Хабарҳо
НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ба ғамхории хос фаро гирифтани кӯдакону наврасони аз падару модар маҳрум, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз интернати давлатии наздимактабии Кангурти ноҳияи Темурмалик дидан карданд.
Чуноне аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба “Ҷумҳурият” хабар доданд, дар ин парваришгоҳ 121 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст. 12 омӯзгор, 12 мураббия ва 31 корманди техникӣ ба таълими шогирдон машғул мебошанд.
Тарбиятгирандагон бо либосҳои гарми зимистона таъминанд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ аз раванди сохтмони бинои дуқабатаи ошхона ва толори маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, варзишгоҳ ва толори варзиш дидан намуд.
Иншооти мазкур бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст. Айни замон ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Иншоот дар арафаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҳамчунин, дар мактаб - интернати кӯдакони ятиму бепарастори Танобчӣ ба номи Шукур Раҳмонови ноҳияи Темурмалик низ ба 105 нафар кӯдак туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим шуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ёрдамчии Президенти мамлакат Абдуҷаббор Раҳмонзода бо тарбиятгирандагони мактаб - интернат суҳбати хотирмоне анҷом дода, онҳоро ба илмомӯзӣ ҳидоят карданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 315