logo

Хабарҳо

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои барқарор кардани парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе ба мувофиқа расиданд, - хабар додааст Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон.
Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои ду кишвар 28 октябр сурат мегирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд: аз Тошканд ба Душанбе рӯзи чоршанбе ва аз Душанбе ба Тошканд рӯзи панҷшанбе.


КАРРИЕВА: «ПӮШИДАНИ НИҚОБ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ  ЗИЁДА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАРРО НАҶОТ МЕДИҲАД»
Sputnik. «Ҳафтаҳои наздик интизор меравад,  ки шумораи беморони нави гирифтори COVID-19 дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзоиш меёбад», - гуфт Бахтигул Карриева, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон.
Ӯ зикр намудааст, ки дар заминаи он афзоиши марг низ аз эҳтимол дур нест.
"Пешбиниҳое, ки тавассути моделҳои боэътимоди эпидемиологӣ ба даст омаданд, хурсандиовар нестанд. Тибқи ин моделҳо, сабуксозии маҳдудияту карантин метавонанд ба он оранд, ки моҳи январи соли 2021 нишондоди фавт аз коронавирус назар ба моҳи апрел 4-5 маротиба бештар шавад", - огоҳ сохт коршинос.
Карриева афзуд, ки риояи талаботи санитарию гигиенӣ ва пӯшидани ниқоб метавонад то моҳи феврали соли 2021 сироятёбии бештар аз 200 ҳазор одамро пешгирӣ кунад.


ГЕБРЕЙЕСУС: «ЧАНД МОҲИ ОЯНДАИ ПАНДЕМИЯ НИҲОЯТ ВАЗНИН МЕГУЗАРАД»
«Известия». «Чанд моҳи наздиктарин дар масъалаи хуруҷи вируси нав беҳад душвор хоҳад омад», - изҳор дошт котиби генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Аданом Гебрейесус.
«Мо дар марҳилаи ниҳоят хатарноки пандемияи бемории COVID-19 қарор дорем, махсусан дар нимкураи Шимолӣ», - гуфт Гебрейесус.
Ӯ таъкид дошт, ки дар соири кишварҳои дунё авҷи хавфноки паҳншавии коронавирус ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳои пешгирикунанда, риояи қоидаҳои беҳдошт ниҳоят муҳим аст.
Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон 423 ҳазор ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шуд, ки рекорди нав маҳсуб меёбад, - хабар доданд дар ниҳоди ҷаҳонӣ.


ДАР РОССИЯ КОРОНАВИРУСРО МЕТАВОНАНД АЗ РӮИ СУЛФА МУАЙЯН СОЗАНД
АИР Новости. «Дар мамлакат низомеро меофаранд, ки мавҷудияти COVID - 19 - ро аз рӯи сулфа муайян карда метавонад»,- гуфт намояндаи вижаи Президенти ФР доир ба рушди рақамӣ ва технологӣ Дмитрий Песков.
«Чунин модел, ки ширкатҳои ватанӣ офариданд, садои сулфаро таҳлил карда, метавонад муқаррар кунад, ки онро вируси нав ангехтааст ё ягон бемории дигар. Ба ин васила имкон пайдо мешавад, ки дар марҳилаи ибтидоӣ мавҷудияти COVID-19 аниқ гардад», - тавзеҳ дод Песков.
Ӯ афзуд, ки айни замон бо «Аэрофлот» масъалаи оғози озмоиши низом дар яке аз фурудгоҳҳо баррасӣ мешавад.


ИШТИРОКЧИИ 96 - СОЛАИ МУҲОРИБАИ СТАЛИНГРАД АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ
«Известия». Дар беморхонаи Волгоград собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчии муҳорибаи Сталинград Евгений Рогови 96 - соларо, ки аз коронавирус сироят ёфта буд, баъди табобат ба хонааш ҷавоб доданд.
Тавре нашрияи «Волгоградская правда» навиштааст, Рогов ибтидои моҳи октябр мубталои SARS-CoV-2 шуд. 14 октябр ӯро ба беморхонаи 4-уми маркази вилоят оварданд. 23 октябр ташхисаш манфӣ баромад, яъне сиҳат шуд ва табибон ҷавобаш доданд. Собиқадори ҷанг талоши табибонро қаҳрамонӣ номида, арзи сипос намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 333
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед