logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. АЗ НУФУЗИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТ ТО НУФУЗИ ҶАҲОНИИ МИЛЛАТ

Муҳимтарин хислати фарқкунандаи Президенти мамлакат дар ватандӯстию  ҷасорати ӯ зоҳир мегардад. Зеро дар шароите муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми ҳокимиятро ба даст гирифт, ки мамлакат дар оташи ҷанг месӯхт ва касе ҷасорати роҳбарии давлатро надошт.

Акнун барои гирифтани пеши роҳи ҷанги таҳмилӣ, гузоштани пойдевори сулҳ, ба Ватан баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, таҳкими пояҳои  давлатдорӣ, аз ҷумла ташкили артиши муқтадири миллӣ, гузоштани заминаҳои нахустини ваҳдати миллӣ ва ба роҳи рушд баровардани мамлакат, танҳо ва танҳо ҷасорату хиради роҳбарӣ лозим буд. Хушбахтона, ҷасорати тоҷикона ва хиради азалии миллии фарҳангсолорӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки на танҳо оташи ҷангро  хомӯш намоянд, балки ба давлатсозӣ камари ҳиммат банданд. Барои ин, пеш аз ҳама, таъмини сартосарии ваҳдати миллӣ зарур буд.
Яке аз иқдомоти шоёни дигари Сарвари давлат ба асолати миллӣ баргардондани низоми ному насаб аст, ки нахустин шуда, анъанаи чандинсолаи аз даврони шӯравӣ бамеросмондаро шикаста, ба сабти ному насаби тоҷикӣ гузаштанд ва дар раванди хештаншиносии миллат гардиши бузурге ворид карданд.
Дар мамлакат корҳои бузурги созандагӣ оғоз гардиданд, нақб, шоҳроҳу истгоҳ, корхонаю биноҳои замонавӣ бунёд ёфтанд. Сарвари давлат барои хонаю дари нав сохтани гурезагон ҳеҷ чизро дареғ надошта, хотири ғамдидагонро шод карданд. Роҳи бахшишу авфро пеш гирифт, хатокардагон аз маҳбасҳо озод шуданд. Дар вохӯриҳо пеши мардум сари таъзим фуруд оварда, ҳатто кӯдаки хоколудро сари китф бардошта, бо ҳама сарбаландӣ аз роҳи хоксорӣ берун қадам нагузоштанд. Аз пирони рӯзгордида дуо гирифта, бо рафтору гуфтори некашон дар дилу дидаи ҳамватанон ва ҳатто ҷаҳониён ҷо гирифтанд. Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайваста, нуфузи байналмилалии кишвари сулҳпарварамонро таҳким бахшиданд.
Хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф ва қадрдонӣ гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо гузоштан дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Ҷаноби Олӣ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи ҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудаанд. Пешвои миллат дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардиданд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2020    №: 221    Мутолиа карданд: 235
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед