logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
1 октябр дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ марҳилаи аввали маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ин маҷмааи муҳташам аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Кабиров дар масоҳати 5,3 гектар бунёд шуда, дорои садҳо дукону мағозаҳои фурӯш, ошхона, сехи дӯзандагӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бояд зикр намуд, ки ин маҷмааи хизматрасонӣ аз калонтарин иншоотест, ки дар доираи боздиди кории Пешвои миллат дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Тибқи иттилои масъулон, марҳилаи аввали маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар” бештар аз 4 ҳазор нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад. Маҷмаа аз дукону мағозаҳои фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ, ҷиҳози рӯзгор, мебел, қандилҳои гуногун, қолинҳо, дорухона ва амсоли ин, иборат мебошад. Ҳамчунин, дар дохил ва атрофи муассиса дар масоҳати 4 гектар таваққуфгоҳи нақлиёт ба истифода дода шуд. Дар ошёнаи дуюми бинои маҷмаа сехи дӯзандагӣ бо 300 ҷойи кор мавқеъ гирифтааст, ки дар он, асосан, занону духтарони хонашин фаъолият мебаранд.
Тибқи иттилои масъулони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ, занону духтарон дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар ин сех даҳҳо номгӯи маҳсулот, аз қабили сарулибоси мактабӣ барои хонандагон, либосҳои духтаронаву писарона, хилъат барои табибон, куртаҳои чакану попурӣ, рахти хоб ва ғайра омода мешаванд.
Ҳангоми боздид аз сехи дӯзандагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон дар самти таъмини занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ баҳои баланд доданд. Аз бонувон низ даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, маҳорату малакаи худро сайқал диҳанд ва бо ин васила муаррифгари ҳунарҳои миллӣ бошанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ санги асоси ин маркази бузурги савдоро гузошта, соҳибкоронро вазифадор карда буданд, ки онро бисёрфунксионалӣ, бо тарҳу намои муосир ва сифати баланди ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд намоянд.
Ҳамчунин, дар доираи супоришҳои Пешвои миллат, соҳибкорон уҳдадор шуда буданд, ки дар назди маркази хизматрасонӣ барои 200 кӯдак боғчаи бачагона бунёд намоянд. Инак, бо гузашти наздик ба чор сол марҳилаи аввали маркази хизматрасонӣ бо муосиртарин шароиту имконоти тиҷоратӣ ба истифода дода шуд. Корҳои бунёдӣ дар кӯдакистон, ки барои 400 нафар пешбинӣ гардидааст, бомаром идома доранд ва моҳҳои наздик ба пуррагӣ ба истифода дода мешавад.
Марҳилаи аввали маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар” аз се қисм иборат буда, ҳар қисми он бо меъмории хоси шарқиёна сохта шудааст ва намои бисёр зебо дорад. Ҳангоми шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои марказ, Президенти мамлакат ба масъулони маҷмаа ҷиҳати дар сатҳи талаботи ҷаҳонӣ ба роҳ мондани савдову тиҷорат ва фароҳам овардани шароити мусоиди кор ба соҳибкороне, ки дар ин маркази савдо ба кор ҷалб шудаанд, дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ба иттилои соҳибкорон, марҳилаи дуюми маркази савдою хизматрасонӣ то Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Марҳилаи дуюм дар баробари кӯдакистони муосири 4-ошёна барои 400 кӯдак, инчунин, толорҳои хурду бузурги варзишӣ ва аквапаркро дар бар хоҳад гирифт. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми марказ боз бештар аз 1000 нафари дигарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард.  
Дар саҳни ҳавлии маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар” намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуд. Ҳунармандони мардумӣ ва кишоварзони ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Гӯшаи ҳунарҳои мардумиро намунаи ҳунарҳои дӯзандагию бофандагӣ, ресандагӣ оро медод. Аз маҳсулоти дастии намоишгоҳ аён гашт, ки эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ, махсусан занону духтарони ноҳияро ҷиҳати эҳёи қадимтарин ҳунарҳои миллӣ ҳавасманд кардааст, зеро дар намоишгоҳ намунаҳои ҳунармандон бо қадимтарин нақшу нигор, ки танҳо ба миллати мо хос аст, ба маъраз гузошта шуда буданд.

Ифтитоҳи гулгашти Исмоили Сомонӣ
1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.
Муҷассама дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён қомат афрохта, дар идомаи тадбирҳои созандагӣ барои истиқбол аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов бо санъати баланд омода гардидааст. Баландии муҷассама 5,3 метр ва дар маҷмӯъ, бо таҳкурсиаш 9,3 метрро ташкил медиҳад. Дар ду паҳлуи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.
 Масоҳати умумии гулгашти Исмоили Сомонӣ 0,18 гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмонию паймонкории иншоотро кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Планета БАФ” ба анҷом расондаанд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар мутахассис ҷалб гардида, бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд.
Дар гулгашти Исмоили Сомонӣ дар идомаи тадбирҳои созандагӣ наздики 8000 бех гули рангоранг ва ниҳолҳо шинондаанд. Барои таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар атрофи муҷассама ду фаввора ва 15 нишастгоҳ сохтаанд. Роҳравҳои атрофи иншоот дар масоҳати 1400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудан аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёду ба истифода додани 414 иншооти дорои таъйиноти гуногун дар назар аст.
Дар шаҳраки Сомониён ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ  бунёд ва ба истифода додани 44 иншоот дар назар аст, ки аллакай, 35 ададаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар гулгашти Исмоили Сомонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои бунёдиву сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии боқимонда ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Атрофи гулгашти Исмоили Сомониро шабонгоҳ чароғҳои гуногуни равшанидиҳанда зинат мебахшанд.

Тақдими туҳфа ба 50 нафар ятими кулл
1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази хизматрасонии “Саманд” бо 50 нафар ятими кулли ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои моддию пулӣ тақдим намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кӯдаконро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда, таҳти дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик карданд.
Шодии кӯдакону наврасонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд, зеро онҳо аз дасти Пешвои муаззами хеш туҳфаҳо гирифтанд ва суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар маҷмӯъ, 2569 нафар кӯдаки ятим ба қайд гирифта шудааст, ки 103 нафараш ятими кулл мебошад ва зери ғамхориҳои Сарвари дурандешу ятимпарвари мамлакат қарор доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани шароит ва имконоти дастрасии ятимон ба таҳсилу зиндагии арзандаро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додааст ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як боздиди кории худ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот анҷом дода, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту таълим ва вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо дастуру супоришҳо медиҳанд.
Бо назардошти он ки рушду пешрафти Ватани азиз бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор ва донишманд вобаста аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба омӯзиши илмҳои муосир, касбу ҳунар ва аз худ кардани техникаву технологияи навин ҳидоят намуданд.
Дар давоми 29 - соли Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва будубоши ятимон дар мактаб - интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудани ин қишри ҷомеа корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Кӯдакон зимни баромад миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва сол ба сол беҳтар намудани шароити зиндагии ин табақаи ниёзманди ҷомеа баён дошта, қавл доданд, ки касбу ҳунарҳои муосирро меомӯзанд ва бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми назаррас мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки маркази хизматрасонии “Саманд”, ки мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон дар он баргузор шуд, дар доираи тадбирҳои созандагӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ навсозӣ гардида, атрофи иншоот чароғон шудааст.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ
1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мардуми меҳнаткаши ноҳияи Рӯдакӣ барои гузоштани саҳми босазо дар ободиву пешрафти Ватани маҳбуб арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сокинони ноҳия имрӯзҳо корҳои ободониро ба ифтихори Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо азми қавӣ вусъат бахшида истодаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминону боварӣ таъкид доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ минбаъд низ дар самти ободу зебо намудани диёри хеш саҳми арзишманди худро мегузоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, намояндагони касбу кори гуногун Нафиса Худоназарова - донишҷӯ, Зафар Яқубов - собиқадор ва Манижа Назароваи табиб баромад карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2020    №: 193    Мутолиа карданд: 177
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед