logo

Хабарҳо

90 СОЛИ ПУРБАРОР

16 - уми октябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик дар Кохи Наврӯзи Душанбе тантанаи идона баргузор гардид. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ин ҷашн 90 - солагии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» низ таҷлил гардид. Намои зоҳирии Кохи Наврӯзро синамонигорон, ҳунармандону собиқадорони соҳа зеб доданд.
Дар чорабинӣ Маҳмадсаид Шоҳиён, директори «Тоҷикфилм» ва Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон, аз таърихи пурғановату навадсолаи «Тоҷикфилм» ибрози назар намуданд.
Дар рафти чорабинӣ ба устодони соҳа Убайдулло Раҷаб, Майрам Исоева, Саъдулло Раҳимов ва дигарон бо нишонии «Аълочии кинематографияи тоҷик», ки аввалин маротиба бахшида ба ин ҷашни фархунда аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъсис ёфтааст, қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, кормандони фаъоли соҳа бо ифтихорнома ва сипосномаҳои муассиса мукофотонида шуданд. Чанд тан аз собиқадорону кормандони фаъол ва мутахассисони соҳаро бахту толеъ баландӣ кард, ки аз аввалинҳо шуда, ба ин мукофотҳо сазовор гардиданд.
Барои болидарӯҳии меҳмонону иштирокчиён   дастаҳои ҳунарию рақсии «Гулрез», «Новая эра» ва ҳунармандони  Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  бо барномаҳои ҷолибе ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳамзамон, дар ин шоми дилафрӯз филми ҳунарии «Бачаи обӣ», ки аз ҷониби як қатор ҷавонони ояндадори соҳа ба навор гирифта шудааст, намоиш дода шуд. Филми мазкур аз ҷониби  бинандагон баҳои баланд гирифт.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 315
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед