logo

Хабарҳо

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

Чанде пеш бо ташаббуси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ» - и Федератсияи Россия тариқи онлайн ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳайати расмии БДА ҶТ «Амонатбонк» - ро раиси раёсат Сироҷиддин Икромӣ намояндагӣ намуд.
Дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раисони бонкҳои аъзо, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои зерин, ба имзо расиданд: харитаи роҳ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемия барои иқтисодиёти давлатҳои аъзои созмон, равишҳои муштарак оид ба масъалаи истифодаи асъори миллӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои СҲШ, пайнавишти ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай.
Баъди аз ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо масъулияти раисӣ дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раиси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ» - и Федератсияи Россия Игор Шувалов ба раиси раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ барои солҳои 2020 - 2021 супорида шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур Сироҷиддин Икромӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳое, ки дар давраи раисии БДА ҶТ «Амонатбонк» барои солҳои 2020 ва 2021 пешбинӣ гардидаанд, омодагии хешро иброз дошт.
Зикр бояд кард, ки тибқи тартиботи кории Созмони ҳамкории Шанхай, ҳар як кишвари аъзо аз рӯи тартиби алифбои русӣ ҳар сол роҳбарии созмонро ба уҳда дорад ва дар баробари ин, сохторҳои соҳавӣ, аз ҷумла бонкҳо, дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай раисӣ менамоянд.
Дар соли 2021, дар баробари роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, БДА ҶТ «Амонатбонк», ҳамчун бонки аъзо низ дар Иттиҳоди байнибонкӣ раисӣ менамояд. Вобаста ба ин, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои дарпешистода бонк нақшаи чорабиниҳои дохилиро омода ва дар ин самт як қатор корҳоро амалӣ менамояд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 140
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед