logo

Хабарҳо

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Бо ташаббуси раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 14-уми ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ зери унвони “Президенти мо – ифтихори мо” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Ректори донишкада профессор Маҳмадулло Раҷабзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард: «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҷашнҳои нави миллӣ рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ, баёнгари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми мо маҳсуб  ёфта, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад». Ҳамзамон таъкид дошт:
- Моро зарур аст, ки симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои муаззами миллат, хизматҳои беназиру таърихияшонро бо камоли масъулият ҳарчи бештару амиқтар омӯзем, таҷассум ва тараннуми онро дар адабиёти миллӣ ва ҷаҳон густариш бахшем, ҷанба ва паҳлуҳои инсонгароёнаву умумибашарии сиёсати ин абармарди миллатро дар олам ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ  намоем.
Дар идома мудири кафедраи таърих ва робитаҳои фарҳангӣ Назир Азимзода дар мавзӯи “Ҳуқуқҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Диловар Маҷидов дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкиму густариши фарҳанги миллӣ” баромад намуданд.
Баъдан, як гурӯҳ кормандону донишҷӯён барои ширкати фаъол дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва донишкадавӣ бо сипоснома ва ифтихорнома қадр гардиданд. Ҳамчунин, аз ҷониби роҳбарияти донишкада ба ғолибони озмуни донишкадавии “Ҳомии истиқлол ва арзишҳои миллӣ” ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд супурда шуд.

Мунавваршо МИРАҲМАДОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 418
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед