Хабарҳо
ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД
«Аргументы и Факты». «Дар давраи хуруҷи коронавирус ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чину Россия пойдории қавӣ зоҳир кард», - изҳор дошт сафири ҶМЧ дар ФР Чжан Ханхуэй.
Тибқи маълумоти нуҳмоҳа, ҳаҷми савдои дуҷониба ба 78,8 миллиард доллар расид. Дар давоми панҷсолаи 14-ум, ки соли оянда оғоз меёбад, ин рақам 200 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. "Мо комилан мутмаинем, ки таҳкими пайвастаи ҳамкориҳои Пекин ва Москва ба рушди минбаъдаи кишварҳоямон ва хайрияти мардумонамон мусоидат мекунад", - баён дошт сафири чинӣ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 837