logo

Хабарҳо

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои  сайругашт ва фароғати сокинон дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Турсунзода маъракаи чароғонкунӣ роҳандозӣ шудааст.  
Тибқи иттилои Ҷаҳонгир Равшанзода, сардори шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр, дар маҷмӯъ, танҳо дар маркази шаҳр насби беш аз 900 чароғ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар шафати роҳҳои нақлиётгард ва кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳр 242 чароғи муосир насб гардида, равшаннамоии кӯчаҳо муташаккилона идома дорад. Дар раванди маъракаи чароғонкунӣ  дар қаламрави шаҳр сутунпояҳои фарсуда иваз гардида, дар тамоми кӯчаву деҳаҳо, атрофи корхонаву муассиса ва шафати роҳҳои нақлиётгард  чароғакҳои равшанидиҳанда  насб карда мешаванд.
Ҳамчунин, ҳолати тозагии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр пайваста зери назорати масъулони шуъба ва сардорони қитъаҳои истифодабарии манзилӣ қарор дорад. Вобаста ба роҳандозӣ  ва тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, аз қабили кабудизоркунӣ, рангубори биноҳо, тозаю озода нигоҳ доштани атрофи биноҳо ва маҳаллаҳо, бартараф намудани иншооти худсохт, симтӯрҳо ва риояи фарҳанги шаҳрдорӣ  миёни мардуми шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида истодаанд.  
Бо мақсади ривоҷи корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ беш аз 124000 ҳазор бех ниҳолу қаламчаи гули садбарг, гулҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкан шинонда шуд, корҳои рӯбучину тоза кардани кӯчаю ҷӯйборҳо  ва безараргардонии нуқтаҳои партов ҳамарӯза идома доранд.
Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID - 19  ҳамарӯза кормандон бо 2 нақлиёти махсуси шуъба дар хати сарҳадии терминали “Дӯстӣ” ба шустушӯи нақлиёти ба ҳудуди кишвар воридшаванда машғуланд. Дар маҳаллаҳои шаҳр роҳравҳо, ҷойҳои  нишасти сокинон, даромадгоҳҳои биноҳо, кӯчаҳо, бозорҳо ва мавзеъҳои дигар бо маводи кимиёӣ безарар гардонда мешаванд. 

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 356
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед