logo

Хабарҳо

МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

Чанде пеш дар толори сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарият ва кормандони ҷавони дастгоҳи марказии сарраёсат таҳти унвони «Интихоби мо - Пешвои миллат» ҷамъомад баргузор гардид.
Бахтиёр Назарзода, сардори сарраёсат, зикр намуд, ки пешрафти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такони тоза  пайдо кард.
- Марҳила ба марҳила расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат роҳи моро барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои некамон наздик намуд, - зикр кард Бахтиёр Назарзода.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз бо дастур ва заҳмату талошҳои Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар шаҳру навоҳии вилоят биноҳои раёсатҳои молия сохта, бо тамоми шароитҳои корӣ мавриди истифодаи кормандон қарор дода шуданд ва ин созандагиҳо ҳоло идома доранд.
Бахтиёр Назарзода ҳозиронро даъват намуд, ки дар интихоботи президентӣ фаъолона ширкат варзида, барои ояндаи босуботи Тоҷикистон ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.
 Холмуҳаммад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии сарраёсат, баргузории ҷамъомадро саривақтӣ ва шиори «Интихоби мо – Пешвои миллат»-ро ба заҳмату талошҳои фарзанди барӯманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ ном бурд.
Кормандони ҷавони сарраёсат, аз ҷумла Меҳроҷиддин Нуралиев, Умед Рамазонзода, Нурулло Абдуллозода, Файзалӣ Куганов, андешаҳояшонро оид ба интихоботи президентӣ ва заҳмату талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тантанаи сулҳу ваҳдат, раҳоии давлат аз парокандашавӣ, устуворсозии пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба рушду шукуфоӣ баён доштанд.

Далер ШАРИФОВ, котиби матбуотии сарраёсати молияи вилояти Хатлон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 379
21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҶАШНИ АСАЛУ АНГУР

02.10.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 8 ҲАЗОРУ 617 КАС РАСИД

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО КАРД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед