logo

ҳукумат

Тоҷикистон ба ҷашни 65-солагии Ғалаба омодагӣ мегирад

29 март  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 40 масъала баррасӣ шуд.

Нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ ёфт ва зимни он аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Сипас оид ба омодагӣ ба ҷашни 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Хайруллоев ҳисобот доданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани вазъи моддӣ ва хизматрасонии тиббию нақлиётии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва шахсоне, ки дар ин солҳо на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ё дар хизмати ҳарбӣ буданд, тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Таъкид гардид, ки баҳри истиқболи шоиста аз 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар он фарзандони Тоҷикистон низ нақши намоён гузоштаанд, гузарондани паради ҳарбӣ, супурдани медалҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои идонаи ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ равонагашта, ба нақша гирифта шудаанд.
Дар маҷлиси Ҳукумат Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хатари офатҳо барои солҳои 2010-2015,  Барномаи миллии пешгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 , оинномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012,  Нақшаи генералии маркази ноҳияи Тоҷикобод, қоидаҳои нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби супурдани медали ягонаи ҷашнии  65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании  солҳои 1941-1945, тартиби муқаррар намудани нархи хизмати тиббие, ки аз тарафи субъектҳои муассисаҳои хусусии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешаванд ва  номгӯйи намуд ва тартиби хизмати пулакии бойторӣ тасдиқ карда шуданд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои якчанд қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи ипотека» ва «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» пешниҳод шуданд.
Ду созишномаи ҳамкории иттилоотӣ ва истифодаи   технологияҳои ягонаи иттилоотӣ дар фаъолияти хадамоти гумрукии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авросиё тасдиқ гардид.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи масъулонро ба масоили омодагӣ ба ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Дар мавриди истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки натанҳо лампаҳо, балки тамоми техникаю таҷҳизоти барқӣ бояд каммасраф бошанд ва талаб намуд, ки ин нукта ҳангоми бастани шартномаҳои тиҷоратию воридотӣ, санадҳои гумрукӣ ва ҳамчунин сохтмони иншооти нав ба эътибор гирифта шавад.
Масъулони дахлдор ҳамчунин вазифадор шуданд, ки оид ба вусъат додани кишти баҳорӣ ва омодагӣ ба кишти такрорӣ тадбирҳои судбахш андешанд.
Дар охири маҷлис Сарвазири мамлакат Оқил  Оқилов  ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи махсуси  Созмони Милали Муттаҳидро «Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола», ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешсафӣ ва ташаббускорӣ дар идораи захираҳои обию энергетикӣ ва дастовардҳои намоён дар татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола таъин гардидааст, тақдим намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки 23 март дар Созмони Милали Муттаҳид ин ҷоизаро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов қабул намуда буд.
Месазад махсус таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сазовори нахустин ҷоизаи  Созмони Милали Муттаҳид «Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола» шуд ва ин, албатта, бозгӯ аз ҷаҳду талошҳо ва тадбирҳои судбахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки таҳти раҳнамоии Сарвари давлат амалӣ мегарданд.
Дар татбиқи «ҳадафҳои Рушди ҳазорсола» пешсафу пешоҳанг ва намуна барои дигар давлатҳо будани Тоҷикистон борҳо дар сатҳу зинаҳои гуногун эътироф гаштааст. Ин нукта, аз ҷумла, аз ҷониби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 – юми сентябри соли 2009 дар шаҳри Женева таъкид гардида буд.
Маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон Барномаи 10 - солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 қабул карда шуд, ки мутобиқи он дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон тадбирҳои сершумори судбахш амалӣ мегарданд.
Ёдовар бояд шуд, ки натиҷаҳои 5 соли аввали татбиқи Барномаи 10 - солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» моҳи июни соли равон зимни як конфронси байналмилалии сатҳи олӣ бо иштироки роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст ва нақшаҳои панҷсолаи дуюми он мушаххас хоҳанд шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 951

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед