logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Ифтитоҳи маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён»
15 октябр, рӯзи якуми сафари корӣ дар вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён»-ро, ки бо тарҳи зебо ва муосир бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот моҳи августи соли 2015 бо ҷалби зиёда аз 70 сохтмончии маҳаллӣ ва бо истифода аз масолеҳи ватанӣ оғоз ёфта, моҳи октябри соли  равон ба анҷом расид.
Марказ шишабандӣ гашта, бо системаи гармидиҳӣ ва сардкунӣ таъмин мебошад. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, ки дар дохили он ду лифт буда, ба коргарону мизоҷон хизмат мерасонад.
Дар ошёнаи якум намоишгоҳи маҳсулоти ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” ташкил гардидааст. Иттилоъ доданд, ки дар корхонаи қолинбофӣ соли 2013 - ум 250 нафар кор мекард. Бо баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, айни ҳол теъдоди коргарон наздики 1000 нафарро ташкил медиҳад. Боиси тазаккур аст, ки корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” дар таъмини бозорҳои дохиливу хориҷӣ саҳми арзанда дорад.
Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхона, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар кишвар мағозаҳои фурӯши қолин кушоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарияти корхонаро ба беҳтар намудани сифати маҳсулот ва истифодаи ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла пашм, ҷалб карданд.  Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат дурнамо, воридоти технологияи муосир ва нақшаҳои ояндаи корхона оид ба таъсиси ҷойҳои нави корро муаррифӣ намуданд.
Дар ошёнаи дуюми маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён» Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 150 ятими кулл суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо кумакҳои моддиву пулӣ расонданд.
Дар ошёнаи сеюми маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён»  коргоҳи дӯзандагӣ ташкил ёфта, дар он 100 нафар духтарону занони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Гуфта шуд, ки баъди васеъ намудани самти фаъолият дар оянда имкон аст, ки то 500 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шавад.
Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён» дар шафати роҳи асосии Хуҷанд – Ғафуров, воқеъ дар ҳудуди шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Бахтиёр Мирзобаҳодуров ва Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров бунёд гардид.
Гирду атрофи биноро сафолакҳо, гулу буттаҳо ва фурӯзонакҳои равшанидиҳанда оро медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои бунёди маркази савдою хизматрасонии муосир, таъсиси  коргоҳҳо ва ҷойҳои нави кор изҳори сипос намуданд.
Пешвои миллат ба роҳбари коргоҳ ва масъулин, ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани самти фаъолият, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба истифода додани маркази ташхисӣ-табобатӣ
15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ дар се қабати аввали бинои 9-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Насим Мирпочоев таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз таъсиси марказ, дастрасӣ ба хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ мебошад. Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳа, аз қабили дастгоҳи магнитии резонансии томографӣ (МРТ), томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, ташхиси ултрасадо ва дигар технология, ки барои ташхиси дақиқу фаврии бемориҳои гуногун пешбинӣ шуда, истеҳсоли Ҷумҳурии Корея мебошанд, васлу насб гардидаанд. Тамоми технологияи марказро Насим Мирпочоев васл карда, ӯ нозукиҳои насби таҷҳизоти тиббиро дар хориҷи мамлакат омӯхтааст.
Маркази тиббӣ аз 10 ҳуҷраи барҳавои корӣ ва шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлил, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ иборат мебошад, ки табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони соҳибтаҷриба ба беморон бо усули замонавӣ хизмат мерасонанд. Ҳамчунин, барои ташхис ва табобати бемориҳои амрози занона дар марказ шароити арзанда фароҳам аст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср” барои бистарӣ намудани беморон 5 ҳуҷра бо 10 кати хоб вуҷуд дорад.
Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш барои гузарондани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ сокинон ба хориҷи мамлакат сафар мекарданд, ки дар баробари вақти зиёд, маблағи зиёд низ сарф мегардид.
Фаъолияти маркази тиббӣ шабонарӯзӣ буда, рӯзҳои наздик ҷиҳати боз ҳам мукаммал намудани кору хизматрасонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид мешаванд, ки барои гузарондани таҳлилҳои умумӣ, микробиологӣ, биокимиёвӣ ва амсоли ин пешбинӣ шудаанд. Мутахассисон омодаанд, ки бо истифода аз технологияи навин аксар намуди таҳлилҳоро гузаронанд. Бо ба фаъолият оғоз намудани боз як маркази нави тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд 30 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, чанде аз онҳо табибони ҷарроҳи тоҷиканд, ки дар хориҷи мамлакат таҳсилу фаъолият намуда, дорои малакаи баланди касбӣ мебошанд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар маркази муосири ташхисию табобатӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати таъсиси иншооти муосири тиббӣ, ки барои мукаммал намудани соҳаи тандурустӣ ва ба ин восита хизматрасонии беҳтар ба сокинон пешбинӣ шудааст, изҳори сипос намуданд.

Хатҳои нави технологӣ дар ҶДММ “Сайҳун”
15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд се хати нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ “Сайҳун”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Хатҳои муосири технологӣ дар ин корхонаи истеҳсолӣ баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона сифати баланд дошта, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯст.
Дар ҶДММ “Сайҳун” 30 мутахассиси маҳаллӣ фаъолият карда, бо маоши баланд таъминанд. Бо фаъол гардидани хатҳои нави технологӣ 25 ҷои нави кор таъсис ёфта, теъдоди кормандон ба 55 нафар расид.
ҶДММ “Сайҳун” соли 1997 ташкил гардида, марҳила ба марҳила иқтидори истеҳсолиаш зиёд мешавад. Қаблан, дар корхонаи саноатӣ як хати технологӣ, ки танҳо машрубот истеҳсол мекард, мавҷуд буд. Акнун, се хати нави тавлидотӣ ба кор доромада, дар амри васеъ намудани самти фаъолият ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти баландсифат, хусусан маҳсулоти хамирӣ ва маҳлули антисептикӣ, қадамҳои устувор гузошта шуд.
Фаъолияти корхона бо истеҳсоли машруботи брендҳои “Арақи Сайҳун” ва “Арақи Хуҷанд” дар зарфҳои 0,5-литра шурӯъ шудааст. Ҳоло бошад, машрубот ва шароб аз ангур дар зарфҳои гуногунҳаҷм истеҳсол мегардад. Бояд гуфт, ки корхона, асосан, машрубот истеҳсол менамояд.
Бо назардошти вазъи эпидемикии ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар корхона хати истеҳсоли маҳлули безараргардонӣ ба кор даромад. Маҳлули антисептикӣ дар асоси шартнома, ба муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва дигар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ дастрас мегардад.
Иқтидори истеҳсолии хати технологии шароб аз ангур дар як шабонарӯз ҳазор литрро дар бар гирифта, дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир аст. Ангур аз хоҷагиҳои боғпарвари мамлакат дастрас шуда, бо истифода аз технологияи муосир коркард ва аз он шароб истеҳсол мегардад. Дар хати дигари технологӣ истеҳсоли маҳсулоти хамирӣ ба роҳ монда шудааст. Лағмон дар бастаҳои гуногунҳаҷм истеҳсол гашта, дорои сифати баланд мебошад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо афзоиши иқтидори истеҳсолӣ дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ содироти маҳсулоти хушсифат ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси масъулони ширкат дар самти истеҳсоли маҳсулоти босифат изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ ва минтақа бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, бо фаъол гардидани хатҳои нави технологӣ дар ҶДММ “Сайҳун” иқтидори корхона бамаротиб афзуда, истеҳсоли беш аз 30 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла шароб аз ангур, маҳлулҳои безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ, ба роҳ монда шуд.  Сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда дар озмоишгоҳи корхона санҷида шуда, сипас ба фурӯш бароварда мешавад. Сифати баланди маҳсулот ва фаъолияти пурсамар боиси он гардид, ки нуфузи корхона дар мамлакат ва хориҷи кишвар боло рафта, тавлидоти ватанӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардад.
Баъд аз ба кор даромадани хатҳои нави технологии истеҳсолӣ дар ҶДММ “Сайҳун”, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан карданд. Дар намоиш номгӯи зиёди маҳсулот ва дастовардҳои ширкат муаррифӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва содироти бештари маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастуру супоришҳо доданд.
Масоҳати корхона 3 гектар буда, дар ҳудуди он ду бинои барҳавои истеҳсолӣ ҷойгир аст. Ҳамчунин, иншооти ёрирасон, аз қабили анборҳои нигаҳдории маҳсулоти хом ва тайёр  низ бунёд ёфтаанд, ки дар пешрафти истеҳсолот нақши муҳим доранд. Ҳудуди корхонаи саноатӣ ободу зебо буда, дар он гулу буттаҳои мавсимӣ, дарахтони ҳосилдеҳ ва ороишию сояафкан шинонда шудаанд. Ҳамчунин, ба масофаи 500 метр роҳи дохилии корхона мумфарш гардидааст.
Масъулони ҶДММ “Сайҳун” азм доранд, ки бо истифода аз фазои озоди фаъолияти соҳибкорӣ иқтидори истеҳсолиро афзун намуда, бо таъсиси ҷойҳои нави кор истеҳсоли маҳсулоти ватаниро боз ҳам афзоянд ва, ба ин восита, дар рушди бештари соҳаи саноат саҳми арзишманд гузоранд.

Роҳандозии хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли кулчақанд дар ҶДММ “Маҳмудов Ғ”
15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд хати технологии истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ “Маҳмудов Ғ” - ро ба истифода доданд.
Коргоҳи истеҳсолӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, бо номи “Азизи ман” 10 номгӯи кулчақанди дорои сифати баландро истеҳсол менамояд.
Хати муосири технологӣ аз Федератсияи Россия ворид шуда, васлу насб гардидааст, ки бо фаъол шудани он 20 нафар бонуи маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт.
Арзиши хати истеҳсолӣ 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ буда, иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 2 тонна кулчақандро ташкил  медиҳад. Асосан, барои омода кардани кулчақанд орд, равған ва шакар истифода мегардад, ки дар бозори истеъмолӣ ин навъи маҳсулот талабгорони зиёд дорад.
Дар ҶДММ “Маҳмудов Ғ” 60 нафар фаъолият дошта, беш аз 50 намуд маҳсулоти ивазкунандаи воридот, аз ҷумла кулчақанди “Президент”, ҳасибҳои дуд ва буғкардашуда, ҳасибчаҳо, майонез ва дигар намуди маҳсулоти истеъмолӣ, истеҳсол шуда, ба бозорҳо бароварда мешавад.
Тамоми номгӯи маҳсулоти ғизоӣ дар  озмоишгоҳҳо аз ташхис гузашта, дорои сертификати мутобиқат мебошад.
Ҷамъияти мазкур соли 2004 таъсис ёфта, дар масоҳати 1,5 гектар ҷойгир аст.
Корхонаи мазкур тӯли фаъолияти босамари худ маҳсулоти зиёд истеҳсол намуда, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат саҳми назаррас дорад.
Масъулони ширкат азм доранд, ки бо тавлиди маҳсулоти босифат онро ба хориҷи кишвар низ содирот намоянд.
Пас аз ифтитоҳи хати муосири технологӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ҶДММ “Маҳмудов Ғ”, ки дар саҳни корхона ташкил шуд, дидан карданд.
Дар намоиш  номгӯи зиёди маҳсулоти корхона муаррифӣ шуд. Зимни шиносоӣ, Сарвари давлат масъулонро барои тавлиди босифати маҳсулоти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳидоят карданд.
Масъулони ширкат нақша доранд, ки фаъолияти корхонаро васеъ намуда, бо истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар рушди саноати хӯроквории мамлакат ҳиссагузор бошанд.

Коргоҳи шоколад мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
15 октябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти  корхонаи  истеҳсоли шоколади “Ҳаловат”, ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд.
Маҳсулоти шоколадӣ дар корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ тавлид гардида, дорои сифати баланд мебошад.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 400 килограмм маҳсулоти ғизоӣ мебошад.
Дар корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Юсуфҷон Абдураҳимов таъсис ёфтааст, 40 нафар ба кор ҷалб гардида, аксари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти шоколадӣ аз мағзи чормағзи заминӣ, асали табиӣ, орду равған, ширу қаймоқ ва дигар маводи хӯроквории иловагӣ иборат аст.
Масъулони корхона барои истеҳсоли шоколад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад, аз хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ чормағзи заминӣ харида, мағзи онро дар истеҳсоли беш аз 10 номгӯи шоколад истифода менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки шоколадҳои тавлиднамудаи ин коргоҳ бо омехтаи мағзу асал ва меваи табиӣ сифати баланд дошта, дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир асту талабгори зиёд дорад.
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва истеҳсоли маҳсулоти шоколадӣ, Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти ин корхонаи хурди саноатӣ дидан карданд.
Беш аз 13 номгӯи маҳсулоти шоколадӣ, ки бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.
Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида ба соҳибкорони ватанӣ чунин корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар мамлакат, хусусан дар вилояти Суғд, мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти баландсифат, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сокинони зиёд  ба шуғли доимӣ ҷалб мешаванд. Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ба хотири баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 388
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед