Хабарҳо
ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД
RT. «Ҳаҷми истеҳсоли ваксинаи русии «Спутник V» алайҳи вируси нав аз моҳи марти соли оянда ба 30 миллион воя расонда мешавад», - гуфт сарвари Фонди русии сармоягузории мустақим Кирилл Дмитриев ҳангоми муаррифии дору дар СММ.
«Мо дилпурем, ки ҳаҷми истеҳсоли ваксинаро то моҳи март хеле афзун карда метавонем ва баъдан бо назардошти иқтидорҳои истеҳсолӣ дар кишварҳои хориҷӣ ҳар моҳ камаш ба 30 миллион воя мерасонем», – зикр кард Дмитриев. Россия дар ҷаҳон нахустин давлатест, ки ваксинаи «Спутник V» - ро бар зидди COVID-19 ба қайд гирифт.
Тибқи маълумоти охирин, то имрӯз дар сайёра аз оғози пандемия 65 285 749 нафар аз SARS-CoV-2 сироят шуда, 45 126 649 нафар шифо ёфт, теъдоди фавтидаҳо ба 1 507 810 нафар расид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 283