Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР Новости. «Ба шарофати сари вақт иттилоъ додани Россия, шариконаш аз ИДМ дар соли 2020 беш аз 40 террористро ба ҳабс гирифтанд», - изҳор дошт котиби Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушев.
«Интерфакс». «Истифодаи ваксинаи маркази илмии «Вектор»-и «Роспотребнадзор» «ЭпиВакКорона» барои шаҳрвандони Россия ройгон аст», - гуфт директори марказ Ринат Максютов.
CNN. Бино ба хабари мушовири маъмурияти президенти ИМА оид ба ваксина Монсеф Слауи, эмкунии амрикоиён алайҳи коронавируси SARS-CoV-2 шояд 11 ё 12 декабр шурӯъ шавад.
ТАСС. Сухангӯи ВКД Беларус Олга Чемоданова иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ теъдоди иштирокдорони эътирозҳои оммавӣ тадриҷан коҳиш меёбад.
Reuters. Ҳукумати Олмон ният дорад, ки соли оянда тақрибан Ђ160 миллиард қарз гирад.
АИР Новости. Сарони кишварҳои иштирокдори "Гурӯҳи бист" (G20) дар саммити маҷозӣ таҳти раёсати Арабистони Саудӣ доир ба тамдиди мораторияи пардохти қарзи давлатҳои қашшоқтарини дунё то охири июни соли 2021 ба мувофиқа расиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 284