logo

фарҳанг

 ХАТОҲОРО ХУРД НАГИРЕМ


Воқеан, ҳастии ҳар қавму миллат ба ҳастии забони ӯ вобастагӣ дорад. Зеро ки тамоми миллати дунё худро тавассути забонаш ба оламиён муаррифӣ менамояд. Бетафовутӣ, беаҳамиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбати забони модарӣ ин теша задан ба решаи миллат маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон, махсусан дар Рӯзи забони давлатӣ, нисбати эҳтиром ба забони модарӣ, арҷ гузоштан ба яке аз забонҳои қадимтарин ва дорои таърих будани он таъкид менамоянд, ки ин беҳуда нест. Аз ҷумла:
«Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаёт бахшидааст».
Яке аз хусусиятҳои хоси тамоми забонҳои дунё, аз ҷумла забони тоҷикӣ низ, аз он иборат аст, ки калимаҳои иқтибосие, ки ворид мегарданд, дар чаҳорчӯбаи грамматикии худ мувофиқ мекунад ва соҳибзабонҳо онро дар шакли таҳриршуда истеъмол менамоянд. Барои мисол калимаи муаллимро, ки аз арабӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос шудааст ва бо ҳарфи ъ (ع) навишта мешавад, метавон овард. Забони тоҷикӣ онро ба хусусиятҳои грамматикии худ мувофиқ намуда, соҳибзабонҳо дар шакли муаллим  истифода менамоянд.
Имрӯз овезаҳо ва навиштаҳое ба назар мерасанд, ки ба чашми ҳар соҳибзабон чун хор мехаланд.  Масалан: Мо кушода шудем, мағозаи Суман атриёт, маркази Табассум савдо, чойхона садда тарабхона, мағозаи Баҳодур хӯрокворӣ. Инҳо аз забони русӣ ба забони мо гузаштаанд. Ҷумлаҳои нопурра ва ё ибораҳои мураккабе ҳастанд, ки дар шакли калкаҳо, яъне айнан тарҷума шудаанд, ки бисёр ғалат ва дағал намоён мебошанд. Мутаассифона, ин беаҳамиятие, ки аз ҷониби баъзе аз ашхоси ҷомеа, бахусус тоҷирон, ба чашм мерасад, боиси костагӣ ва камбағал нишон додани забони тоҷикӣ ба мардуми олам мегардад. Дар ҳоле ки забони тоҷикӣ таърихи дуру дарозеро тай, монеаҳои зиёдеро паси сар карда, то замони мо омадааст. Бо беаҳамиятӣ ё шояд бесаводии худ ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки забонро дар назари дигарон кӯчак ҷилва диҳад. Барои тақвияти суханҳои худ бо чанде аз ашхоси касбу кори гуногун вобаста ба ҳамин масъала сари роҳ, назди ҳамин гуна шиору овезаҳо, ҳамсуҳбат шудам.
Хуршед Валиев, яке аз роҳгузарон, ки худро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муаррифӣ намуд, андешаи худро чунин иброз дошт: «Дар чунин шакл навиштани ҷумлаҳо ва ибораҳои мураккаб, дар ҳақиқат, барои мо - соҳибзабонон шармовар аст. Чаро мо ҳамин гуна ибораву ҷумлаҳои содаро ба сохтори грамматикии забони худ мувофиқ нанамоем?».
Суман Алиева, яке аз роҳгузарон, чунин изҳори андеша намуд: «Хатоҳое, ки дар роҳравҳо ва ё худ рекламаи мағозаву тарабхонаҳо бо чунин шакл ба назар мерасанд, ба андешаи ман, аз бесаводии соҳибони ҳамон мағозаву тарабхона ва ё дигар ташкилоту идораҳо гувоҳӣ медиҳанд. Чаро дар ҳоле, ки онҳо худ саводи кофӣ надоранд, барои навиштани як ҷумлаи сода ва ё калимаву ибораҳо аз ягон нафари забондон маслиҳат намепурсанд? Афсӯс, имрӯз қишре аз ҷомеаи мо пурсиданро ба худ айб медонанд ва бадбахтона, чунин бесаводона рекламаҳои худро дар ҳар сари қадам ба намоиш мегузоранд».
Саидумар Аброров, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва таъмини иттилооти идораи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, андешааро чунин иброз дошт: «Калкаҳое, ки дар овезаву рекламаҳои тарабхонаву ошхона ва ғайра гузошта мешаванд, то ба фаҳш ҳам оварда мерасонанд. Ифодаи кушода шудан, ба чанд маънӣ истифода мешавад, чунки феълҳои тоҷикӣ ҳамаашон дорои се - чор маъноӣ ҳастанд. Аз ин рӯ, мо бояд аз тарҷумаи таҳтуллафзӣ даст кашему аз калимаҳои тоҷикии худ, ки ҳазорсолаҳо арзи ҳастӣ доранд, истифода намоем. Забони адабӣ бо забони гуфтугӯӣ бояд алоқаи зич дошта бошад. Ба ҷои «мо кушода шудем», хуб мешавад, ки нависанд: «мо ба кор сар кардем», «ба наздикӣ мо ба кор сар мекунем ё ба фаъолият шурӯъ мекунем».  Масъулон муваззафанд, ки чунин рекламасозиҳоро ба низом дароранд. Дар баъзе ҷойҳо овезаҳои «открыта, open» навиштаанд. 
Таассуфовар аст, ки мо - соҳибзабонон дар Ватани худ тарзи навиштани як ибора ва ё як ҷумларо ба як ҳамватане намеомӯзем. Мо - соҳибони забон, бояд ҳар калимаву иборае, ки ба забонамон ворид мегардад, ба дурустӣ таҳқиқ намуда, ба сохти грамматикии забонамон мувофиқ намоем».
Бояд тазаккур дод, ки ҳолати ташвишовари дигаре, ки ба забони ноби тоҷикӣ метавонад як зарбаи бузургеро ворид созад, ин номгузориҳои англисӣ ва русии ҳамон тарабхонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, интернет-кафеҳо ва ғайраҳо мебошанд. Онҳо ба ҳарфҳои андозаи калони чашмрас дарҷ гардидаанд. Навишти тоҷикияшон дар як гӯшаи овеза ва ё дар зери он бо ҳарфҳои хурде сабт шудаанд, ки қариб намоён нест. Пас, саволе ба миён меояд, ки чаро чунин рекламаҳову овезаҳо дар чунин шакл насб шудаанд. Ё забони тоҷикии худро дӯст намедоранд? Ба ин монанд саволҳо касро ба фикр водор месозад. Бояд бигӯям, ки чунин муносибати хунукназарона ба забон сабаби аз байн рафтани он мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар вақт забон аз байн равад, миллат нобуд мегардад. Воқеан, хатоҳое, ки дар чашми мо хурдакак менамоянд, сабаби зарари зиёд расидан ба забон ва миллат мегарданд.
 Саидумар Аброров вобаста ба ин масъала афзуд: «Мутаассифона, имрӯзҳо маслиҳат пурсидан аз дӯстонро баъзеҳо ба худ ор медонанд. Мо як анъанаи хуби тоҷиконаи худро дар масъалаи номгузорӣ гум кардаем. Замоне ҳангоми номгузории фарзандонамон аз дӯстон маслиҳат мепурсидем. Ҳоло чӣ? Посух мусбат нест.
Пешниҳод менамоям, ки барои ёфтан ва тартиб додани муодили калимаҳои соҳаи техникаву технологияи навин ва дигар соҳаҳо мувофиқ ба хусусиятҳои забони тоҷикӣ луғат ё худ қомусе тартиб дода шавад. Ин омил боиси ҳам бой гардидани фонди луғавии забони тоҷикӣ мегардад ва  ҳам коре мешавад мондагор барои наслҳои оянда.
Меҳроҷиддин ҚАҲҲОРЗОДА,
муовини декани факултети филологияи тоҷики ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2020    №: 240    Мутолиа карданд: 143
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед