logo

фарҳанг

 «ҶУМҲУРИЯТ»-РО БЕШ АЗ ПЕШ ДӮСТ ДОШТАМ


«Ҷумҳурият» - рӯзномаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар, ки ҳанӯз аз моҳи марти соли 1925 бо номҳои гуногуни мувофиқ ба шароити давру сиёсати замон нашр мешавад, дар баробари амалисозии рисолати бузургаш мавқеъву ҳадафи худро сол ба сол устувортар месозад. Ин аст, ки имрӯз ба яке аз рӯзномаҳои серхонандатарини кишвар табдил ёфта, баҳри ҳифзи манфиати ҷомеа ва пуштибонӣ аз сиёсати адолатпарваронаи Сарвари давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Беҳуда намегӯянд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» таърихи зиндаи халқи тоҷик аст.
Махсусан, саҳифаи “Шоми шанбе”- и он бо рубрикаҳои “Интеллект +”, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дигар матолиби ҷолибу мароқангезаш мақбули дили мост.
Камина, ки якчанд кроссворду филворд тартиб дода, ба унвонии рӯзнома барои рубрикаи “Интеллект +” ирсол намудам, ҳеҷ бовар надоштам, ки маводи фиристодаам чоп мешаваду дар ҷамъбасти он ғолиб ҳам дониста мешавам. Аммо, хушбахтона, панҷтои он чоп шуду маро масъули рубрика ба редаксия  даъват намуд.  Дар дафтари кории ӯ ба ғайр аз ман се нафар ғолиби дигар, ки аз гӯшаву канори гуногуни ҷумҳурӣ даъват шуда буданд, мукофотҳои худро гирифта, ҳамроҳи масъули бахш расми хотиравӣ мегирифтанд. Ба ман ҳам  мукофотпулӣ насиб гашт.
Бояд зикр намуд, ки солҳои охир иқдомҳои наҷиби пешгирифтаи рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки хонандагони сершуморашро бениҳоят хурсанд ва аҳли эҷоду мардуми кишварро ба худ наздику қарин гардондааст, ин ба гузарондани як қатор озмунҳои муфид, аз қабили  «Беҳтарин шеъри бачагона», «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» ва ғайра мебошад.  Дар ин озмунҳо аҳли эҷоди кишвар ва ҳаводорони фарҳанги пурғановати миллат маҳорати худро санҷида, ҳамзамон, бо якдигар аз наздик ошно мегарданд. Баргузории ҷамъбасти озмунҳо дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳуриамон иқдоми наҷибест, ки ғолибони озмунҳо бо гӯшаҳои зебои диёри нозанинамон аз наздик ошно гашта, як ҷаҳон таассуроти нек мебардоранд.
Худи ман, ки барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» дар соли гузашта будам, то ба ҳол он таассуротеро, ки аз сафар ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ бардоштаам, фаромӯш накардаам ва чун лаҳзаҳои беҳтарини ҳаётам дар қалбам боқӣ хоҳанд монд.
Ҳамин тавр, баъди бо чашми худ дидани фаъолияти шаффофу беғаразона ва таҳриру таҳлили воқеъбинонаи аҳли эҷоди нашрияи “Ҷумҳурият” меҳру муҳаббати ман ба ин рӯзномаи пурмасъулият, равшангари таъриху тамаддун, қависозандаи эътиқоди миллию фарҳангӣ, гиромидори рисолати аҷдодӣ, ғанигардонандаи адабиёти кӯдакону наврасон, такомулдиҳандаи донишу малакаи сиёсию афзунгари ғизои маънавӣ зиёдатар гардид ва умед дорам, ки дар оянда низ ҳамкориамро идома хоҳам дод.
Дар охир ба аҳли эҷоди рӯзномаи дӯстдоштаам “Ҷумҳурият” сарбаландию хонаободӣ ва дар пешбурди рисолати базиммадоштаашон комёбиҳо таманно дорам.
Ҷумъагул НАЗАРОВА, шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2020    №: 239    Мутолиа карданд: 140
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед