logo

Хабарҳо

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  бо иштироки  намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт Ҷашни Меҳргон ва Фестивали шолию биринҷ баргузор гашт.
Кишоварзони вилоятҳои Суғду  Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин, сохтору идораҳои дигар аз субҳи барвакт маҳсулоти кишоварзӣ - навъҳои гуногуни мева, сабзавот, зироатҳои дигар, асали тоза, техникаю мошинолот, ихтирооти гуногуни вобаста ба соҳаро ба тамошо гузоштаанд. Кадбонуҳои моҳир  навъҳои гуногуни  хӯрокҳои миллиро  бо тарзу намуди зебо омода намуданд. Гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи  иштирокдоронро бештар ба худ ҷалб кард, ки аз маҳорат ва таърихи қадима доштани ҳунармандӣ дар  кишвар  гувоҳӣ медиҳад.
Сокинону меҳмонони пойтахт хурду бузург либоси идона ба бар намуда, бо шодию нишот аз ватани обод шукрона менамуданд. 
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини Сарвазири мамлакат, иштирокдорони намоишро бо ин ҷашни миллӣ табрик намуда, гуфт, ки Меҳргон яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, иди ҳосилот, ки мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон, яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо мебошад ва дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расондаанд.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми мо, иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, накукорӣ, натиҷаи заҳмати барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил онро таҷлил мекарданд. Мояи  ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.
Дар ин ҷашн кишоварзон дар баробари пешниҳоди дастранҷи худ аз таҷрибаи якдигар баҳравар гашта, аз олимони соҳа тавсияҳои судманд гирифтанд.
Фестивали шолию биринҷ низ дар сатҳи баланд баргузор шуд.  Шолипарварони мамлакат беҳтарин навъҳои шолии ватанӣ ва биринҷро барои меҳмонон ва сокинони пойтахт ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, биринҷ аз ҷумлаи донагиҳои хеле фоидаовар ва  дорои витаминҳои зиёд мебошад.
Дар ҷамъбасти намоиш ғолибони озмун, деҳқонон ва иштирокчиёни фаъол барои дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ аз рӯи бахшҳои гуногун  бо диплом, ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои молию пулӣ қадр шуданд.  

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 324
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед