Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
«Интерфакс». Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷозеф Байден ба муносибати пирӯзияш дар интихоботи президенти ИМА табрикнома ирсол намуд.
«Интерфакс». Дар ҷаҳон аз оғози пандемияи коронавирус беш аз 60 миллион нафар гирифтори коронавирус шуд, аз ин шумор 41 миллион шифо ёфту зиёда аз 1,4 миллион фавтид.
«Интерфакс». «Баъд аз қатъи ҷанг, ба Қариябоғ аз Арманистон қариб 15 ҳазор сокин баргашт», - иттилоъ дод намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Россия Игор Конашенков.
Straits Times. Дар Сингапур 15 рӯз боз ягон ҳодисаи нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, теъдоди сироятёфтаҳо беш аз 58 ҳазор нафар мебошад.
АИР «Новости». Бо тасмими ҳукуматдорони Тунис ҳамаи сайёҳоне, ки ба кишвар бо ҳавопаймо меоянд, аз карантини ҳатмии 14-рӯза озод мешаванд, - хабар дод ширкати фароғатии Carthage Group.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 293