logo

сиёсат

ИЗҲОРИ СИПОСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

11 октябр дар кишвари азизи мо боз як чорабинии муҳиму сарнавиштсози таърихӣ – интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор шуд. Аксари интихобкунандагон – шаҳрвандони кишвар раъйи худро ба тарафдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доданд.
Ба ин муносибат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва дастгирии номзадиашон самимона изҳори сипосу миннатдорӣ мекунанд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, бо қаноатмандиву ифтихор хотирнишон месозанд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон табдил ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, таъкид мекунанд, ки интихоботи доиргардида ҳамчун рамзи сулҳу суботи комили сиёсии кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик, бешубҳа, боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, бори дигар хурду бузурги мамлакатро даъват мекунанд, ки раванди корҳои ободониву созандагиро барои истиқболи арзандаи Ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани некуаҳволии сокинони мамлакат саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2020    №: 203    Мутолиа карданд: 246
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед