logo

иҷтимоиёт

ОФАТҲОИ ТАБИАТ. 193 ҲОДИСА ДАР НУҲ МОҲ ВА ПУШТИБОНИИ ДАВЛАТ АЗ ЗАРАРДИДАГОН

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равандҳои геологӣ ва  гидрологӣ аз қабили боронҳои тӯлонию обхезӣ, омадани селу ярч, фаромадани тарма баамаломада, ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 193 ҳодиса ва зуҳуроти хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 25 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар зарар расонда, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ доданд. Ба маълумоти манбаъ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои судманд бо намояндагии корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои муқими Тоҷикистон ба хоҷагиҳои  зарардида аз офатҳои табиӣ, ёрӣ расонда шуд. Аз ҷумла, ба аҳолии зарардидаи ноҳияи Хуросон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ низ бо интиқоли сӯзишвории дизелӣ, маводи ғизоиву гигиенӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳм гузошт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташкилоту муассисаҳои шаҳру навоҳии вилоят аз рӯзҳои аввал дар паҳлуи сокинони аз офати табиӣ зарардида буданд ва дар бартараф кардани оқибатҳои он саҳми назаррас гузоштанд. Инчунин, кормандони ташкилотҳои вилоят ва шаҳру навоҳӣ барои сари вақт бунёд гардидани хонаҳои нави зарардидаҳо ба ҳашар баромаданд.
Ба аҳолии зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод аз заминларза тибқи Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ба 26 оилае, ки бар асари заминларзаи 4 июли соли 2020 қисман зарар диданд, кумаки яквақтаинаи моддӣ ба маблағи 25 850 сомонӣ ҷудо гардид. Инчунин, ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 10,4 тонна арматура, 1690 дона шифери филизӣ, 78 метри мукааб тахта ва аз ҳисоби хариди иловагӣ 78 тонна семент ва 1040 дона ДВП ҷудо гардид.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба ҳар як оилаи зарардида 2000 сомонӣ, дар маҷмӯъ, 52 000 сомонӣ кумак кард.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони кумита 216 нафар наҷот дода шуд, аз ҷумла ҳангоми тармафароӣ, корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ, кушодани дарҳои оҳанин, садамаи нақлиётӣ, дар дохили лифт мондан ва дар дигар амалиётҳои наҷотдиҳӣ. Дар ин давра дар кӯлу дарёҳои кишвар 99 шаҳрванди ҷумҳурӣ ғарқ шудаанд.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2020    №: 219    Мутолиа карданд: 201
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед