт аст, балки, пеш аз ҳама, шукргузорӣ ва садоқат ба ӯ мебошад.
Ин ҳақиқат ба исбот ниёз надорад, ки мардуми сарзамини аҷдодии мо ба ҳеҷ сарвари пешин ба мисли Эмомалӣ Раҳмон муҳаббати самимӣ надоштанду надоранд. Муҳаббат ба зӯрӣ ва сохтакорӣ дар дил ҷой дода намешавад. Истиқболи гарм, суҳбатҳои озоду фараҳбахш бо ҳузури Сарвари давлат дар тамоми манотиқи кишвар бар он гувоҳ мебошанд.
Мебинем, шоҳид мегардем ва ҳам хушнуд, ки дар бунёди иншоотҳо сангҳои асосро мегузоранд. Инчунин, дар ифтитоҳи онҳо ширкат меварзанд.
Мебинем, шоҳид мегардем, ки ҳатто дар расми кушодашавии иншооти хурд низ ширкат меварзанд ва суханронӣ мекунанд. Аз он ҳама ин натиҷа бармеояд, ки барояшон ҳамаи иншооти кишвар: чӣ хурд ва чӣ бузург қимат дорад, зеро дар Ватани маҳбуби мост.
Мегӯянд, ба таъкид мегӯянд, ки ба қадри ин Ватан, ин диёри зебоманзару биҳиштосо бирасем. Ва шод бошему ифтихор бикунем, ки Ватану давлат дорем ва дар он сулҳу амният ҳукмрону пойдор аст.
Ба таъкид изҳор медоранд, ки ба қадри он бирасем, фирефтаи ғаразҷӯёни сиёсӣ набошему зиракии сиёсиро, хосса дар даврони ҷаҳонишавӣ, тарғиби зиёди идеологияи ғайр аз даст надиҳем.
Ҷашнҳои миллиро эҳё карданд ва ба онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ шукӯҳи тоза бахшиданд. Зодрӯзҳову солгардҳои шахсиятҳои маъруфу шинохтаи миллатро таҷлил намуданд, то ба гузаштаамон ифтихори бештар дошта бошем ва ба асолатамон бирасем. Мақоми илмро боло бардоштанд. Осори беназири фарҳангу таърихи миллат кашф шуд. Мақсад, дар баробари муаррифии бештари миллат, рушди устувор, шинохтани миллати тамаддунсозу қадимаи тоҷик дар арсаи олам аст. Шуълаи ифтихори миллиро ба ин васила афрӯхтанд ва ҳисси худшиносиву ватандӯстиву фазилатҳои неки инсониро афзуданду пойдор намуданд. Ба тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда таъкид доштанд, ки тамоми зиёиён, хосса аҳли маориф, ба масъалаи муҳиму сарнавиштсозу ояндасоз бо тамоми масъулият диққати ҷиддӣ бидиҳанд. Таъкид намуданд, ки «Мо ба мақсадҳои олии худ – таҳкими дастовардҳои истиқлолияти кишвар, таъмини рушду нумӯи давлатдории миллӣ, амнияти давлат ва миллат, пойдории сулҳу субот, пешрафти иқтисодиёту татбиқи ҳадафҳои марҳилаи созандагӣ, беҳбуди зиндагии мардум ва ҳалли даҳҳо масъалаҳои дигари ҳаётӣ танҳо аз ҳамин роҳ расида метавонем».
Ба хотири он, ки дар замони нав ба дастовардҳои бузурги илмиву техникӣ ва кашфиётҳои нав ноил бигардем, Пешвои миллат тамоми шароиту имкониятҳоро дар соҳаи маориф фароҳам оварданд. Ҳамзамон, дастур доданду раҳнамоӣ карданд. Муассисаҳои таълимӣ бо компютер дар асоси барномаҳои давлатӣ тадриҷан таъмин гардиданд. Таъкид доштанд, ки ба фанҳои техникӣ, табиатшиносӣ, умуман, ҳамаи фанҳои дақиқ диққати махсус дода шавад. Инчунин, дар донишгоҳҳо сифати тарбияро баланд бардоранд ва беҳтарину муфидтарин таҷрибаҳои пешқадами марказҳои илмиву таълимии ҷаҳонро омӯхта, аз онҳо истифода намоянд.
Мақсад аз ин ҳама мутобиқи талаботи бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисон ва истифодаву бархӯрдорӣ аз дастовардҳои илмҳои муосир аст.
Албатта, бо чунин Пешвои муаззами миллат мо ба муваффақият ва дастовардҳои бузургтаре ноил мегардем. Аз ин рӯ, бовар дорем, ки ба ҷонибдории ӯ мардуми кишвар, хосса аҳли маориф, раъй медиҳанд ва интихобаш ба маснаду мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби ояндаи дурахшону босаодати миллат хоҳад шуд.

Абдусалом МИРАЛИЕВ,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2020    №: 191    Мутолиа карданд: 162
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед