logo

Хабарҳо

ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

Дар ноҳияи Лахш бо мақсади амалӣ намудани барномаи рушди соҳаи боғдорӣ тадбирҳои зиёде роҳандозӣ мегарданд. Давоми ду соли охир  боғдорон  қариб 106 гектар боғи нав бунёд карда, алҳол мақсад гузоштанд, ки  то соли 2020   ин рақамро ба  300 гектар  расонанд.
 - Соли ҷорӣ ҳосили боғҳо фаровон аст. Рӯзҳои наздик ҷамъоварии мева  оғоз мегардад, - иттилоъ дод ҳини суҳбат ба хабарнигори "Ҷумҳурият" раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб.
Ба гуфтаи ӯ, боғдорӣ яке аз соҳаи сердаромади ноҳия ба шумор рафта, масоҳати боғҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ қариб ба 500 гектар расидааст.
Бо гузаштан ба шаклҳои нави хоҷагидорӣ, бештари майдони боғҳои азҳосилмондаи хоҷагиҳои кишоварзӣ  ба  тариқи шартнома ба иҷора  дода   шуданд, то ба ин васила боғбонони соҳибтаҷриба дар  бунёди боғу  истеҳсоли меваҳои хушсифат   саҳми  бештар гузоранд.
Мавҷуд будани талу теппа ва доманакӯҳҳоро ба назар гирифта,  кишоварзон  бунёди  боғҳоро дар ин мавзеъҳои бекорхобидаи кӯҳистон барои рушди соҳа манфиатовар медонанд. Ин аст, ки аҳли заҳмати   хоҷагиҳо марҳила ба марҳила бунёди боғҳоро дар заминҳои     бекорхобида   зиёд     намуда   истодаанд, зеро    баробари   сабзу хуррам    шудани    доманакӯҳҳо сифати меваи теппаҳо  дар қиёс ба боғҳои   таҳдашт беҳтару хубтар мебошад.
Аҳли заҳмати хоҷагиҳои ноҳия бо истифода аз иқлими маҳалу фоидаовар будани соҳа, парвариши ниҳолу бунёди боғҳоро бештар аз ҳисоби  навъҳои серҳосили себу нок ба роҳ монда, аз ин соҳа, аллакай, даромади  зиёде ба даст  оварда истодаанд. Боғдорони як қатор хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти Лахшу Пилдон  ва Сурхоб меваҳои  пешпазаки боғро ба бозор бароварданд.
Кишоварзони ноҳия соли гузашта 45 гектар, имсол бошад,  52 гектар боғи нав бунёд карданд. Дар доираи амалӣ намудани барномаи рушди соҳаи боғдорӣ давоми 4 сол  деҳқонони Лахш зиёда аз 150 гектар боғи нав бунёд карданд, ки 80 гектари онро боғи   зардолу ва шафтолу  ташкил медиҳад.
- Кишоварзон аз ҳар порча замини бекорхобидаи  талу теппаи мавзеъҳои   Каромику Питовкӯл,  Сартало, Бӯстон, Қӯшағба ва Пилдон  оқилонаву  самаранок истифода  бурда,  баҳри он ҷидду ҷаҳд доранд, ки бо бунёди   боғҳои нави  замонавӣ  дар таъмини бозорҳои кишварамон бо  меваҳои хушсифат саҳми  босазо гузоранд, - гуфт раиси ноҳия.

Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият" 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 362
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед