logo

Хабарҳо

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

Сокинони сарбаланди ноҳияи Нуробод тамоми саъю талош, неру, иродаву матонати хешро баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда истодаанд.
Ин аст, ки дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи нақша барои корҳои сохтмону ободонӣ аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузор 44 миллиону 413 ҳазору 26 сомонӣ,  аз ҷумла 28 миллиону 966 ҳазору 26  сомонӣ аз ҳисоби Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО "Роғун" ва дигар сарчашмаҳо, ба нақша гирифта шудааст.
- Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 248  иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, 171-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Айни замон дар 75 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Сол ба сол зиёд шудани шумораи соҳибкорони маҳаллӣ ба зеботар гардидани симои ноҳия ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат карда истодааст. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО "Роғун" дар иншооти бинои мактаби дуошёна барои 640 ҷойи нишаст дар маҳаллаи ҳафтум, бинои сеошёнаи мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия дар маҳаллаи 2-юм, идомаи сохтмони марҳилаи дуюми роҳи марказӣ бо масофаи 1400 метр дар ҳамин маҳалла, сафолакпӯш намудани роҳравҳои пиёдагардон ва чароғон кардани онҳо, инчунин, аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи сохтмони бинои қасри фарҳанг дар маҳаллаи 2-юми шаҳраки Дарбанд ҷараён доранд, ки ба ҳусни шаҳраки навбунёди Дарбанд ҳусни дигаре зам мекунанд.
Ногуфта намонад, ки имсол бар асари бемории коронавирус дар соҳаи сохтмону ободонии ноҳия мушкилоте ба назар мерасад, ки ба истифода додани чандин иншоотро мавқуф мегузорад. Вале, бо вуҷуди ин мушкилӣ  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар якҷоягӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар самти бунёди иншооти таъйиноти гуногун иқдоми шоистаеро рӯи даст гирифта, сохтмони бинову иншооти ҳаётан муҳимро вобаста ба имконияту шароити доштаашон идома дода,   саҳми арзандаи хешро дар ин самт гузошта истодаанд, - гуфт Сайхуҷа Таибов, сармеъмори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод.

Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 545
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед