Хабарҳо
ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ
Tolo News. Ин таркишҳо дар шаҳри Бомиён рух дода, ҳамчунин, зиёда аз 50 нафарро захмӣ карданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, ду бомбаи магнитӣ дар бозор дар қисми марказии шаҳр тарконда шуд. То ҳол ягон гурӯҳи зиддиҳукуматӣ ё ифротӣ масъулияти таркишҳоро ба зимма нагирифтааст.
СОЛИ 2021 ДАР ХОРИҶА 1 МИЛЛИАРД ВОЯИ "СПУТНИК V" ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАНД
INTERFAX.RU. Соли оянда истеҳсоли ин миқдор ваксинаи русии "Спутник V" барои 500 миллион нафар (ду воя ба ҳар шахс) кифоят мекунад.
"Арзиши як вояи "Спутник V" дар бозорҳои байналмилалӣ камтар аз $10 хоҳад буд. "Спутник V" ваксинаи дувоягист. Нархи ваксинаи ширкати амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech $25-37 барои як воя муқаррар шудааст.
Барои хариди беш аз 1,2 миллиард воя ваксинаи "Спутник V" беш аз 50 кишвар дархост додааст.
ҚАЗОҚИСТОН ДАР КОРХОНАИ ХУД ВАКСИНА МЕБАРОРАД
Informburo.ru. Муовини Сарвазири мамлакат Ералӣ Тугҷонов бо ҷараёни сохтмони дорувории масунии ватании назди Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии мушкилоти амнияти биологӣ дар ноҳияи Кордай шинос шуд.
Корҳои сохтмону насб то охири сол анҷом ёфта, корхона дар семоҳаи якуми соли оянда ба фаъолият шурӯъ мекунад. Маҳсулоти корхона, аз ҷумла ваксинаи коронавирус, зуком, сил, брутселлёз ва дигар бемориҳои сироятӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ хоҳанд шуд.
Тибқи нақша соле 30 - 60 миллион воя ваксинаҳои гуногун истеҳсол мегардад.
ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ МУТАХАССИСОНИ ИТАЛИЯВИРО БА ЁРӢ ХОНД
Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯрои миллии зиддикоррупсионии Ӯзбекистон пешниҳод шуд, ки ба Кодекси ҷиноятӣ бояд модда дар бораи дорошавии ғайриқонунии шахси мансабдор илова гардад.
Зимни баррасии он таъкид рафт, ки дар соҳаи хариди давлатӣ фасод дар сатҳи баланд мондааст ва барои коҳиши он заминаи пайдоишаш бартараф карда шавад.
Кормандони Агентӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ва Палатаи ҳисоб дар вилояти Қашқадарё як қатор камбудиро ошкор сохтанд. Аз ҷумла, гузарондани музоядаҳо бо нархи пасти ибтидоӣ, зимни ин хариди мол бо нархи аз ҳад баланд сурат мегирифт.
Барои ҳалли масъала мутахассисон аз ширкати байналмилалии аудиторӣ - машваратии KRMG (Италия) даъват шуданд. Онҳо низоми комплаенс - назоратро оид ба муқовимат ба коррупсия роҳандозӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 309