Хабарҳо
КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ
Ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои созандагиву ободонӣ бо маром ҷараён доранд.
Дар доираи бунёдкориҳо, чанде пеш дар деҳаи Зарқалъаи деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб майдони варзиши наву замонавӣ ба истифода дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, майдончаи варзиш бо саҳми соҳибкори ҳамин деҳа Саидҷон Саидов барои оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳа бунёд ёфт.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1348