Хабарҳо
БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД
zakon.kz. Дар пойтахти мамлакат баландтарин манораи маҷмааи бунёдшавандаи "Абу-Даби Плаза" ба ифтихори Қазоқистон номгузорӣ мешавад.
Аз ин хусус нахустпрезиденти кишвар Нурсултон Назарбоев иттилоъ дод. Ӯ изҳори умед намуд, ки маҷмаа маркази нави ҷалби сайёҳон ва намои пойтахт мегардад.
«Дар дашти паҳновари мо аз ин бинои баландтаре нест, ки аз хеле дурӣ намоён шавад», - гуфт Назарбоев. Сохтмони маҷмааи нав соли 2021 анҷом меёбад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 786