Хабарҳо
СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД
Давоми нуҳ моҳи соли равон дар 85 муассисаи фарматсевтӣ ва 71 ташхисию профилактикии вилоят санҷишҳои нақшавию ғайринақшавӣ гузаронда шуданд.
Дар натиҷа, мутахассисони сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд 1600 маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлатгузашта ва 2041 маводи доруворӣ ва ороишию гигиении бесертификати мутобиқати сифатро аз муомилот бозпас гирифтанд.
Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон - шахсони масъули муассисаҳои фармасевтӣ, ташхисию профилактикӣ ва мағозаҳои зери санҷиш қароргирифта 121 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва онҳо ҷазои мувофиқ гирифтанд.
Бо иштироки ҳайати комиссияи салоҳиятнок бо тариқи сӯзондан 946 номгӯй (ба миқдори 960 ҳазору 898 адад) маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлатгузашта, қалбакӣ ва бесертификат нобуд карда шуданд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 252