logo

Хабарҳо

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

Корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 12,5 дарсад ё беш аз 600 миллион сомонӣ зиёд кардаанд. Истеҳсоли нуқра 2,4, хокаи мис 19,1, сурмаи металлӣ 73 дарсад зиёд шудааст. Ҳиссаи соҳа дар ҳаҷми маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии кишвар 25,7 дарсадро ташкил дод.
Дар таъмини иҷрои нақша корхонаҳои «Зарафшон», «Покрӯд», «Шимшо», «Апрелевка», «Анзоб», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ва «Заринк» саҳми арзанда доранд.
Ҳаҷми умумии фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноати кӯҳӣ ба беш аз чор миллиард сомонӣ расида, дар он ҳиссаи маҳсулоти содиротӣ наздики 1,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра як корхона ва ду коргоҳи нав ба фаъолият пардохтанд. Аз тарафи ҶДММ «ТАЛКО Флюорит» дар заминаи кони флюорити «Қазноқ» - и ноҳияи Айнӣ фабрикаи ғанигардонӣ бо иқтидори солонаи коркарди 300 ҳазор тонна маъдан, навбати дуюми заводи металлургии истеҳсоли сурмаи металлии «Ширкати металлургии Анзоб» ва дар мавзеи Чилчанори ноҳияи Ховалинг аз ҷониби кооперативи тиҷоратии «Артели заршӯии Одина» коргоҳи заргарии «Одина» мавриди истифода қарор дода шуданд. Коргоҳи заргарии «Одина»  аз ду иншооти коркарди тилло ва ду мағозаи фурӯши маҳсулоти заргарӣ иборат буда, бо дастгоҳҳои ҳозиразамони коркарди маснуоти заргарӣ таъмин аст.
Бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии рушди саноати кӯҳию металлургӣ, азхудкунии конҳои металлҳои ранга ва сиёҳ, истихроҷу коркарди онҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар соҳа «Барномаи рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» қабул гардид. Дар доираи барнома бунёди заводи металлургии мис аз ашёи хоми маҳаллӣ аз ҷониби ҶДММ КМ «Зарафшон» оғоз ёфта, бо амалӣ намудани лоиҳаи мазкур истеҳсоли зиёда аз 5000 тонна миси металлии навъи А, як миқдор тилло ва нуқраи холис дар як сол пешбинӣ шудааст. Айни замон, корҳои муҳандисӣ - геологӣ,  муҳандисӣ - ҷустуҷӯӣ ва тахту ҳамворкунии майдони сохтмон ба итмом расида, сохтмони таҳкурсии корхонаи мазкур оғоз гардидааст.
Ҳамзамон, дар доираи «Барномаи саноаткунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025» ҶСП «Талко Голд» сохтмони фабрикаҳои ғанигардонӣ ва иншооти ёрирасон дар заминаи гурӯҳи конҳои «Кончоч» бо иқтидори солонаи коркарди 1,5 миллион тонна маъдан ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар заминаи конҳои тиллои «Кумарғи Боло» ва «Дуобаи Шарқӣ» бо иқтидори солонаи коркарди 900 ҳазор тонна маъдан идома дорад.
Барои амалӣ намудани ин лоиҳаҳо беш аз 300 миллион доллари ИМА сармоя ҷалб гардида, таъсиси зиёда аз 2200 ҷойи кории нав пешбинӣ шудааст.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 330
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед