logo

фарҳанг

 «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ҲАМОИШЕ, КИ МИЛЛАТРО ФАРО ГИРИФТ


Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи гузарондани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» 9 феврали соли 2019 ба имзо расид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ, ҳамчунин, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таҳкими худогоҳию худшиносӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа тарҳрезӣ шудааст.
Даври ҷамъбастии озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати кишвар ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон иштирокдорони озмунро аз ноҳияҳои дурдаст бо ҷойи хоб, хӯроки гарм ва нақлиёти хизматрасон таъмин намуданд. Дар рафти озмун ба ҳайати доварон ва ширкатдорони озмун обҳои ташнагишикан, чой, қаҳва ва шириниҳо пешниҳод низ мегардид. Меҳмонон аз Китобхона ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон, боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт дидан намуданд.
 Бояд ёдовар шуд, ки дар он 267 довталаб аз рӯи 5 номинатсияи озмун иштирок варзиданд, ки аз ин шумора аз ВМКБ 9, вилояти Суғд 59, вилояти Хатлон 79, ноҳияҳои тобеи марказ 62 ва аз шаҳри Душанбе 58 нафарро ташкил дод.  Аз рӯи мушоҳидаву баҳои ҳакамон довталабон ба озмун хуб тайёрӣ дидаанд. Ин аз рафти суханронии онҳо маълум мегардид.
Озмун нисбат ба сабқати гузашта фарқи куллӣ дошт. Хароҷоти марбут ба ташкил ва баргузории даври ҷамъбастии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имсол 1646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ин маблағ 310 000 сомониро ташкил медод.  Дар озмуни соли гузашта 4 номинатсия буд, аммо имсол як номинатсияи дигар бо номи «Шоирӣ» зам гардид. Ҳамчунин, номгӯи ҳар номинатсия вобаста ба синну соли иштирокчиён ҷудо шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ аксарияти ширкаткунандагонро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳо ташкил медиҳанд. Чунин ҷараён гирифтани озмун моро муваззаф месозад, ки барои расидан ба ҳадафу моҳияти ин иқдомот роҳу усулҳои навро ҷустуҷӯ намуда, боз ҳам шавқу завқи намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеаро ба китобу китобхонӣ  бештар ҷалб созем. 
Сайдакбар АБДУАЗИЗ,
сармутахассиси шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва
китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2020    №: 239    Мутолиа карданд: 163
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед