Хабарҳо
«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»
Нашри китобе бо ин ном, ки чанде пеш сурат гирифт, на танҳо зикри фаъолияту ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳу оштӣ, Истиқлолияти давлатӣ асту хонандаро бори дигар бо он шинос мекунад, балки як навъ ризояту сипосгузорӣ низ мебошад. Муаллиф Шодӣ Шокирзода муваффақ гардидааст, ки ҳамзамон заҳматҳову ғамхориҳои Сарвари давлатро барои расидан ба мақсадҳои олӣ, шукуфоии кишвар, муаррифии бештару беҳтари миллат дар арсаи олам ёдовар шавад. Мурод аз ин ҳама боло бурдани сатҳи худшиносӣ, дарёфти ҳақиқат, дӯстдории Ватану сарзамини аҷдодӣ ва ҳам ба хотири нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, побанд нагардидан ба идеологияи бегона мебошад. Воқеан, тавре ӯ дар оғози китоб овардааст: «Барои миллати деринсоли тоҷик пас аз суқути давлати фарҳангхези Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд гузорад ва ба оламиён аз истиқлоли комили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём бифиристад. Боиси хушнудист, ки паёми мазкур ба зудӣ ба гӯши оламиён бирасид ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ эътироф гардид».
Фаъолияти пурсамару густурдаи Президенти мамлакат дар навиштаҳои муаллиф, ки бо номҳои «Шахсияти бузурги таърихсоз», «Масъулият барои фардои миллат», «Ҳадиси дӯстӣ поён надорад», «Ганҷи бепоёни мо», «Рукни аслии давлатдорӣ ва тафаккури миллӣ», «Ҷаҳони илму дарёи маонӣ» дар китоб ҷой дода шудаанд, равшан инъикос ёфтаанд.
Ӯ барои тақвияти андешаҳои худ аз навиштаҳои мутахассисон, муҳаққиқон ва адибон иқтибос меорад. Яъне, то ба муаллифи ин китоб дигарон низ шахсияти нотакрор ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллатро эътироф намудаанду ба ӯ муҳаббати бепоён доранд. Ба ҷуз ин, ҳар навишта ҳукми як рисолаи илмиро касб кардааст.
Китоб зери назари Муҳаммадюсуф Имомзода, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, нашр гардида, он туҳфаи сазовор ба хонандагон ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 346